Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Малайзия шоҳасари Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» муаррифӣ гардид

Дар Малайзия шоҳасари Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» муаррифӣ гардид

9-10-2024, 09:15
Хабарро хонданд: 569 нафар
Назарҳо: 0
Дар Малайзия шоҳасари Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» муаррифӣ гардидБо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия дар ҳамкорӣ бо Пажуҳишгоҳи байналмилалии исломшиносии Малайзия (IAIS) ва Китобхонаи оммавии Селангор ба номи Раҷа Тун Уда бахшида ба Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и безаволи ӯ таҳти унвони «Шоҳнома: шоҳасари адабӣ» барномаи фарҳангӣ баргузор гардид, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ оид ба саҳми барҷастаи Абулқосим Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ дар ҳифз ва нигоҳдошти таъриху тамаддун ва забони тоҷикӣ сухан гуфт. Иброз дошта шуд, ки «Шоҳнома» ҳамчун нигораи адабии мардуми тоҷик яке аз ёдгориҳои барҷастаи қадимӣ дар адабиёти ҷаҳонӣ шинохта шудааст.

Намоиши мусаввараҳо, инъикоси филми мустанад дар бораи Ҳаким Фирдавсӣ ва «Шоҳнома», ки аз ҷониби Сафорат таҳия шудаааст ва пахши филми ҳунарии «Рустам ва Сӯҳроб» аз бахшҳои асосии чорабинӣ буданд.

Илова бар ин дар доираи чорабинӣ гӯшаи алоҳидаи фарҳангу санъати миллии Тоҷикистон пешкаши ҳозирин гардид, ки дар он меҳмонон бо маҳсулоти суннатӣ, ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ва китобҳои «Шоҳнома» шинос гардиданд.

Намоиши мусаввараҳо барои тамошои оммавӣ то 17 октябри соли 2024 идома ёфта, мардуми маҳаллӣ имкон пайдо менамоянд, ки бо бузургтарин асари адабиёти тоҷик шинос гарданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: