Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ишқ - ширинтарин ханда ва талхтарин гиря

Ишқ - ширинтарин ханда ва талхтарин гиря

24-05-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 345 нафар
Назарҳо: 0
Ишқ - ширинтарин ханда ва талхтарин гиря
Боре дӯст надоштаву ҳамеша «ошиқ» буд, ошиқи худаш.
***

Гуфтӣ: «Маҷбурам макун, ки дурӯғ бигӯям». Худовандо, инро касе мегӯяд, ки боре рост нагуфтааст!
***

Қалби умре аз ишқ ҳифз кардаву дар колбаде аз тарси фиреб хурдаи зиндониямро замоне сар додам, ки дигар харидоре надошт.
***

Чаро ин ҳарфи дар дили ман нафратзо, ин қадар дер садо дод?
***

Дили аз содиқтарин ошиқон ҳифз кардаамро ба фосиқтарин мунофиқ бохтаву ҳарду дунёи онро сӯхтам.
***

Моли ҳаром бақо надорад. Ишқи дурӯғин ҳам бебақову бебаракат аст.
***

Чӣ гуна ба ёдат набошам, ки пайки ишқат ба дунёи тори дилам рӯшаноиву сурур меорад?
***

Сад бор туро ба дил мекушаму сад бор худ мемирам, вале ишқи ту зиндатар мешаваду зиндатар.
Ҳ. Юсуфӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: