Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Аз ҳаёти одамони наҷиб

Аз ҳаёти одамони наҷиб

19-03-2016, 09:30
Хабарро хонданд: 475 нафар
Назарҳо: 0
Аз ҳаёти одамони наҷиб
«Ҷомеае, ки ба зан - модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар, ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».
Эмомалӣ Раҳмон


Қудрат ва бузургии модарро хирадмандони дунё ҳамеша васфу ситоиш кардаанд.

Дар мисоли як зан, як модари азизу дилбанд, як зани дардманд, ки зиёда аз 40 сол дар шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи марказии ноҳияи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аксари ин солҳо ба ҳайси мудири шуъбаи таваллудхона содиқона ифои вазифа намудааст, дунёи дили модарро бори дигар кашф хоҳем намуд. Ин зани солеҳа ва накӯкор, ин зани поксиришт ва равшанзамир, ин зани олиҳа ва оқила сокини ноҳияи Ҳамадонӣ Ҳанифа Неъматова мебошад, ки тӯли зиёда аз 40 сол дар ба дунё овардани ҳазорҳо тифлони солим ҳиссагузорӣ намудааст. Бошарафтарин вазифаро содиқона, модарона, инсондӯстона иҷро кардааст.

- Ҳисоби занҳои дар назди ман фарзанд таваллудкарда бешуморанд. Ҳангоми таваллуд модар маргро пеши рӯ меорад. Чун зани ҳомилае вориди таваллудхона мешуд, сад маротиба Худоро илтиҷо карда, аз донишу таҷриба, фармудаҳои табибони олам истифода мебурдам, то тифл солим ба дунё ояду ҳаёти модараш зери хатар набошад. - бо ифтихор ва садоқат ба касби пешакардааш арзи матлаб намуд Ҳанифа Неъматова.

Дар як ривояти мардуми ҳинд овардаанд:

«Атр аз гул, нӯш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, риққат аз абр, ҳарорат аз офтоб ва зиндагӣ аз замин бардоштаанд. Ин ҳамаро ба ҳам омехтаву зан офаридаанд, то ғамҳоро бизудоянд».

- Бузургтарин инсон дар олам зан аст. Зане, ки фарзанд ба дунё меорад. Дар баробари он ки зан ғамро аз дил мезудояд, фарзанди ба олами ҳастӣ овардаи ӯ ба хонадон шодию нишот меорад, файзу баракат мебахшад. «Пайи қадамаш нек бод», - дуо медиҳанд пирони рӯзгор.

Дар оилаи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Неъмат Олимов чашм ба олами ҳастӣ кушодааст Ҳанифа Неъматова. Падараш зиндаёд Неъмат Олимов 7 сол дар набардҳои сангину хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба муқобили душман сина сипар намуд. Бо сари баланд, ордену медалҳои ҷангӣ ба зодгоҳаш деҳаи Элони кӯҳсори Сари Хосор баргашт. Модараш Узбакбӣ Маҳсиддинова соҳибхоназан буд. Оилаи онҳо дар қатори дигар муҳоҷирони солҳои панҷоҳуми асри гузашта ба ноҳияи собиқ Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) кӯч баста, дар ободонию азхудкунии замини мавзеъ нақши арзанда гузошта, ин гӯшаи Ватанро сабзу хуррам ва ҳосилхез гардониданд. Дар оилаи онҳо 7 фарзанд ба дунё омад. Ду духтар: Ҳафизамоҳ (ёдаш ба хайр) ва Ҳанифамоҳ. Панҷ писар: Исматулло, Изатулло, Самиҷон, Сабурҷон ва Абдухолиқ, ки имрӯз ҳар кадоме дар вазифаҳои масъул содиқона ифои вазифа доранд.

Ҳанифа Неъматова аввал таҳсилро дар мактаби миёнаи рақами 6 - и деҳаи Дараи Калоти ҷамоати деҳоти «Қаҳрамон» - и ноҳияи Москва идома дода, баъди чанд соли таҳсил мактаби миёнаи рақами 53 - и шаҳри Душанберо бомуваффақият хатм намуд. Солҳои 1967 - 1974 донишҷӯи факултаи муолиҷавии Донишкадаи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буд. Аз меҳр ба Синои бузург номи яке аз фарзандонро Сино гузошт. Фарзандони дигари апаи Ҳанифа Нурулло, Фариз ва Азизахон бо падару модари худ ифтихор доранд, зеро ҳарду ҳам миёни мардуми диёр соҳибэҳтироманд. Аз соли 1974 то феврали соли 2011 дар шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ фидокорона заҳмат кашид. Аз ҳамин даргоҳи умеди ҳазорон волидон ба нафақа баромад. Ҳазорон тифл рӯи дастони ӯ ба дунё омаданд.

- Он солҳо мутахассисон намерасиданд. Ман ба ҷои 4 - 5 нафар аз субҳ то шом ва баъзан то нисфи шаб кор мекардам. Нури чашму саломатиамро ба хотири ояндаи тифлон аз даст додам. Имрӯз худ бистариам, аммо хушбахтам, ки умри азизамро сарфи хизмати мардум кардам.

Дар бораи хизматҳои шоистаи Ҳанифа Неъматова ҳамсари меҳрубонаш хатмкардаи факултаи физика - математикаи Донишгоҳи бо номи Семён Миронович Кирови шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Қувваталӣ Олимов бо меҳр сухан мегӯяд:

-Ин зан, дар ҳақиқат, ба халқ фидокорона хизмат кардааст. Ҳар шаби баъди аз кор баргаштани Ҳанифабону аз дари мо чандин маротиба садои «тақ - тақ» шунида мешуд. Ӯро мебурданд ниёзмандон. Бо эҳтиром ва сипосгузорона баъди 2 - 3 соат боз ба хона меоварданд. «Шукрона, тифл солим ба дунё омад. Саломатии модараш низ хуб аст», - сухан ба миён меовард Ҳанифабону ва боз субҳи барвақт ба кор мерафт, - аз лаҳзаҳои кору зиндагии ӯ ёдовар шуд, акаи Қувваталӣ. Ба хотири солим мондани дигарон саломатии худро андаке аз даст дод. Иншооллоҳ дуои неки модарон мустаҷоб мегардаду ӯ зудтар шифои комил меёбад.

Дар рӯзгори мо ангуштшуморанд ашхосе, ки ба монанди апаи Ҳанифа ин қадар ҷонфидоёна баҳри солимии тифлони нав ба дунё омада заҳмат кашида бошанд. Ин зан саропо меҳр аст, муҳаббат аст, оташ аст, ки ба қалбҳо нуру зиё мебахшад. Мо ифтихор мекунем, аз узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз Ҳанифа Неъматова барин занҳои содиқу бовафо, дорои дониш ва маърифати баланди инсонӣ, - бо садоқат ба як модари тоҷик андеша баён кард раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода. Лоиқи бузург барҳақ панд медиҳад:
Ман як нафас набошам, бе ёди зоти қудсам,
Аз сарсупурдагонам, ҷонам фидои модар.
Аз сарвату зи шӯҳрат гар бар фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.

- Дар ин хонадон ҳафт сол боз келинам. Апаи Ҳанифаро хушдоман не, модар гуфта ном мебарам, зеро муносибати ӯ ба мо келинҳо модарона мебошад, - бо эҳтиром ёдовар шуд Мунира.

Бо даҳҳо нафар сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамсуҳбат шудем. Ҳамагон бо як ҷаҳон эҳтирому самимият номи ӯро ба забон оварданд.

Аммо имрӯз, ки Ҳанифа Неъматова дардманд аст, ба кӯмаки ёру дӯстон, ҳамкорони собиқ, роҳбарияти ҷамоати шаҳраки «Москва» ва ноҳияи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ниёзи бештаре дорад. Ӯро табобати ҷиддӣ бояд, то ҷисману рӯҳан солим бошад. Охир, ӯ барои солимии кӯдакону модарони мо, занону хоҳарони мо зиёда аз 40 соли умри бобаракати худро сарф намудааст.
Шералӣ Саид
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: