Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Наврӯз муборак гӯем!

Наврӯз муборак гӯем!

17-03-2016, 08:50
Хабарро хонданд: 405 нафар
Назарҳо: 0
Наврӯз муборак гӯем!Иди Наврӯз, иди баҳору бедоршавии табиати зери барфҳои ғунуда. Иди кору меҳнат аст, ки ба он ҳазорҳо сол қабл Ҷамшеди фархундапай асос гузошта буду мо хайли ориёитабор оташи муқаддаси наврӯзиро то ба имрӯз дар чакдонҳои урфии хеш нигоҳ медорем ва бо тамоми суннатҳояш ҳифз мекунем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии хеш бо зиёиёни Тоҷикистон иди Наврӯзро ҳамчунчун бузургтарин муқаддасоти миллиамон арзбӣ карда, барҳак қайд кардаанд, ки: «Шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндасозии онро миллату халқиятҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазирӯфта бо ҳамин номи тоҷикӣ таҷлил намоянд».

Мо соҳибони хуштолеъи ҷашни шукӯҳманд имрӯз атри дилангези онро мечашему мебӯем. Бо ҷашни Наврӯз ва таҷлили зебои он, ки худ ҷавонӣ ҳасту эҳёи гулу райоҳин, шояд зиёдтар аз ҳама ба ҷавонон хурсандиву тараб дошта бошад, зеро бештар аз ҳама дар он таҷассуми ҷавонӣ ҳасту ҷавонон, муҳаббат асту садоқат, саодат асту рафоқат, маърифат ҳасту дониш, илм асту фарҳанг ва ин ҳама дунёи ҷавонӣ ва ҷавононро ба ҷӯш меорад, ки худ як рамзи ҷолиби наврӯзист.

Наврӯзро иди деҳқон ва ё ҷашни кишоварзон низ қаламдод мекунанд, ки ҳосили ин заҳмати онҳо таъмини ғизои ҷисмонии халқ аст. Пас онҳое, ки аз аҳли зиёӣ ҳастанд ва ё соҳибкору пулдорони калон ва инчунин диндорон, маҳсули дасти онҳо дар Наврӯзӣ аз чӣ иборат хоҳад буд. Албатта маҳсули дасти зиёиён ин донишу маърифаташон аст. Бояд онро дар ҳамин рӯзҳо ҳар чӣ бештар дар тарбия ва пешбурди, кори зеҳнӣ ва ақлии одамон, хусусан онҳое, ки мӯҳтоҷ ба фаҳмидани як чизи муҳиме ҳастанд, ки шояд фаҳмидани он дар ҳамин рӯзи Нав зиндагиашонро ба куллӣ тағйир диҳад дареғ надошта, донишашонро тақдим кунанд . Зеро дар давоми таърих халқи мо чӣ аз ҷиҳати урфу одот ва чӣ аз назари эътиқоду бовариҳо ба Наврӯз пайвастагии ногусустанӣ доранд. Ва инчунин соҳибкорон ва ё пулдорони калон низ на бояд худро ба кариву нодонӣ андозанд, зеро муҳтоҷон ва кайҳо боз Наврӯзро интизоранд.

Албатта диндорон ва ё «дӯстдорони» Худо низ ақибнишинӣ накунанд. Чун барои онҳо ҷашн гирифтани баъзе ҷашнҳо ба қавли худашон «гуноҳ» аст Наврӯз ҷашни аҷдодии ҳамаи мост набояд гуноҳ бошад. Аққалан бимонанд, ки дар ҳамин рӯзҳои хурсандӣ духтаракҳои ҷавон, ки ҳанӯз аз сад гул як гулашон нашкуфтааст «либоси сиёҳашон»-ро канор гузоранд. Ва ба гуфтаи баъзе зарофатгӯён «даму дуояшон»-ро бе пул кунанд. Охир чуноне, ки дар боло қайд кардем наврӯз рӯзи бахшидани гуноҳҳои якдигар, тӯҳфа намудани як табассум ба лабони ятиме, додани садақаҳо, холӣ намудани қалбҳо аз кинаву адоват хуллас тарк кардан аз ҳама гуна одатҳои зишти аҳриманона аст.

Ҳамин тавр Наврӯз бо шукӯҳу шаҳоматаш метавонад табақаҳои мухталифи ҷамъиятро водор созад, то дар ин рӯзи некофару нековар аз пайи анҷом додани кори савобе бошанд. Табиате, ки моро иҳота кардаст аз нав зинда мегардад. Одамон низ бояд ба табиати атрофашон нигоҳ кунанд ва вонамуд созанд, ки гӯё нав ба дунё омада бошанду мисли тифлакҳо орӣ аз ҳама гуна олудагиҳо рӯзи навашонро оғоз намоянд. Ва ҳар яки мо бояд бо табассуми беолоиши кӯдакона ба чеҳраи ҳамдигар нигоҳ карда « Наврӯз муборак» гӯем.
Гулҳаё Мадимарова
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: