
Миллати тоҷик дар таърихи худ ҳамеша бо хислатҳои созанда ва сулҳҷӯёна шӯҳрат дошт. Вале, дар давраҳои хатарнок, ки ҷомеа таҳти таъсири ҷангҳои дохилӣ ва берунӣ қарор гирифт, фаъолияти дурандешона ва стратегӣ аз ҷониби сиёсати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) муфид ва муҳими таърихӣ гаштааст. Таърих гувоҳ аст, ки дар соли 1992, дар миёни нооромиҳои сиёсӣ ва иҷтимоии кишвари тоҷикон, таҳти таъсири гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ва динии хориҷӣ, ки бо гурӯҳҳои гуногун тақсим шуда, ба ҳар яки онҳо ба манфиатҷӯии худ амал мекарданд, кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бо раҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта буд, ба як ниҳоди мустақил ва ғоявӣ табдил гашт, ки мақсади асосии онро нигаҳдории истиқлолият ва таъмини сулҳу субот дар кишвари ҷавони соҳибистиқлол ташкил медод.
Консепсияи сиёсии ҲХДТ аз раванди таълимоти созандаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки бо истифода аз аҳдофи оинномавию барномавии ҳизб кӯшиш кард, мардумро ба арзишҳои миллӣ ва давлатдории демократӣ ба воситаи маърифати сиёсии дуруст водор созад. Бо талоши хатсанопазир ва афкори солиму созанда ҳизб тавонист, гурӯҳҳои гуногуни ҷомеаро ба ҳам муттаҳид кунад.
Пайкори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳолати дуруст ва ба таври дурандешона ҳаракат кардан дар он замон, ба кишвар имкониятҳои равшани барои рушди демократӣ ва ҳуқуқбунёд овард. Дар яке аз вохӯриҳояшон Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Имрӯз вазифаи мо, ҳизбиён аз он иборат аст, ки ғояҳои асосии давлатдорӣ ва давлатсозии навини тоҷиконро дар байни мардум фаъолона тарғибу ташвиқ карда, на танҳо рисолати инсонӣ, балки мақсаду мароми ҳизбиамонро бо масъулияти баланд иҷро кунем”.
Дар ҳақиқат ҳам, таҳкими сулҳу субот аз ҳадафҳои олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, мо, ҳизбиёнро зарур аст бо эҳсоси баланди ватандорӣ, ифтихор аз миллат ва давлат дар амалӣ кардани ҳадафҳои олии ҲХДТ ва иҷрои саривақтии Барномаи ҳизб камари ҳиммат бандем.
Имрӯз ба шарофати фаъолияти воқеъбинона ва босамар он дар Тоҷикистон ба самти таҳкими рушди демокративу дунявӣ ва барқарор кардани созишу ҳамдигарфаҳмии миллӣ ҳаракат мекунад. Таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳз дар давраи хатарноки баъди ҷанг, ки кишвар таҳти фишори дохилӣ ва хориҷӣ қарор дошт, як иқдоми стратегӣ ва муҳим ба ҳисоб мерафт. Ба миён омадани ниҳоди нав ва муттаҳидкунандаи неруҳои сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳоле, ки мардум дар талотуми нофаҳмиҳои сиёсӣ ва идеологӣ қарор доштанд, мавқеъи таърихӣ дошт. Ҳизб на танҳо кӯшиш кард, ки суботро барқарор кунад, балки принсипҳои таҳкими демократия ва ҳуқуқи инсонро дар сиёсати давлат амалӣ намуд. ҲХДТ дар муқобили хатарҳо ва муаммоҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар баромад кард ва бо татбиқи стратегияи дуруст тавонист, ки дар мамлакат таҳкими пояҳои демократия, волоияти қонун ва рушди иқтисоди миллӣ созад. Сиёсати ҳизб ба рушди соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз қабили таҳсилот, тандурустӣ ва инфраструктураи кишвар ва барқарор кардани иқтисодиёти харобшуда дар солҳои ҷанг дар пояи самараи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Раҳмон гузошта шуда буд. Ҳизб дар давраи мухталифи таърихии кишвар намунаи мустаҳкам ва собит дар таъмини истиқлолияти Тоҷикистон ва муқаррар кардани ояндаи дурахшон дар самти рушд, субот ва таъмини як ҷомеаи демократии солим буд. ҲХДТ дар тӯли тамоми солҳои фаъолияташ ба амал ва иҷрои лоиҳаҳои бузурге, ки дар онҳо нақши муҳими иқтисоди миллӣ ва маърифати фарҳангии мардум ба таври хосса мавриди таъкид қарор гирифтааст. Ҷиҳати асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин сохти давлатдории мустақил ва муттаҳид мебошад. Ҳизб ҳамчунин диққати худро ба ин масъала равона мекунад, ки таҳкими ягонагии миллӣ ва баробарии иҷтимоӣ дар сиёсати дохили кишвар фароҳам бошад. Ба ҳамин тариқ, дар пешбурди таъмини ҳуқуқи ҳамаи шаҳрвандон ва амалишавии идеологияи дуруст дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар саҳми он назаррас аст. Ватандӯстӣ, ҷасурию далерӣ, ташаббускорӣ, хирадмандӣ, сабру таҳаммулпазириро бояд аз Пешвои ҳақиқии миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯхт. Сарвари давлат барои ҳар яки мо намунаи ибрат мебошанд. Мебояд гуфт, ки мактаби давлатдории Пешвои миллат мактаби бузурги ватансозист.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ чун мањсули хиради азалии Пешвои миллат аст, аз аввали бунёдаш инчунин бо таваҷҷӯҳ ба арзишҳои фарҳангӣ ва маънавии халқ, кӯшиш мекунад, ки анъанаву арзишҳои миллӣ ва таълимоти мардумӣ ва таърихии Тоҷикистонро ҳифз кунад. Консепсияи он барои рушди фарҳанги миллӣ, бахусус дар заминаи таҳқиқи таҳаввулоти таърихӣ, рӯзгори мардум ва муносибатҳои байниҷаҳонӣ, диққат медиҳад.
Дар хулоса, пирӯзии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ба даст овардани суботу оромӣ, ҳамоҳангсозии манфиатҳои гуногуни ҷомеа ва таъмини рушди устувор дар ҷумҳурӣ чун намунаи барҷастаи пайкори пурсамар дар таърих бармала мешавад. Ин ҳизб ҳамчун як неруи сиёсӣ, ки аз арзишҳои миллӣ ва башарӣ сарчашма мегирад, нақши муҳим дар бозсозии ҷомеа ва сохтори давлатдории навини Тоҷикистон дорад. Аз ин рӯ, пайкори ҲХДТ дар таърих на танҳо як таҳаввулоти сиёсӣ, балки як қисми муҳим дар таъмини ваҳдати миллӣ ва рушди демократист, ки боиси намуна ва омӯзиш аст.
Ҳикматулло Хоҷаев пажӯҳишгар,
аъзои фаъоли ҲХДТ