Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » “Ласточка” – ғолиби мусобиқа бахшида ба Рӯзи модарон

“Ласточка” – ғолиби мусобиқа бахшида ба Рӯзи модарон

7-03-2016, 14:10
Хабарро хонданд: 358 нафар
Назарҳо: 0
“Ласточка” – ғолиби мусобиқа бахшида ба Рӯзи модарон
Дастаи "Ласточка”-и Душанбе дар мусобиқаи ҷумҳуриявии футболи занона бахшида ба Рӯзи модарон, ки дар шаҳри Душанбе 6 март ба поён расид, ғолиб шуд. "Ласточка” дар бозии ниҳоӣ бар дастаи "Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби бузурги 5:1 ғалаба кард.

Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) барои ҷойи севум тими "Барқ”-и Норакро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.

Дар мусобиқаи ҷумҳуриявии футболи занона бахшида ба Рӯзи модарон, ки ҳамасола 8 март таҷлил мешавад, ҳашт даста ширкат дошт. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуда буданд. Ба гурӯҳи "А” дастаҳои «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) ва «Барқ» (Норак) ва ба гурӯҳи «Б» тимҳои «Ласточка» (Душанбе), «Зебо» (Ҷиликӯл), «Ситора» (Фархор) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) дохил буданд.

Тибқи низомномаи мусобиқа ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои дувумро гирифтанд, барои ҷойи севум талош карданд.

Дар маросими пӯшидашавии мусобиқа дастаи ғолиб ва тимҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро ишғол карданд, инчунин бозигарони беҳтарин бо ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон сарфароз шуданд.Адолат Комилова («Вахш») беҳтарин дарвозабон, Нилуфар Абдулҳаева (мунтахаби наврасони Тоҷикистон) беҳтарин ҳимоятгар,Шаҳноза Бобоева («Зебо») беҳтарин нимҳимоятгар, Меҳрангез Шарифова («Вахш») беҳтарин ҳамлагар, Мадина Фозилова(«Ласточка») беҳтарин нишонзан эътироф гаштанд. Наталя Сотникова, капитани «Ласточка», бо ҷоизаи беҳтарин бозигари мусобиқа мукофотонида шуд.

Ба иттилои Дилором Нусратуллоева, мудири шӯъбаи футболи занонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин мусобиқа барои дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14), ки охири моҳи апрел дар мусобиқоти минтақавии қаҳрамонии Осиё дар Душанбе ширкат меварзад, як марҳилаи омодагӣ маҳсуб мешуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: