ЭЪТИҚОД ВА САДОҚАТ ДАР РОҲИ ОБОДИИ ВАТАН4-12-2025, 12:14
Хабарро хонданд: 39 нафар
Назарҳо: 0
![]() Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ ҳамчун неруи сиёсии созанда, ваҳдатофар ва мардумӣ фаъолияти худро оғоз намуд. Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба мактаби ҳақиқии давлатдорӣ рамзи сулҳ, ваҳдат ва пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон табдил ёфтааст. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд: “Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ваҳдату истиқлолият неъмати бузургест, ки онро бо ҳар нарх бояд ҳифз намоем. Ватанро дӯст доштан ва ба он содиқ будан - рисолати муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст”. Ин суханон барои ҳар узви ҲХДТ ва тамоми шаҳрвандони кишвар ҳамчун роҳнамои зиндагӣ ва фаъолияти рӯзмарра хизмат мекунанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун такягоҳи устувори сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии кишвар саҳми арзанда дорад. ҲХДТ бо амалисозии сиёсати Роҳбари давлат дар самти чор ҳадафи стратегии кишвар - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ба даст овардани истиқлолияти озуқаворӣ, аз бунбасти комуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон ва саноатикунонии босуръати мамлакат фаъолона иштирок менамояд. Ташкилотҳои ибтидоии ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо корҳои тарғиботӣ, маърифатӣ-сиёсӣ ва ватандӯстиро фаъолона ба роҳ мондаанд. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолияти созандаи ҳизб бо дастгирии аъзои фаъоли он вусъати тоза касб менамояд. Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи ваҳдатофар, муттаҳидкунанда ва бунёдкор шинохта мешавад. Ташкилотҳои ибтидоии ҳизб ба масъалаҳои ободонии маҳалу деҳот, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагӣ, аз худ кардани донишҳои замонавӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва мубориза бо ғояҳои ифротгароӣ таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ташаккули насли худшиносу ватанпарвар мусоидат намуда, ҷавононро дар зери парчами ваҳдат, сулҳ ва меҳнат муттаҳид месозад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси принсипҳои халқсолорӣ, адолати иҷтимоӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ба роҳ мондааст. Самтҳои асосии фаъолияти он таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии мардум, ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандон, тарғиби ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, ташвиқи ҷавонон ба меҳнати софдилона ва муҳаббат ба Ватан мебошанд. Ҳамаи ин ҳадафҳо дар доираи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат амалӣ мегарданд ва ба манфиати тамоми мардуми Тоҷикистон равона шудаанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мактаби бузурги сиёсию маънавӣ табдил ёфтааст. Ин ҳизб бо амали созанда, сиёсати мутамарказ ва рисолати баланди ватандӯстӣ тавонист халқи Тоҷикистонро дар атрофи як ғоя –ваҳдат, сулҳ ва пешрафт муттаҳид созад. Мо, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо камоли ифтихор мегӯем: ҳар як корамон идомаи сиёсати мардумпарварона ва сулҳпарваронаи Пешвои миллат аст. Бо ин эътиқод ва садоқат дар роҳи ободии Ватан, таҳкими истиқлолият ва пешрафти Тоҷикистон содиқона заҳмат мекашем. Собир ҚАЗОҚОВ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.





[/banner_right-3]


