Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲХДТ - АМАЛИСОЗАНДАИ ОРМОНҲОИ ХАЛҚ

ҲХДТ - АМАЛИСОЗАНДАИ ОРМОНҲОИ ХАЛҚ

Сегодня, 09:05
Хабарро хонданд: 11 нафар
Назарҳо: 0
ҲХДТ - АМАЛИСОЗАНДАИ ОРМОНҲОИ ХАЛҚ
Аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар арсаи сиёсии кишвар фаъолияти босамар дораду марому ҳадафи асосии он фароҳам овардани фазои амну ором, заминаи устувор гузоштан ба рушду тараққиёти Ватан ва таъмини саодати мардум мебошад, 31 сол сипарӣ гардид.
Ҳизби мо бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти маҳбубу мардумии кишвар, Қаҳрамони Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созмон ёфта, имрӯз ба як неруи қудратманду таъсиргузор ва маҳбуби ҷомеа табдил ёфтааст.
Дар давоми ин солҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон марҳалаҳои озмоишии пуршебу фарозро пушти сар намуда, аз имтиҳони санҷишии таърихӣ бо ифтихор ва сари баланд гузашт.
Дар ин марҳила мақому манзалати ҳизб на танҳо устувор гардид, балки сол ба сол тақвияту густариш ёфт.
Таърих ва заминаҳои пайдоиши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳанӯз аз давраҳои барои кишварамон бесуботу фалокатбор ибтидо мегирад.
Дар он шароит барои мардуми кишвар созмон додани ҳизбе зарур буд, ки ба татбиқи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат ва ба мардум фаҳмонидани моҳияти ин сиёсат кумак расонад.
Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд: “Мо метавонистем, ки ба сохторҳои ҳизбии дар он айём амалкунанда такя намоем. Вале ба чунин қарор омадем, ки ҳизби мустакили худро ташкил карда, бо роҳи сиёсии мустақилона равона шавем. Дар ин ҷараён ба мо лозим буд, ки барномаи фаъолияти ҳизби худро ба тақозои мардум, талаботи рӯз ва меъёрҳои демократӣ мутобиқ гардонида, бо вуҷуди мушкилоте, ки он рӯзҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҳукмфармо буданд, қадам ба қадам пеш равем. Ва муҳимтар аз ҳама, ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар таъсир расонида, барои беҳбудии он мусоидат намоем”.
Дар он давра масъалаи қабули Конститутсияи мамлакат барои давлату миллати тоҷик аз ҷумлаи масъалаҳои ҳаётан муҳим ба шумор мерафт. Яъне таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба давраи қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол рост омад ва беҳуда нест, ки меъёрҳои демократиро ҳамчун асолати конститутсионӣ нахустин шуда, ҳизби мо пешниҳод намуд ва барои қабул гаштани онҳо талоши зиёд кард.
Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон ҳамеша такя ба илму фарҳанг, арзишҳои маънавии худогоҳиву ватандӯстӣ намуда, баҳри татбиқи пурсамари сиёсати фарҳангии давлат, ки ба баланд бардоштани сатҳи маънавиёти халқ, ҳифз кардан ва ба манфиати ҷомеа истифода бурдани мероси таърихӣ ва фарҳангии миллат нигаронида шудааст, хизматҳои шоён кардааст.
Тайи солҳои сипаришуда ҳизби мо садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии истиқлолу озодӣ, суботу амният, демократия ва волоияти қонун собит намуда, то ба имрӯз барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ гардонида истодааст.
Бо ифтихору сарфарозӣ метавон иброз дошт, ки нақши ҳизби мо дар пешрафти ҳама самту соҳаҳои муҳимтарини мамлакат намоён ва комилан равшан аст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тӯли солҳои фаъолият дар баробари ташаккули элитаи сиёсии мамлакат, ба тарбияи қишри зиёии ватандӯсту давлатмеҳвар мусоидат намуда, дар густариши худшиносиву худогоҳӣ саҳми муносиб гузошт. Зеро маҳз ватандӯстиву худшиносӣ ва давлатмеҳварӣ омили таҳкими истиқлолу озодӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳизби мо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбари хирадманди хеш талош намуд, ки суботу амният ва ваҳдати миллӣ ба фарҳанги умумимиллӣ табдил ёбад ва дар ин ҷода муваффақ низ гардид.
Дар ин давра мо тавонистем, ки фарҳангу маърифати сиёии мардумро тақвият бахшида, ба боло рафтани масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат намоем. Зимнан, аҳзоби сиёсӣ дар ҳама давру замон ва дар ҳамаи кишварҳои олам мактаби ташаккули афкори сиёсӣ маҳсуб мегарданд.
Иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар маъракаҳои сиёсӣ ва иштирок дар корҳои созандагию бунёдкорӣ натиҷаи дастоварди ҳизби мо мебошад.
Ҳизби мо имрӯз дар арсаи байналмилалӣ низ мавқеву мақом пайдо намуда, ҳамкориҳои он бо ҳизбу ҳаракатҳои кишварҳои хориҷӣ рӯз аз рӯз тавсеа меёбад.
Фаъолияти бомарому раъиятпарварона ва ташаббусҳои ҷаҳонии Раиси муаззами он омили боло рафтани эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ низ гардидааст.
Имрӯз Тоҷикистони моро ҷомеаи ҷаҳонӣ як кишвари амну босубот ва дар ҳоли рушду тавсеа мешиносанду эътироф менамоянд.
Ҳизби мо ба ҳайси неруи раҳнамунсоз ва пешбарандаи ҷомеа аз ҷумлаи ниҳодҳои сиёсиест, ки беш аз ҳафтсад ҳазор нафар аъзо, инчунин, ҷонибдорони зиёд дошта, дар ҳалли масъалаҳои ҳамарӯзаи ҳаёти мардум фаъол ва саҳми он барои расидан ба ҳадафҳои рушди миллӣ ниҳоят муҳим мебошад.
Имрӯз низ ҳизби мо ҳамчун неруи асосии сиёсиву ҷамъиятии кишвар ва қувваи таъсиргузори ҷомеа дар ҳоли рушд қарор дошта, мактаби ғоявӣ ва назариявии он мунтазам такмил меёбад.
Ҳизби мо барои пешрафти устувору бомароми мамлакат, ки ҳадафи он фароҳам овардани шароит ҷиҳати рушди иқтисод ва бо ин роҳ муҳайё сохтани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, рушди неруи инсонӣ ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад, пайваста саъю талош мекунад.
Тақвият бахшидани иқтисоди миллӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар меҳвари фаъолият ва барномаҳои ҳизби мо ҷой гирифтааст.
Ҳанӯз дар солҳои мушкили даврони соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки мо таҳти фишори ниҳоят сахти мушкилоти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ ба барқарорсозии иқтисодиёти миллии харобшуда, ислоҳоти иқтисодӣ ва амалисозии марҳала ба марҳалаи муносибатҳои нави бозаргонӣ оғоз намудем.
Имрӯз кишвари мо дар марҳалаи нави рушд қарор дошта, Консепсияи рушди мамлакат то давраи соли 2050 ва Стратегияи рушди миллӣ то давраи то соли 2030 рушди минбаъдаи иқтисодиёти мамлакатро ташкил медиҳанд.
Ҳизби мо дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати мамлакат дар доираи татбиқи пайгиронаи муҳимтарин барномаву стратегияҳои рушди миллӣ мунтазам чораҷӯйӣ намуда, дар доираи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” барои равнақи иқтисоди миллӣ ва зина ба зина баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум талош намуда истодааст.
Натиҷаи ин талошҳо мебошад, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар сол аз сол афзоиш ёфта истодааст.
Аз ҷумла, Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соле қабл дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ таъкид дошта буданд, дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод.
Ҳамин тариқ, давра ба давра мо шароити мусоиди зиндагиро барои мардум фароҳам оварда, дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 18 фоизӣ дар соли 2024 коҳиш дода шуд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати иқтисодиёт дар ҳамкориҳои мутақобила бо мақомоти давлатӣ ҳамеша талошҳои рӯзафзун дорад.
Ҳизби мо аз соли 2008-ум инҷониб масъулияти бузурги сарпарастии маънавии сохтмони неругоҳи “Роғун”-ро бар дӯш гирифтааст ва дар пешрафти корҳои сохтмонӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ мекунад.
Дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари муаззами ҳизб пайваста чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ баргузор мешаванд, ки ҳадаф аз роҳандозии онҳо баланд бардоштани руҳияи кормандони ин иншооти ҳаётан муҳим аст.
Муҳиммияти иқдоми бунёди пурраи Неругоҳи барқи обии “Роғун” ҳамаи мо, аъзои ҳизбро водор ба он менамояд, ки бо дарки масъулияти бештар фаъолияти таблиғотиву ташвиқотиро ба роҳ монем ва дар ба таври комил мавриди истифода қарор додани ин иншооти бузурги аср саҳми худро гузорем.
Бахшида ба ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мо озмуни “Роғун-нурбахши роҳи фардои Ватан”-ро эълон намудаем, ки ғолибону иштирокчиёни он бо мукофотҳои ҳизбӣ ва туҳфаҳои арзишманд ҳавасманд хоҳанд гардид.
Соли равон дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҳизби мо раъйи аз ҳама бештарро ба даст оварда, пешсафиашро миёни аҳзоби сиёсии мамлакат ҳифз намуд. Ин нишондод бозгӯйи маҳбубияту маъруфияти ҳизби мо миёни аҳолии кишвар аст.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки пирӯзии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба обрӯву нуфуз ва истеъдоди фитрии Сарвараш алоқаманд аст.
Ҳизби мо беҳтарин дастовардҳои башариро бо тафаккури миллӣ ҳамоҳанг сохта, ҳама моделҳои муосири сиёсати ҷаҳониро бо арзишҳои маънавию фарҳангии миллат пайванд намудааст.
Маҳз бо ибтикори Раиси муаззами ҳизб мо ба таърихи миллат ва арзишҳои маънавӣ руҷӯъ намуда, баҳри густариши худшиносиву ватандӯстии шаҳрвандони кишвар талош намудем.
Барои раҳоӣ аз таассубу хурофот иқдом намуда, роҳи зиндагии саодатмандонаро бо такя ба илму хирад мушаххас гардонидем.
Ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дорои имкониятҳои мусоиди фаъолият буда, имрӯз дар татбиқи ҳадафҳои оинномавӣ ва барномаҳои ҳизб саҳми арзанда мегузоранд.
Ҳизби мо дар Парламенти мамлакат Фраксияи қавӣ таъсис дода, 42 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ шомили он мебошад.
Аъзои Фраксия дар мақоми олии намояндагӣ ва қонунбарори мамлакат на танҳо дар эҷоди қонунҳо пурсамар фаъолият карданд, балки дар такмили асноди зиёди меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат саҳми муносиб мегузоранд.
Бо ташаббуси Фраксияи ҳизби мо дар Маҷлиси намояндагон шумораи зиёди қонунҳо қабул гардидаанд, ки онҳо дар маҷмуъ, ба таҳкими низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар ва зиндагии орому босуботи мардуми Тоҷикистон мусоидат намуданд.
Дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030, ки самтҳои муҳимтарини рушди Тоҷикистонро пешбинӣ менамояд, стратегияи минбаъдаи он муайян шудааст.
Дар он таъкид гардидааст: “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти миллӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ ва тавсеаи ваҳдату ягонагии халқи Тоҷикистонро аз ҳама арзишҳо болотар дониста, барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумуи иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дар маҷмуъ, давлатдории миллӣ саъю талош менамояд”.
Ҳизби мо зери роҳбарии Пешвои миллат ҳадафу вазифаҳои худро зери шиори “Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон!” мушаххас намудааст ва маҳз ҳамин ҳадаф самти асосиву муҳимтарини фаъолияти мо дар давраи минбаъда мебошад.
Бовар дорам, ки ҳар як шаҳрванди ватандӯсти ин сарзамин, бахусус ҳар як узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар амалӣ намудани ин ҳадафу ормонҳои ба фардои неки давлат ва халқамон нигаронидашуда дар оянда низ пешсаф хоҳад буд.
Ҳамаи аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии ин ҳизби мардумӣ самимона табрик намуда, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи он азму неруи тоза ва комёбиву муваффақият орзу менамоям.
Бигзор Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарию роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳалаҳои минбаъда ҳамчун чароғи роҳнамои халқ ҳамеша равшанибахшу раҳнамои мо бошад.
Маликшо НЕЪМАТЗОДА,
муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: