Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҲАР ОН КАС, КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД…

ҲАР ОН КАС, КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД…

25-12-2025, 10:29
Хабарро хонданд: 47 нафар
Назарҳо: 0
ҲАР ОН КАС, КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД…
Тақдими“Шоҳнома”баҳархонадон


Ифтихор мекунем тоҷикему тоҷикистонӣ, шукргузорем, аз он ки гузаштагонамон бароямон сарзамини зарзамину биҳиштосое ба мерос гузоштаанд. Ин сарзамин айни замон бо номи мубораки Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳон арзи вуҷуд дорад.
Баробари ҳадяи марзи пур аз хоки пок, ки дар оғӯшаш боғу бӯстонҳои ниҳолону дарахтонаш пургулу сермеваи шохсоронашон хам,ки зерашон наҳрҳо ҷористанд (тавсифи биҳишт аз “Қуръон”), кӯҳсорони аҷоибшаклу гуногунранги пурганҷ боз осори гаронбаҳое мондаанд.
Ашъори Одамушшуаро устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, навиштаҷоти Абуалӣ ибни Сино, “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, рубоиёти Умари Хайём, “Саодатнома”, “Рӯшноинома”, “Сафарнома”-и Носири Хусрави Қубодиёнӣ, “Бӯстон”-у “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ, ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ, осори Абдураҳмони Ҷомӣ (номгӯро боз идома додан мумкин), бешак, чун ганҷи шойгон ба хазинаи тиллоии мероси маънавии башарият вориданд ва оламшумуланду айни замон ҳам ба инсоният хизмат карда истодаанд.
Дар байни ин мероси гаронбаҳо бузургтарин ҳамосаи миллии мардуми ориёинажод, ганҷинаи ҳикмату хирад-“Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ мақому манзалати хос дорад.
Ба фармудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,“Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”, ки дар ҳеҷ миллати дунё ҳамсанги ин китоб асаре нест, таърихи пур аз шодию ифтихор, комёбию нокомӣ, дарду ормонҳои мардумашро бо хуни дил қаламӣ кард ва ба ин васила таърих, фарҳанг, фалсафа, ҳикмат, қисса, асотир ва урфу одатҳои ориёиҳоро зинда ва пойдор гардонид ва ба хизмати наслҳои оянда гузошт. Мавзуъҳои меҳварии ин шоҳасар: ситоиши донишу хирад, тарғиби ватанхоҳию ватандӯстӣ, тараннуми истиқлолу озодӣ, ташвиқи баробарии инсонҳо, пирӯзии некӣ бар бадӣ ва адолату дод бар беадолативу бедодӣ баъд аз ҳазор сол дар рӯзгори имрӯзаи мо низ аз аҳаммияти бузург бархурдоранд”.
Оре, ин шоҳасар, дар ҳақиқат, яке аз шиносномаҳои миллат ба шумор меравад ва аз “Шоҳнома”-ҳои дигари қаблию ҳамзамону баъдиаш аз ҷиҳати фарогирии мавзуъҳо, бадеият ва халқият хеле баланд меистад.
Халқият гуфтан ишора ба забону услуби асар аст, ки одӣ, фаҳмо, пуробуранг, таъсирбахшу диққатрабост. Ҳар хонанда ба умқи афкору эҳсоси ҳакими ҳамосасаро ва қаҳрамононаш сарфаҳм меравад. Гӯё шоир ҳамзамони мосту бо забони имрӯзаи тоҷикӣ сухан мегӯяд. Бинед, ки чӣ тавр одӣ ва фаҳмост байти Абулқосим Фирдавсӣ:
Тавоно бувад, ҳарки доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
Маҳз ҳамин ба дили хонанда наздик будани сабку услуби шоҳасар онро мақбулу маҳбуби маънидӯстон гардонидааст ва толибилми мактаб ҳам ба хубӣ медонад, ки устод чаро номи онро “Шоҳнома” гузоштааст.
Дар асоси маълумоти муҳаққиқон, баъзеҳо бар ин назаранд, ки асар дар бораи саргузашти шоҳон ҳикоя мекунад, бинобар ин, чунин ном гирифтааст. Дигарон мегӯянд, шоир асарашро ба шоҳ тақдим кардааст ва аммо асли мақсад аз “Шоҳнома” ном гирифтанаш он аст, ки беҳтарин нома шоҳи номаҳост ва лозим медонем, маънии вожаҳои нома ва шоҳро дар мавриди тафсири номи асар шарҳ диҳем.
Дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” (нашриёти “Советская энсиклопедия”, Москва, соли 1969) чунин омадааст: Нома-хат, мактуб, навишта, руқъа, асар, китоб, рӯйхат, феҳрист,
Худи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ вожаи номаро чунин истифода бурдааст:
Пажӯҳандаи номаи бостон,
Ки аз паҳлавонон занад достон.
Вожаи шоҳ бошад, подшоҳ, султон, сардори давлат, соҳиби тоҷу тахт мебошад ва тоҷикон боз ба исми чизҳои беҳтарин решаи шоҳро ҳамроҳ мекунанд, ба мисли шоҳтут, шоҳбайт, шоҳроҳ, шоҳбоз, шоҳбӯ, шоҳкоса, шоҳасар, шоҳдору (доруи беҳтарин) ва ғайраҳо.
Аз ин бармеояд, ки “Шоҳнома” маънои номаи беҳтарин, навиштаи беҳтарин, асари беҳтарин ва китоби беҳтаринро дорад. Дар ҳақиқатҳам, чунин аст. Чунки шоир барои таълифаш сию панҷ сол заҳмат кашидааст ва ба қавле, сию панҷ сол сухане бар сухане зам ва қатраҳои хуни ҷигар кам кардааст.
Барои навиштани чунин асари пурғунҷоиш, фарогири кулли масъалаҳои ҳаёту мамот шоири ба маънои том бузург будан, пеш аз ҳама, инсони бузург будан лозим меояд ва, бешубҳа, Абулқосим Фирдавсӣ инсон ва шоири бузург буд ва дар шоҳасари “Шоҳнома” истеъдоду қудрату тавони шахсияти муаллиф ва қаҳрамонию бузургии миллати ориёӣ нишон дода шудааст.
Нишон дода шудааст, ки бо ҳамаи ҳамин сифатҳои воло, аз ҷумла, бо донишпажуҳию доноӣ ин мардуми сахтҷону зудбовар ба фитнаю дасисаҳои бегонагону бегонапарастон фирефта мешавад. Агар ҳамин тавр намебуд, Рустами паҳлавону ошиқ, содаю ҳаётдӯст ва инсонпарвару ватанпараст ба фиребу найранги душманон дода намешуд ва ягонафарзанди худ, шоҳписари худ - Суҳробро ханҷар намезаду ба хоку хун оғӯшта намекард.
Абулқосим Фирдавсӣҳазор сол пеш гӯё мо -тоҷиконро ҳушдор дода буд, ки ба доми макри бадхоҳон гирифтор нашавем, бедору ҳушёр бошем, аммо, мутаассифона, дар асри бистум, пас аз фаромӯшиҳо ва худношиносиҳо боз Рустам ба Суҳроби худ ханҷар зад, бародар ба бародар теғ кашиду ба сари миллат фоҷеаи маргборе фурӯ нишонд ва шукр, ки моҳи ноябри соли 1992 фарзанди фарзонае ба майдони сиёсатва давлатдорӣ ворид гардиданд ва тоҷикистониёни умедмурдаро ба ҳамдигарфаҳмию ваҳдат даъват намуда, мужда доданд ва гуфтанд: “Ман ба шумо сулҳ меорам”.
Пас аз панҷ соли ҷонбозиҳо, ниҳоят, 27-уми июни соли 1997 осмони Ватани азиз тоза аз гарду ғубор гардид ва кабутари сулҳ ба парвоз омад. Бешубҳа, ҳамаи ин корнома ҳам шоҳномазеб аст ва бовару умед дорем, ки шоирони тавоно минбаъд даҳҳо, садҳо “Шоҳнома”-ҳо эҷод хоҳанд кард.
Маҳз ҳамин ҷиҳатҳост, ки шоҳасари ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба бисёр забонҳои дунё тарҷума шуда, мухлисони бешумор дорад ва намояндагони халқу миллатҳои гуногун аз он ғизои маънавӣ гирифта, бо таъриху фарҳанги миллати мо ошно мешаванд.
Фарзандони донишдӯсту худшинос,дороиҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиашон баланди тоҷик аз аввали арзи вуҷуд намудани ин асари бузург қадру қимати онро дониста, шоҳномахонӣ мекарданд, маҳфилҳои шоҳномахонӣ баргузор менамуданд, бо паҳлавонону қаҳрамонони асар пайванди маънавӣ доштанд ва доранд.
Исми симоҳои барҷастаи “Шоҳнома”-ро ба фарзандон мемонданду мемонанд ва хушбахтона, Рустамҳои замон рустамвор зиндагӣ ва кор карда, номбардори қаҳрамонону падарон ва гузаштагонанд ва бо пандҳои ҳаким Фирдавсӣ ба роҳи рост равонаанду бунёдкорӣ ва созандагӣ намуда, дар адолатпарварию инсондӯстӣ ва ватанпарастӣ намунаанд.
Мазмуни баланд ва таассуротбарангезаш ҳаст, ки дар асоси чанд достони асар филмҳои бадеӣ ба навор гирифта шудааст ва ҷаҳониён тамошо карда, писандиданд. Филмҳои “Достони Рустам”, “Рустаму Суҳроб”, “Достони Сиёвуш” ва “Байрақи оҳангар”-ро синамошиносон беҳтарин осори навортасвирии бадеӣҳисобидаанд ва бовару умед дорем, ки синамогарони тоҷику хориҷа минбаъд низ дар асоси “Шоҳнома” боз асарҳои пурмазмуну таъсирбахш меофаранд, чунки шоҳасар аз тасвирҳои олӣғанӣ мебошад ва нависандаи забардаст Сотим Улуғзода барои наврасону ҷавонон чанд достони онро бо тарзу услуби диққатрабо, ба таври одию фаҳмо ба наср гардонида, манзури шоҳномадӯстон кардаанд. Аммо хондани худи “Шоҳнома” ба кас ҳаловату завқи бештар мебахшад ва вақти мутолиа хонанда бо ҳаким Фирдавсӣ ба гуфтугӯ мепардозад.
Устоди забардасти назми оламгирамон Лоиқ Шералӣ бо номи “Илҳом аз “Шоҳнома” силсилаи шеърҳо эҷод намуда, сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидаанд.
Адибони тоҷик ва миллатҳои гуногун ҳам аз достонҳои шоҳасар илҳом гирифта, дар васфи Абулқосим Фирдавсӣ ва қаҳрамононаш сухан гуфтаанд, ки далели асари ҷаҳонӣ будани он мебошад.
Дар ҳақиқат, “Шоҳнома” китоби хонданӣ ва дӯстдоштанист. Дар ин маврид зикри мулоқотеро бо собиқ хатмкардаи мактабамон ва падараш бо камина ёдовар мешавам, ки ҷавони маърифатдӯст айни замон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиндагӣ ва кор мекунад. Ҳар ду муроҷиат намуданд, ки ҳамаи қисмҳои китоби мазкурро доштаанд, ғайр аз ҷилди чорум. Агар дар китобхонаи шахсиам бошад, фурӯшам, боз таъкид намуданд, ки дар ягон ҳамкор ё китобдӯсти дигаре бошад, чанд пул гӯяд, мехаранд. Гуфтам, агар дошта бошам, тақдим мекунам. Китобхонаро аз назар гузаронидам. Мутаассифона…Ва боз…Хушбахтона, онро аз шаҳри Хуҷанд дастрас кардаанд.
Шогирди китобдӯсти мактаб шод буд, гуфт, ки ба қаъри маънии асар фурӯ рафта, гузаштагонро, худро шинохтааст, оламу одамро шинохтааст, ба қадри Ватану ҳамватан мерасид, акнун ҳар якеро дӯст медораду дар сарзамини дуродур, дар паси уқёнус ва баҳрҳо, дар оғӯши шаҳрҳои пурҷӯшу хурӯш ва одамони гуногунрангу гуногунхислат “Шоҳнома” мехонад ва гӯё бо падару модар, ёру бародару ҳамватанони бо ҷону дил баробараш суҳбат меорояд, чашмаҳои ҷӯшону дарёҳои хурӯшон ва кӯҳсорони аҷоибшаклу рангини пурганҷи диёрашро тасаввур намуда, сӯзиши дарди ҳиҷрон ва сахтиҳои мусофирию танҳоиро камтар эҳсос мекунад. Оре, “Шоҳнома”-ро бояд ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ хонад, омӯзад ва ба маъною моҳияташ сарфаҳм равад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳандозӣ намудани иқдоми наҷибу ҷавонмардона мехоҳанд фарзандони мо бомаърифату худогоҳ, ҳисси ифтихори миллиашон баланд, ватандӯсту комёбу сарфароз бошанд, то дар раванди ҷаҳонишавию томгароӣ, ки аз байн рафтани давлатҳо, миллатҳо, забону фарҳангро дар пай дорад, худро, Ватанро, ҳамватан ва модарро гум накунанду Тоҷикистони азизамонро ба давлати ҳамаҷиҳата пешрафтаю обод табдил диҳанд, минбаъд низ саломату комёбу сарбаланду саодатманд зиндагӣ кунанд. Барои ин, пеш аз ҳама, илму дониш лозим аст.
Илму донишро китоб медиҳад, “Шоҳнома”, “Тоҷикон”, “Чеҳраҳои мондагор” ва китобҳои дарсии мактабу донишгоҳ медиҳад ва мо бояд маҳфилҳои китобдӯстон, маҳфилҳои шоҳномахонӣ ташкил намоем, насли наврас ва ҷавононро бо нурдони (китоб) беминнат, ки сад роҳате мебахшаду ҳаргиз озоре намерасонад, дӯст гардонем ва онҳоро ба сӯйи нурконҳо (китобхонаҳо) роҳнамоӣ кунем, то барои бунёди ояндаи неку дурахшони худ ва ҳамватанон камари ҳиммату ғайрат банданд, паҳлавонӣ кунанд, қаҳрамонӣ кунанд.
Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ таъкид намудаанд:
Ҳар он кас, ки шоҳномахонӣ кунад,
Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.
Ба сухани ноби шоири бузург чанд ҳарфаки дигар илова карда мегӯям:
Ҳар он кас, ки шоҳномахонӣ кунад,
Агар мард бувад,қаҳрамонӣ кунад.
Субҳон ЁДГОРӢ,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: