Такмили меъёрҳои қонунгузорӣ омили муҳим ва тақозои давр аст10-05-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 245 нафар
Назарҳо: 0
Такмили меъёрҳои қонунгузорӣ ва Конститутсия дар ҷараёни ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ омили муҳим ва тақозои давр аст. Бидуни такмилсозии меъёрҳои қонунгузорӣ дар шароити феълӣ наметавон рушду инкишофи соҳаҳои мухталифи ҷомеаро таъмин сохт. Ин нукта зимни вохӯрии кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР ва Сафорати ҶТ дар ФР бо муҳоҷирони тоҷик ироа гардид. Мақсад аз вохӯрӣ таблиғ ва даъвати ҳамватанон ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ буд. Инчунин чунин вохӯрӣ дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Маскав баргузор гардид.
Муҳоҷирони тоҷик аз ин вохӯрии муҳим истиқбол карда, изҳор доштанд, ки рӯзи раъйпурсӣ дастаҷамъона ба бинои Сафорати Тоҷикистон омада, мавқеи худро муайян месозанд. Дар интиҳои суҳбат кормандони Намояндагӣ доир ба дигаргуниҳои қонунгузории кишвари иқомат низ маълумот доданд. Таъкид шуд, ки дар мавриди зарурӣ муҳоҷирон метавонанд бо масъалаҳои гуногун ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд. Вохӯриҳои кормандони Намояндагӣ вобаста ба иштироки фаъоли муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар раъйпурӣ дар манотиқи дигари Русия идома доранд. ©khovar.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.