Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Вохӯрии гуруҳҳои таблиғотӣ

Вохӯрии гуруҳҳои таблиғотӣ

21-05-2016, 14:50
Хабарро хонданд: 173 нафар
Назарҳо: 0
Вохӯрии гуруҳҳои таблиғотӣ
Дар назди бинои муассисаи таълимии №21-и деҳаи Хоҷаабдолон, аз тарафи аъзоёни гуруҳи таблиғотии доимоамалкунандаи назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо иштироки котиби Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ Узоқов Раҷаб, Раиси Кумитаи маҳаллаи Хоҷаабдолон Мусофиров Алӣ, Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 Табаров Маҳмадалӣ, Вакили мардумӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак Набиев Суҳроб бо аҳолии маҳаллаҳои Хоҷаабдолон, Маҳрозӣ ҷиҳати расонидани зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид.

Сараввал Набиев С., ҳамагонро барои иштироки фаъолонаашон дар маҷлис минатдорӣ намуда, зимни баромад қайд кард, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ, ки тибқи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъини райъпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 22 майи соли 2016 таъйин карда шудааст, ба 40 моддаи Конститутсия тағйиротҳо ворид карда мешавад.

Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рушди устувори босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия (Сарқонун) пайваста такмил дода шаванд. Такмили меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад. Ин тағйиротҳои воридшаванда барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад.

Дар охир фикру мулоҳизаҳо ҷамъбаст гардида, аъзоёни гуруҳи ситоди таблиғотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар назди Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, ҷонибдории худро нисбат ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда, лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, барои амалигардонии ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор бошем.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: