ҲХДТ-ИФОДАГАРИ НИЯТУ ОРМОНИ ХАЛҚ15-12-2021, 07:17
Хабарро хонданд: 185 нафар
Назарҳо: 0
АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баъди ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ ҳамчун ифодагари нияту ормони халқ 10-уми декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфта, аз он замон то инҷониб пайваста барои баланд намудани сатҳу сифати зиндагии мардум ва некӯаҳволии халқ фаъолият намудааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ, рушди соҳаи маориф, илм, фарҳанг, иттилоот, тандурустӣ, амнияти миллӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсати хориҷӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш, сиёсати гендерӣ ва оила нақши басо муҳим дорад. Бо гузашти замони начандон зиёд Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсафони зиёди худро пайдо карда, бо ташаббускориву дастгириҳои аъзову ҷонибдорони ҳизб ҳамаи он ҳадафу барномаҳои иқтисодию иҷтимоие, ки барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум қабул гардида буданд, дар амал татбиқ гардида, Тоҷикистонро ба яке аз кишвари пешрафта дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Дар тӯли 27-соли фаъолияти Ҳизб, он ба як ниҳоди сиёсии пурнуфуз, ба ҳизби пешоҳангу пешбарандаи ҷомеа табдил ёфта, аъзоёну ҷонибдорони хеле зиёд дорад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ташкилоти бузурги сиёсӣ, мактаби омодасозии кадрҳои роҳбарикунанда буда, дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат оғоз карда аз сатҳи деҳот то ба шаҳру ноҳияҳо, вилоят ва ҷумҳурӣ фаъолият мекунад. Ҳамаи моро мебояд дар меҳвари сиёсии ин мактаби бузург бо роҳбарии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, барои зиндагии шоистаи мардум ва пешрафти Тоҷикистони азиз хизмат намоем. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тӯли ин солҳо ҷойгоҳи худро то ҳол устувор нигоҳ доштааст, ки мояи ифтихор ва сарбаландии ҳар яки мо аъзои он мебошад. Ногуфта намонад, ки рӯз то рӯз ҳамсафони мо дар ҳоли зиёдшавӣ аст. 27-сол мешавад, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳалли тамоми мушкилот ва пешрафти ҷомеа халқро ҳамроҳӣ намуда, ба як неруи пурэътимод табдил ёфтааст. Мусоев Хуршед, мудири шуъбаи кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.