Роҳпаймоии ҷавонон20-05-2016, 17:30
Хабарро хонданд: 317 нафар
Назарҳо: 0
![]() Дар раҳпаймоӣ беш аз 2 ҳазор нафар ҷавонон, сокинон, собиқадорону фаъолон аз тамоми ташкилоту муассисаҳо низ бо мақсади тарафдор будан ба раъйпурсии умумихалқии Чумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд. Раиси ноҳия, узви КИ ҲХДТ дар н.Деваштич Рустам Ҷӯразода, собиқадори ҷангу меҳнат Даврон Эргашев ва намояндаи ҷавонон Вафоҷон Қӯлдошов баромад карда, оиди баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия(Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи баргузории он санаи 22 май муайян гардидааст, суханронӣ намуданд. Дар баромадҳо қайд гардид, ки тағйиру иловаҳои ба Конститутсия пешбинигардида тавсияву тақвияти равандҳои демократикунонӣ дар мамлакат, рушди ҷомеаи Тоҷикистон ва боло рафтани авзои иқтисодию иҷтимоии онро инъикос карда, мақсади ниҳоии он фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона ба ҳар як инсон арзёбӣ мегардад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.