Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Бонкҳои Русия дар Украина мехоҳанд тиҷораташонро бифурӯшанд

Бонкҳои Русия дар Украина мехоҳанд тиҷораташонро бифурӯшанд

23-05-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 246 нафар
Назарҳо: 0
Бонкҳои Русия дар Украина мехоҳанд тиҷораташонро бифурӯшанд
"Сбербанк", ВТБ ва "Внешэкономбанк"-и Русия ният доранд намояндагиҳояшонро дар Украина бифурӯшанд. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар медиҳад.

Андрей Костин, раиси бонки ВТБ-и Русия мегӯяд, хоҳиши бастани шуъбаи украинии бонк бо талафоти ҷиддие, ки бонк мебинад, рабт дорад. Аз ҷумла, бонк наметавонад қарзҳои додаашро баргардонад. Ба ҷуз ин, мавзуи ҳузури бонкҳои Русия дар Украина аз ҳад зиёд сиёсӣ шуда, чандин мавриди харобкорӣ мушоҳида гардидааст, мегӯяд хадамоти матбуотии бонки ВТБ.

Аммо Бонки миллии Украина хабар медиҳад, ки "Внешэкономбанк" ва ВТБ барои фурӯши намояндагиҳояшон баҳонаи воқеӣ надоранд, зеро онҳо зарарҳояшонро кам кардаанд. Дар ҳамин ҳол "Сбербанк" аз марҳилаи зарар гузашта, фоида ба даст меорад.

Ин бори аввал аст бонкҳои Русия, ки дар Украина тиҷорати калон доранд, мехоҳанд онро фурӯшанд. Коршиносон инро ба омилҳои сиёсӣ рабт медиҳанд, зеро "тиҷорат бо сармояи Русия ва он ҳам дар Украина ҳоло хеле нороҳаткунанда аст".
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: