Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » “Гир мефурӯшем!”

“Гир мефурӯшем!”

8-02-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 715 нафар
Назарҳо: 1
“Гир мефурӯшем!”Чаро санги варзишие, ки дар замони худ 4 -5 сӯми шӯравӣ арзиш дошт, якбора ба даҳҳо ҳазор доллар қиммат пайдо кард?

Овозаи харидуфурӯши “гир” - як навъ санги варзишӣ бо нархи аз 50 ҳазор сомонӣ то чандин ҳазор доллар, он қадар мардуми Тоҷикистонро бехуд кард, ки як гурӯҳи мардум аҳолӣ ҳама корҳояшонро як тараф гузошта, ба ҷӯстуҷӯи он пардохтанд. Ин сарусадо дар муддати кӯтоҳ шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои паҳнкунандаи эълонро аз аксу ҷумлаҳои “гир мехарем” ё “ гир мефурӯшем” моломол кард. Бархеҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ қаноат накарда, ба деҳот низ сар заданд ва аз мардум ин намуди сангро суроғ мекарданд.

Чаро мардум якборагӣ ба ин санги варзишӣ “ошиқ шуданд”?
“Нигоҳ” кӯшиш мекунад ба ин ва суолҳои дигар равшанӣ андозад...
6,5 гр платина?

Ҷустуҷӯйкунандагони ин намуд гирҳо бовар доранд, ки дар таркиби он як намуд метали қимматбаҳо мавҷуд аст. Мегӯянд дар дохилаш тило ва ҳатто метали нодири платина дорад. Агар, фаразан ба гуфтаи харидорон бовар кунем, бояд ин гир дар таркиби худ чӣ қадар метали нодири платина дошта бошад, ки нархаш то 50 ҳазор сомонӣ (6 ҳазору 25 доллар) ё ҳатто то 10 ҳазор доллар боло равад? Ҳоло як унсия платина (баробар ба 27 грам) дар бозори ҷаҳонӣ 950 доллари ИМА (7600 сомонӣ) нарх дорад. Аз рӯи ин ҳисоб, бояд як гир дар таркиби худ 6,5 грам платини дошта бошад, то арзишаш 50 ҳазор сомонӣ шавад. Яъне истеҳсолкунандаи ин намуди гирҳо гӯё дар дохили он 6,5 грам метали нодири платинаро “фаромӯш” карда, онро бо нархи 4-5 сӯми замони шӯравӣ ба савдо гузоштаанд?

Моли “қимат”, вале ноёб

Бобохон Сангов, дабири кулли Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо мо гуфт, ин намуди гир солҳои 70 - уми асри гузашта аз ҷониби корхонаи шаҳри Тулаи Русия истеҳсол шудааст ва нархи фурӯши он ҳамагӣ 4 – 5 сӯм буд (ба қурби онвақтаи доллар чизе зиёдтар аз 3 доллар). Масъулини Федертсияи вазнабардории Тоҷикистон барои исботи гуфтаҳои худ дар ҳузури рӯзноманигорон як гири худро майда карданд ва тавре мо мушоҳида кардем, дохили он чизе надошт.

Мутахассисон мегӯянд, таркиби ин намуд сангҳои варзишӣ асосан аз метали чуян таркиб ёфта, онро дар вазнҳои 7, 16 ва 24 ва 32 кило тавлид шудааст. Ҳоло арзиши як гири муқаррарӣ дар мағозаҳои шаҳри Душанбе аз 100 то 250 сомониро ташкил медиҳад.

Мутахассисон дар посух ба суоли мо гуфтанд, агар ин навъи гир то ин ҳад серхаридор бошад, чаро заводи истеҳсолкунандаи он, истеҳсолашро эҳё ва аз нав онро ба фурӯш намебароранд?

Саволе, ки ҷои фикр дорад...

Аммо харидорони ин навъи маҳсулот намуди гирҳоеро талаб доранд, ки ҳатто мутахассисони соҳаи вазнбардорӣ онро боре надидаанд. Дар ҳамин ҳол, нафароне, ки чунин гирҳоро ҷустуҷӯ мекунанд, мегӯянд, он тухмшакл буда, ҳангоми ба замин хобондан дубора бояд рост шавад. Мисли матрёшкаҳои русӣ ё мирзодиккаки тоҷикӣ. Бобохон Сангов, дабири кулли Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон дар сӯҳбат ба “Нигоҳ” гуфт, зиёда аз 50 сол аст, ки дар соҳаи вазнбардорӣ кор мекунад, вале ин намуд гирро умуман надидааст.

Гирро ёфтем, харидор ку?

Дар ҷараёни баррасии ин мавзӯъ тӯли қариб як ҳафта, мо кӯшиш кардем бо нафароне сӯҳбат кунем, ки чунин намуд гирро харидаанд ва ё харидуфурӯши онро шоҳид будаанд. Аммо чунин нафарон пайдо нашуданд. Ҳатто баъзе аз савдогарони бозори “Султони Кабир” мегӯянд, онҳо ин намуди гирро бо азобе пайдо карданд, аммо харидоре пайдо нашуд. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ низ эълони фурӯши ин намуди гирро бо аксҳояш метавон дарёфт. Танҳо харидор нест...

Пас саволе пайдо мешавад, ки овозаи мазкур ба кӣ даркор?

Кӣ манфиат мебинад?

Чун овоза пайдо шуд, маълум аст, ки манфиатдоре ҳам дорад. Масалан, овозаи заминларзаи гӯшношуниди моҳи январи соли 2009-ро аксарият кори дасти пайравони ҷараёни мамнуъи “Салафия” донистанд, чун пас аз қатъи фаъолияташон аз ҷониби Суди олии Тоҷикистон пеш омад. Аммо овозаи “тиҷорати гир” кори дасти кист ва чӣ манфиате мебинад?

Аз сабаби он ки мақомоти расмии Тоҷикистон ин мавӯъро шарҳ надодаанд, чанд фарзияеро пешорӯи хонанда мегзорем:

1.Ширкатҳои мобилӣ

Маълум аст, ки ин овозаҳо ба воситаи телефони мобилӣ ва ё интернет паҳн мешаванд ва мардум барои пайдо кардани гир ва гирифтани даромади зиёд ба телефонашон маблағи зиёд гузаронда, онро ба ҷустуҷӯи гир сарф мекунанд. Дар натиҷа ширкатҳои мобилӣ аз истифодаи бештари зангу интернет манфиати бештаре мебинанд.

2. Гурӯҳ ва ашхоси алоҳида

Таҷрибаи бо ин тарз паҳн кардани овоза ва ба даст даровардани фоида дар дунё аввалин бор нест. Ҳикояи “Маймун ва тоҷир” беҳтарин намунаи ин намуди “тиҷорат” аст. Барои пурратар фаҳмидани асли масъала лозим медонем ин ҳикояро пешкаш намоем:

“Тоҷире бо шогирдаш ба деҳае мераванд. Эълон мекунанд, ки ба қимати 10 доллар маймун мехарам. Дар деҳа маймун зиёд будааст. Мардум ҳама ба ҷангал даромаду маймунҳоро ҷамъоварӣ карданду ба қимати 10 доллар фурӯхтанд. Маймун кам шуд. Доштани (қапидани) маймун душвор гашт. Мардум хаста шуда, оҳиста- оҳиста аз ин кор даст кашиданд. Ин маротиб тоҷир қимати маймунро ба 20 доллар мебардорад. Мардум боз ба ҷустуҷӯи маймун камар бастанд. Маймунҳоро ҷамъ карданду ба тоҷир фурӯхтанд. Дигар маймун ҳам ба чашм намерасид. Тоҷир мегӯяд, ки қимати маймунро ба 50 доллар баровардам. Шумо ҷамъ кардан гиред, ман ба шаҳр меравам ва ҳамин ки баргаштам, ҳатман маймунҳои ҷамъкардаатонро мехарам. Мардум ба ҷустуҷӯ баромаданд, аммо дигар маймун ҳам намонда буд. Дар набудани тоҷир, шогирдаш ба мардум мегӯяд, ки ман маймунҳоро ба шумо ба қимати 35 доллар мефурӯшам ва тоҷир, ки аз шаҳр омад, маймунҳоро ба ӯ ба қимати 50 долларӣ мефурӯшед. Мардум ҳама маймунҳоро мехаранд. Рӯз мешавад, аммо на аз тоҷир хабаре ҳаст ва на аз шогирдаш”.

3. “Отвлекаюший манёвр”

Андешае ҳам вуҷуд дорад, ки пайдоиши овоза танҳо як василаи машғул доштани мардум аст. Таваҷҷӯҳ кунед ба замони пайдоиши овоза: аввали сол (зимнан овозаи заминларза ҳам моҳи январ буд)! Аз моҳи декабр то феврал аксари муҳоҷирон дар ватан мебошанд, деҳқонон низ кор надоранд ва аксарияти мардон дар навоҳӣ бекоранд. Барои машғул доштани онҳо гурӯҳе ин идеяро фикр кардаанд, то барои мардум “шуғл”-е пайдо кунанд ва онҳо “андешаҳои нозарур” –ро аз сар дур созанд. Хоса дар замоне, ки мушкилоти иҷтимоии мардум зиёд шудааст, ба гуфтаи коршиносон пайдоиши ин гуна овозаҳо аз ҷониби хадамоти махсуси ҳукумат имконпазир аст. Ин гуна ҳолатҳо дар сиёсати ҷаҳонӣ вуҷуд доштанд, ки онҳоро “отвлекаюший манёвр” меноманд...
©Муллораҷаб ЮСУФӢ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Haley 2 октября 2024 00:31
Check out the essential distinctions to see why it's
the leading selection for organizations and individuals.


my blog post; SER verified list
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: