Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сафеддара обод мешавад

Сафеддара обод мешавад

9-02-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 384 нафар
Назарҳо: 0
Сафеддара обод мешавад
Табиати ин макон ба ранги афсона аст. Қуллаҳои баланд ва сафедпӯш аз барф, офтобе бо нурҳои ба ҷисм форам, ба ҳадде, ки аз таъсири он ба чашмони оддӣ намешавад ба дуродур нигоҳ кард. Пас аз чанд лаҳзаи нафас кашидан аз ҳавои ин маҳал ман дарк кардам, ки барои чӣ аксар ҳамроҳонам бо худ айнаки сиёҳшиша доранд.

Дилором Раҳимова ва Бахтиёр Назурдинов, роҳбаладҳои гурӯҳи хабарнигорон пас аз он ки аз мошин берун омадем, бо шӯхӣ гуфтанд: - Ҳар қадар метавонед, аз ин ҳаво нафас бигиред, ки монандаш дар ҷои дигар нест. Бо тамошои табиат чашмҳоятонро ҳам дам бидиҳед. Онҳое, ки ҷасорат ва маҳорати лижасаворӣ доранд, марҳамат, чанд соат чунин имконро хоҳанд дошт.

-Касоне, ки ин ҳунарро надоранд, чӣ кор кунанд? – пурсид яке аз ҳамроҳонам.

- Ҳеҷ гап не, мо ҳам худ аз ин гурӯҳ ҳастем ва баллон савор мешавем ва кӯдакиамонро ба ёд меорем…

Муҷтамаи сайёҳии лижаронии «Сафеддара» пас аз таъмир ва навсозӣ 7 январи имсол ифтитоҳ шуд. Дар маҳдудаи он ба мақсади омӯзиш ва ошноии наврасон бо намудҳои варзишии зимистона мактаби махсуси бачагону навҷавонон ҳам ба фаъолият оғоз кард.

Зиннатулло Саидов директории ин мактаб зимни суҳбат гуфт, ки дар мактаб айни ҳол 68 нафар таҳсил мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, хонандагони мактаб ҳоло аксар аз деҳаҳои атроф ва наздики истироҳатгоҳ буда, дар оянда роҳҳои ҷалби довталабон аз минтақаҳои дигар низ омӯхта мешавад.

Сафеддара обод мешавадКорҳои ободонӣ идома дорад
Агарчӣ муҷтамаи варзишию истироҳатӣ як моҳ пеш кушоиш ёфт, аммо корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ идома дорад.

Яке аз ҳамсуҳбатони мо Баҳодур Қосимов, ки масъулияти раҳбарии ин раҳбарии ин муҷтамаро бар ӯҳда дорад, гуфт, ки «соли гузашта дар муддати чор моҳи ободонӣ беш аз 18 миллион сомонӣ барои сохт ва таъмир, таъсиси зерсохторҳои зарурӣ сармоягузорӣ шуд ва имсол боз ба 30 миллион сомонии дигар корҳои такмилӣ ва иловагӣ бояд иҷро шаванд.

Аз ду бинои замонавие, ки дар бағали кӯҳ сохта шудааст, яке меҳмонхона ва дигаре маркази тиҷоратӣ аст, ки барои қонеъ кардани талабу ниёзҳои мизоҷон бунёд шудааст.

Истгоҳи техникаи болои барф ҳаракаткунанда, роҳҳои муҷаҳҳази лижаронӣ, майдончаи яхмолакбозӣ ва лижасаворӣ барои кӯдакон ва калонсолон, аз ҷумлаи таъсисоти нав бунёдшудаву мавриди истифода қарор гирифта аст.

Директори муҷтама изҳор дошт, ки ин маркази истироҳатӣ ҳоло тамоми шароитро дорад, то ба таври шабонарӯзӣ фаъолият кунад.

Ба гуфтаи ӯ, дар масири лижаронӣ таҷҳизоти рӯшноидиҳанда насб шуда ва дар сурати пайдо гардидани хоҳишмандон роҳи лижаронӣ ва майдончаҳои варзишӣ шабона ҳам кор хоҳанд кард.

Маълум гардид, ки бо вуҷуди бориши ками барф фарозу нишеби роҳҳои лижаронӣ то моҳи апрел ба хоҳишмандон хидмат мекунад.

Тибқи варақаи матбуотие, ки дар сомонаи муҷтама ҳам нашр шудааст, фақат вуруд ба қаламрави муҷтама 120 сомонӣ ( барои кӯдакони то 12- сола 40 сомонӣ ) буда, барои як оила 360 сомониро ташкил медиҳад.Иҷораи як ҷуфт лижа 90 сомонӣ, сноуборд- 80 сомонӣ, ҷиҳози варзишии марбут ба онҳо ва иҷораи кулоҳ 150 сомонӣ аст.

Иҷораи чана (санок)- 20 сомонӣ, сноутюб - 40 сомонӣ, техникаи болои барф ҳаракаткунанда (снегоход) ҳам бо 150 сомонӣ ба хоҳишмандон иҷроа дода мешавад.

Арзиши иҷораи ҳуҷраи дунафара - 60 доллар ва ҳуҷрае, ки барои 4 нафар пешбинӣ шудааст, 120 доллар аст. Албатта бо ин нарху наво ҳар кас ба мақсади дамгирӣ ва барфбозӣ ба ин муҷтама наметавонад биравад.

Аз ин сабаб аст, ки маъмурияти истироҳатгоҳ тамоми шароитро дар сатҳи байналмилалӣ тайёр карда, акнун дар талоши пайдо кардани роҳҳои ҷалби сайёҳони хориҷӣ аст.

Сафеддара обод мешавадЛоиҳаи ҷалби сайёҳон барои тобистон
Тибқи нақша дар ояндаи наздик дар маҳдудаи ин муҷтама барои саёҳат бо асп хадамоти махсус роҳандозӣ мешавад. Тибқи ин лоиҳа, бо ташкили саисхона ва харидории чанд сар асп барои сайёҳоне, ки дар роҳҳои кӯҳистонӣ ба аспсаворӣ мехоҳанд машғул шаванд, дар тобистон шароит фароҳам мегардад.

Аммо ин тарҳе аст, ки барои оянда таҳия гардидааст, ҳоло бошад, роҳе барфпӯш бо масофаи ду километр дар ҳоли истифода дар ихтиёри варзишгарон буда, чанд майдончаи варзишу истироҳат пурра ба фаъолият пардохтааст.

Масъулони ин муҷтама иқрор мекунанд, ки варзиши лижаронӣ дар шароити кӯҳистон як намуди пурхарҷ буда, аз довталабон хароҷоти зиёдро талаб мекунад.

Аммо дар ҳоли ҳозир ин муҷтама ба ҳадафи ҷалби хориҷиҳо фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Яъне онҳое, ки шароити ҷуғрофиёии зисташон бештар зимистонӣ асту барфу барфбозӣ аз шуғлҳои асосӣ дар зиндагиашон мебошад.

Бесабаб нест, ки рӯзҳои шанбею якшанбе бештари истироҳаткунандагонро кормандони сафортахонаҳои Русия, Украина ва Қазоқистон, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалии фаъолиятдошта дар Душанбе ва аҳли оилаи онҳо ташкил медиҳанд.

Истироҳатгоҳи «Сафеддара» дар маҳаллаи Такоби ноҳияи Варзоб тахминан дар 60 километрии шимоли Душанбе ҷойгир аст.

Он ҳанӯз дар соли 1976 мавриди истифода қарор гирифта буд. Он замон дар ин истироҳатгоҳ мактаби лижаронии захираҳои олимпӣ фаъолият мекард.

Аввалин бинои чорошёна дар ин маҳал дар ҳамон солҳо сохта шуд. Аммо бо гузашти вақт он чӣ дар он замон роҳандозӣ гардида буд, фарсуда гардид ва дар солҳои ахир ниёз ба навсозӣ дошт.

Коре, ки имрӯз сармоягузорони ин муҷтама оғоз кардаанд.
©Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: