9 май – иди Ғалаба12-05-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 633 нафар
Назарҳо: 0
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷамъомади тантанавӣ бо иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Соболев Олег Дмитриевич баргузор гардид.
Дар он Саидова Майдагул-мудири шуъбаи кор бо занон ва Сироҷова Садафмо-мутахассиси шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ иштирок доштанд. Ҷамъомадро директори муассиса муҳтарам Қурбонов С. ҳусни оғоз Роҳбари муассиса қайд намуд, ки маҳз ватандӯстӣ, қаҳрамонию диловарӣ, шуҷоату матонати мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки ғалаба насиби мо гашт. Соболев Олег Дмитриевич дар суханронии худ оиди хотироти ҷангиаш лаҳзаҳои мудҳиши ҷанги хонумонсӯзро ба ёд оварда, аз корнамоию ҷонфидоии ҷанговарон ёдрас шуд. «Ман ихтиёран ба ҳимояи Ватан рафтам» - гуфт Соболев Олег Дмитриевич зеро дар он рӯзҳо, ки Ватан дар зери хатар буд, аз фарзандони баору номусаш ҳимояро талаб мекард. Дар ҷангҳои хунини озод кардан Сталинград ва Украина иштирок кардам. Ғалаба бар Германияи фашистиро дар сарзамини Чехословакия пешвоз гирифтам, суханронии ветеран Соболев Олег Дмитриевичро хонандагон бо ҳисси баланди ватандӯстона қабул карданд. Хонандагон низ ба ин ҷамъомад тайёрии хуб дида буданд. Хонандагони синфи 10-ум бо нишон додани саҳнача аз дастони «Ғалабаи Таня»–и Абдуқосим Лоҳутӣ муҳаббат ҳифзи марзу бумро нисбати Ватани азизи худ нишон доданд. Қироати шеъри «Мавҷҳои бародарӣ»-и Муъмин Қаноат аз тарафи хонандаи синфи 11-ум Нушофарини Замир хеле ҷолиб буд. Чорабинӣ таъсирбахш гузашт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.