НЕРУИ ТАВОНОИ ХУДШИНОСӢ11-12-2019, 17:19
Хабарро хонданд: 319 нафар
Назарҳо: 0
Дар таърихи даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон зуҳур ва ҳузури мунаввару созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки имсол аз таъсисёбии он 25 сол пур мешавад, барои мардуми тоҷик бахти баланду туҳфаи сарнавишт маҳсуб меёбад. Зеро ѓояи таъсиси ин ҳизби мардумӣ аз ҷавҳари тафаккур, муҳаббати самимӣ, ифтихори баланди ватандорӣ ва матонату ҷасорати бунёдгузори худ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Ба таъкиди Пешвои миллат мақсади асосӣ: «Аз ташкили Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муттаҳид намудани неруҳои пешбарандаву босалоҳият, ваҳдатсозу сулҳофар ва дорои масъулияти баланди давлатсозиву давлатдорӣ ва бо ҳамин роҳ гузоштани саҳми арзанда дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ буд». Бо чунин ҳадафи олӣ, тадбиру талош ва ибтикороти хирадмандонаи фарзонафарзанди ҷонфидо, наҷотбахш ва ватандору ватансози миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт. Нахустин Анҷумани он 10 декабри соли 1994 баргузор гардида, 15 декабри ҳамон сол дар Вазорати адлия аз қайди давлатӣ ҳамчун Ҳизби Халқии Тоҷикистон гузашт, баъдан, бо пешниҳоди роҳбари ватанпарасти он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳизб ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таѓйири ном кард. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тамоми ҷаҳду кӯшиши худро барои пеш аз ҳама таъмини сулҳу осоиш, амнияту оромӣ, бунёди устувори давлат, бахту саодати мардум равона карда, дар давоми мавҷудияташ ба ҳизби маҳбуби мардум мубаддал шуд. Яъне, ба андешаи Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Фаттоҳзода Саидмурод Самад: «Ин ҳизб, ки воқеан ҳам ифодагари ормонҳои мардумӣ ва арзишҳои миллӣ буд, тавонист зина ба зина сомони сиёсатро ба даст бигирад, таҳти роҳбарии асосгузори худ, Президенти маҳбуби мо Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшад, муҳоҷирони иҷборӣ ва гурезагони сиёсиро ба ватан баргардонад». Тавре бармеояд, ҷавҳари тафаккури Роҳбари муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки муаллифи аслӣ ва илҳомбахши ѓояи таъсиси ҳизб мебошанд: «Аз арзишҳои таърихӣ, миллӣ, фарҳангӣ ва орзуву ормонҳои ҳазорсолаи халқи тоҷик сиришта шудааст». Чунки мардуми тоҷик баъди заволи давлати Сомониён интизори боз як Исмоили Сомонии дигар буданд, ки орзуву ормонҳои миллии онҳоро амалӣ карда, Ватанро ободу халқро муттаҳид ва парчами шукӯҳу асолати миллиро боз ҳам баланд бардорад. Ин бахти бузург барои миллат дар симои Эмомалӣ Раҳмон насиб гардид. Аз ин ҷиҳат, ба таъкиди доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов: «Ҳангоми таҳлили паҳлуҳои зуҳуроти раҳбарии сиёсӣ дар таҷрибаи давлатдории миллати тоҷик, ду намунаи барҷаста, мондагори таърих ва фалсафаи сиёсат намудор мегардад: корнамоиҳои шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон». Воқеан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қудрати сарварии хирадмандона ва вижагиҳои барҷастаи шахсияти худ тамоми неруи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва донишу заковати аъзои онро барои тақвияти эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ватандӯстию ватанпарастии аҳли ҷомеа равона карданд, ки дар як муддати кӯтоҳ ҳизби мазкур пешоҳанги раванди демократикунонии кишвар гардид. Аз ин ҷиҳат, саҳми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таъмини сулҳу оштӣ, ваҳдату амнияти миллӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими пояҳои давлати демократию дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва соҳибихтиёру ягонаи тоҷикон хеле бузург ва шоистаи таҳсин мебошад. Бинобар ин, ба таъкиди Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Дар тӯли беш аз ду даҳсолаи охир аксари мутлақи ҳодисаҳои муҳиму умдаи таърихи навини Тоҷикистон, бешубҳа, ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иртиботи қавӣ доранд. Имрӯз бо гузашти солҳо, бо итминон гуфта метавонем, ки ҳизби мо рисолати хешро дар ин муддати начандон тӯлонӣ дар сатҳи зарурӣ анҷом дод ва ба неруи тавонову созандаи ҷомеа табдил ёфт». Албатта, ба сифати ташаккули умдаи сиёсӣ ва ҳизби пешбарандаву аксарияти парлумонӣ табдил ёфтани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кори осон набуду нест. Роҳи ташаккул ва такомули ҳизби мазкур фарозу фуруд ва мушкилоту монеаҳои худро дорад. Чунки дар айёми пешниҳоди ѓояи таъсиси ин ҳизби мардумӣ вазъияти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат ниҳоят мураккабу муташанниҷ буд. Дар кишвар оташи ҷанги шаҳрвандӣ баланд мешуд. Ҳукумати қонунии Тоҷикистон, ки дар Иҷлосияи сарнавиштсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардида буд, нав қомати худро рост мекард. Зиёда аз як миллион мардум аз Ватани худ гуреза шуда, аксарияти онҳо ба кишвари Афѓонистон, ки он ҳам даргири ҷанги шаҳрвандӣ буд, қарор доштанд. Аз ҳама мушкил он буд, ки фаъолияти тахрибкорона, вайронгарона ва ошӯбангезонаву хиёнаткоронаи бархе аз ҳизбу ҳаракатҳои навзуҳури сиёсӣ ба таъкиди Фаттоҳзода Саидмурод Самад: «Қабл аз ҳама? ба ваҳдати миллии тоҷикон зарбаи ҷонкоҳ заданд. Мухолифати нисбатан шадидтар дар заминаи ду идеология: коммунистӣ ва исломгароӣ сурат гирифт, ки ҳар ду фирқа бо ҳам комилан оштинопазир буданд. Ҳизбҳои мазкур ва ҷонибдорони он мехостанд, ки дар кишвар ҳокимияти мутлақи сиёсиро дар заминаи арзишҳои барои миллати мо бегона таҳмил кунанд». Табиист, ки дар чунин вазъ? мардуми Тоҷикистон аз ташкили ҳизб дилхаставу ноумед шуда буданд. Ҳизбсозиро як ҳангомаи нави сиёсӣ дониста, аз он канораҷӯӣ мекарданд. Ин ба раванди ташкили ҳизб аз як ҷониб монеаи ҷиддӣ буд. Аммо аз ҷониби дигар, дар чунин вазъ: «Зарурати таъсиси ҳизби наве, ки бояд арзишҳои дунявӣ (секулярӣ) ва динию мазҳабиро бо ҳам оштӣ медоду ҷавҳараш аз арзишҳои миллӣ ва башарӣ сарчашма мегирифт, ба миён омад. Пешвои миллат ин заруратро сари вақт эҳсос намуданд ва барои бунёди як неруи тозаи сиёсии идеологӣ – Ҳизби Халқии Демократии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) замина гузоштанд». Ниҳоят саъю кӯшиш ва ҷаҳду талоши Сарвари ҷонфидои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои нек ба бор овард. Дар муттаҳидӣ бо фарзандони асили халқ ва пайравону ҳамсафони воқеии Пешвои миллат мутобиқи талаботи асосии Конститутсияи мамлакат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт. Боиси ифтихор аст, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамсоли нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, баъди 34 рӯзи қабули ин бахтномаи миллат ташкил шуда, дар таъмини волоияти Конститутсия ва таҳкими қонуният саҳми шоиста дорад. Чунки ҳадафҳои оинномавию барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои татбиқи муқаррароти Конститутсия равона карда шудааст. Ин ҳамоҳангию ҳамсонӣ гувоҳи он аст, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби конститутсионӣ буда, фаъолияти он барои риоя, татбиқ ва волоияти Конститутсияи Тоҷикистон равона гардидааст. Дар қисмати «Муқаррароти умумӣ»-и Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон омадааст, ки: «Ҳизб дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ѓайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд». Ин муқаррарот нахуст 3 рукни шахсияти инсонию маънавии аъзои ҳизбро, ки аз 1) «Фазилатҳои баланди сиёсӣ», 2) «Сифатҳои наҷиби ахлоқӣ» ва 3) «Маърифати пурсамари маънавӣ» муайян кардааст, ки ҳизби мазкур мазҳ ба ин неруи тавоно такя карда, талош, ѓайрату кӯшиш, ҷидду ҷаҳд ва қобилияти зеҳнию тафаккур ва донишу маърифати онҳоро ба 4 самти истиқлолияти комил – 1) «Истиқлолияти сиёсӣ», 2) «Истиқлолияти иқтисодӣ», 3) «Истиқлолияти иҷтимоӣ» ва 4) «Истиқлолияти фарҳангӣ» равона месозад. Таҳлили ин гуфтаҳо баёнгари он аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо «эҷодкорона татбиқ намудани афкори пешқадами ҷамъият» манбаи ѓояҳои наву созанда аст. Ҳизб комилан ҳизби мардумӣ мебошад, чунки: «Манфиатҳои мардумро сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб» мавриди ҳимояи комил қарор медиҳад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизбест, ки барои дастгирӣ, равнақу ривоҷ ва инкишофи озодонаи «арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ» ҳамаҷониба талош менамояд. Ҳизб моҳиятан ва комилан ваҳдатгаро, башардӯст, инсонпарвар, созанда аст, зеро ки: «Ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), сепартизм (ҷудоихоҳӣ), терроризми сиёсӣ ва динӣ» бо қатъият маҳкум менамояд. Аз ҳама муҳим асоси фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон худшиносӣ ва ватанпарастӣ мебошад. Ҳамин тавр, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо чунин вижагию сифатҳои худ, бо Пешвои фарзонаву муқтадири миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон, Раиси муаззаму раҳнамои он мебошанд, бо фаъолияти амалии аъзои худ роҳи ташаккулу такомулро паймуда, имрӯз бо неруи ҷавонияш олитарин дастовардҳои истиқлолиятро дар саҳифаҳои зарини таърихи мавҷудият рақам зада, ҳамчун ҳизби худшиносию ватандӯстӣ мардумро ба сӯи фардои фирӯзи Ватан ва бахту саодат раҳнамун мекунад. Нурулло ОҚИЛЗОДА, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, вакили Анҷмумани 13-уми ҲХДТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.