Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » “Тоҷи миллат” – таблиғгари сиёсати созандаи ҳизб

“Тоҷи миллат” – таблиғгари сиёсати созандаи ҳизб

21-10-2023, 09:57
Хабарро хонданд: 334 нафар
Назарҳо: 0
Дар Муассисаи давлатии “Майдони Истиқлол”, тибқи талаботи банди 4.2 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис Қурбонзода Убайдулло, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Пирназарзода Иброҳим, директори Муассисаи давлатии “Майдони Истиқлол” ва кормандон иштирок намуданд.

Нахуст, Пирназарзода Иброҳим вобаста ба нақш ва ҷойгоҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ибрози андеша намуд. Мавсуф зикр намуд, ки аъзои ҳизб будан ифтихори бузург буда, ҳамзамон масъулияти баландро талаб менамояд.

Сипас, Қурбонзода Убайдулло зимни суханронӣ иброз намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби сиёсӣ, бо роҳи иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ҳамчунин рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад. Рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи Ҳизби Халқии Демокрактии Тоҷикистон – рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот мебошад.

Мувофиқи баррасии рӯзномаи маҷлис кормандони Муассисаи давлатии “Майдони Истиқлол”, ки мавқеи сиёсиашонро муайян намуда, ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо гардиданд, дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо шаҳодатномаи аъзои ҳизб супорида шуд.

Дар идома тибқи талаботи банди 4.2 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо ҷонибдории аъзои ҳизб дар Муассисаи давлатии “Майдони Истиқлол” ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис ва он “Тоҷи миллат” номгузорӣ карда шуд.

Ҳамчунин, тибқи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии аъзои ҳизб Пирназарзода Иброҳим ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷи миллат” интихоб гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: