
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 2-юми март баргузор мешавад. 6 ҳизби сиёсӣ номзадҳои худро барои интихобот пешниҳод кардаанд. Таблиғи номзадҳо дар кишвар оғоз шудааст. Ҳоло аз 63 курсии вакилӣ дар парлумон аксарашро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) соҳиб аст. Нашрияи “Истиқлол” бо муовини аввали Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода оид ба омодагиҳои ҳизб ба интихоботи дар пеш истода ва дигар паҳлуҳои ин маъракаи сиёсӣ суҳбат доир кард.
- Тавре медонем, баргузории интихоботи парлумонӣ дар кишварамон 2-юми марти имсол баргузор мегардад. Омодагии шумо ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ чӣ гуна аст?
- Ҳизби мо миёни аҳзоби сиёсии кишвар ҳизбе аст, ки фаъолияти доимиву бетанаффус дорад. Мо омодагиро ба интихоботи навбатии Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҳанӯз аз нимаи соли 2024 шуруъ намуда будем. Вобаста ба ин аввалин иқдоми мо ҷамъбасти натиҷаҳои интихоботҳои қаблӣ, омӯзиши санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ оид ба интихобот ва вобаста ба он ташкил ва баргузории семинару тренингҳо миёни кормандону таблиғотчиёни ҳизб буд.
Ҳамчунин, аз ҳисоби мутахассисони варзида ва аъзои фаъоли ҳизб барои таҳияи лоиҳаи Барномаи пешазинтихоботӣ гурўҳи корӣ таъсис дода шуд. Дар марҳалаи омодагӣ мо шиори асосии ҳизбро интихоб намудем ва дар рӯзи баргузории Анҷумани 15-уми ҳизб Ситоди пешазинтихоботиро таъсис додем, ки ҳама масъалаҳои кории мо вобаста ба интихобот дар ҷаласаҳои Ситод мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Ҳамин шабу рӯз фаъолияти асосии мо ба таблиғу ташвиқот равона гардидааст ва дар асоси нақшаҳои тарҳрезишуда мулоқоти номзадҳои мо дар ҳама маҳалу минтақаҳо дар сатҳи матлуб ҷараён дорад.
- Рисолати ҳар як ҳизби сиёсӣ бо барномаҳои фарогири ҳаёти иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодиву сиёсӣ иштироки фаъолона кардан дар пешбурди ҳаёти ҷомеа аст. Барномаи шумо нисбат ба барномаҳои дигар аҳзоби сиёсӣ чӣ бартариятҳо дорад?
- Барномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 18-уми декабри соли 2024 дар Анҷумани 15-уми ҳизб тасдиқ гардид.
Пеш аз ҳама, бояд қайд намуд, ки таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳким бахшидани давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, ваҳдату ягонагӣ ва суботу амният муҳимтарин масъалаҳои барномаи мо маҳсуб меёбанд.
Ҳизби мо ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф карда, барои татбиқи моддаи якуми Конститутсия, ки барои ҳар як узви ҷомеа шароити арзанда ва инкишофи озодонаро муқаррар кардааст, талош меварзад. Бинобар ин, Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон самтҳои муҳимтарини рушди Тоҷикистонро дар панҷ соли оянда дар мадди аввал гузоштааст.
Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Анҷумани ХV Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон басо бамаврид қайд намуданд: “Мо ба интихоботи дарпешистода бо барномаи худ, ки фарогири ҳамаи масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа ва давлат аст, ворид мешавем. Барномаи пешазинтихоботии ҳизби мо ҳадаф ва самтҳои муҳимтарини рушди Тоҷикистонро барои солҳои 2025-2030 муқаррар намуда, ба таҳкими озодиву истиқлол, пойдории суботу амният, рушду тавсеаи иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар нигаронида шудааст”.
Қобили қайд аст, ки таъмини рушди иқтисодиёт яке аз вазифаҳои муҳимтарини мо буда, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон фаъолияти худро ба амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат равона месозад.
Масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф ҳамчун самтҳои стратегии сиёсати давлатӣ дар меҳвари сиёсати ҳизби мо қарор доранд.
Масъалаи фарҳанги миллӣ ва иттилоот низ дар фаъолияти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мақоми махсусро ишғол менамояд.
Зеро фарҳанги миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҳувияти ҳар як халқ аст.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки барои аз таҳмили (экспансияи) омилҳои манфӣ ва мафкураи бегона эмин нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ шаҳрвандонро дар руҳияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандӣ тарбия намоем.
Инчунин, дар доираи барномаи ҳизб масъалаҳои ташаккули «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ ҳамчун самтҳои афзалиятнок аҳамияти калидӣ доранд.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон зарурати такмили низоми қонунгузориро шарти муҳими пешрафти ҷомеа ҳисобида, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва таъмини волоияти қонунро ҳамчун талаботи асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолияти самарабахши низоми сиёсии кишвар эътироф менамояд.
Ҳизби мо дар партави сиёсати «Рӯй овардан ба ҷавонон» тадбирҳои мушаххасро амалӣ карда, барои рушди зеҳнию ҷисмонии ҷавонон имкониятҳои мусоидро муҳайё менамояд.
Боло бурдани нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, идома додани сиёсати «дарҳои кушода» ва ҳамкорӣ бо ҳама кишварҳои ҷаҳон дар заминаи эҳтироми усулу меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналхалқӣ ҳадафи дар фаъолияти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар бахши сиёсати хориҷӣ ба ҳисоб меравад.
Итминон дорем, ки сармоягузорӣ ва хосса сармояи инсонӣ, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист имкон медиҳад, ки Тоҷикистони азизи мо аз лиҳози сиёсӣ устувору босубот, аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафтаву қудратманд, аз назари иҷтимоӣ одилонаву рушдёфта ва барои пешбурди зиндагии ҷомеа созгор мегардад.
Хусусияти Барномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон моҳияти комил ва фарогир будани он аст. Бале, ҳизбҳои сиёсии дигар низ барномаҳои хуби худро пешниҳод намудаанд ва интихоб озод аст. Аммо аксари ҳизбҳои сиёсӣ ба пешрафти як соҳаи муайян таъкид менамоянд: яке ба рушди соҳаи кишоварзӣ, дигаре ба рушди соҳаи ҳуқуқ, дигаре ба ислоҳоти иқтисодӣ ва ғайра. Аммо, хусусияти фарқкунандаи барномаи ҳизби мо дар он аст, ки он аз тарафи гурўҳи калони мутахассисони варзида ва сатҳи олии ҳамаи соҳаҳо таҳия шуда, ҳамзамон рушди тамоми соҳаҳоро дар бар мегирад. Он як барномаи соҳавӣ нест, балки барномаи фарогири рушди кишвар аст. Пас, агар мо рушди ҳамаи соҳаҳои кишвар, пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти худро мехоҳем, маҳз барномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро бояд интихоб намоем.
Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон тамоми масъалаҳои ҷомеаи кишварро фаро мегирад, ки иҷрои он вазифаи муҳими ҳар як аъзои фаъоли ҳизб ба ҳисоб меравад.
Мо ҳама ҳадафу тасмимҳоямонро дар шиори “Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон!” хулоса намудаем ва дар партави он фаъолият хоҳем кард.
- Дар интихоботи парлумонӣ аҳзоб кӯшиш мекунанд номзадҳои арзандаро ба вакилӣ пешбарӣ намоянд. Аз номзадҳои ба вакилӣ пешбаринамудаи худ чӣ умед доред?
- Аз 28 нафар номзадҳои пешбаринамудаи ҲХДТ аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ 11 нафари онҳо бонувон ва 17 нафар мардон буда, намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла 5 нафар ҳуқуқшинос, 8 нафарашон иқтисоддон, 5 нафар омӯзгор, 3 нафар адабиётшинос ва дигарон таърихшинос, технолог, муҳандис, агроном ва мутахассиси умури гумрукӣ мебошанд.
Ҳамчунин дар 41 ҳавзаи якмандатӣ низ мо номзадҳои сазовори худро пешниҳод намудаем.
Дар интихоби номзадҳо мо донишу лаёқат, маҳорати касбӣ, таҷрибаи корӣ, сифатҳои кордонӣ ва забондониро низ ба инобат гирифтаем. Ҳизби мо шахсонеро ба вакилӣ пешниҳод кард, ки ба хотири пойдорӣ ва устувории давлат талоши доимӣ дошта бошанд. Бовар дорем, ки баҳри дар амал тадбиқ намудани Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки он ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо самтҳои муҳимтарини рушди Тоҷикистонро барои солҳои 2025 - 2030 пешбинӣ менамояд ва мақсади асосии он таҳким бахшидани давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, ваҳдату ягонагӣ ва суботу амният дар ҷомеа мебошад, талош намуда, ба Ватан, давлат ва ҷомеа содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо нигоҳи нав ворид хоҳад шуд.
Бинобар ин, аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар даъват ба амал меорем, ки дар татбиқи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва фароҳам овардани ояндаи созгор «Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон!» якҷо бо мо саҳмгузор бошанд.
- Тахминан, гуфта метавонед, ки дар парлумони кишвар чанд курсиро ба даст оварда метавонед?
- Мо ҳамеша талош менамоем дар интихобот, ки маъракаи муҳими сиёсӣ мебошад, пешсафиамонро ҳифз намоем. Вале хотирнишон бояд кард, ки натиҷаи интихобот аз раъйи электорати сиёсӣ (интихобкунандагон) вобаста мебошад. Бар ҳар сурат умедворем ва талош низ менамоем, ки дар ин масъала комёб бошем.
- Ба назари шумо, номзадҳое, ки ба вакилӣ пешбарӣ шудаанд, баъди интихоб гардидан бояд чӣ гуна фаъолият баранд ва бештар ба кадом соҳаҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд?
- Барномаи пешазинтихоботии ҳизби мо асоси воқеӣ ва таҷрибавӣ дошта, паҳлуҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро фаро мегирад. Бинобар ин, ҳар як номзад аз ҳизби мо, ки мандати вакилиро шарафёб мегардад, зарур аст, ки дар татбиқи барномаи ҳизб, ки ба рушди рўзафзуни иқтисоди кишвар ва пешрафту ободии ояндаи Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард, таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намояд. Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки “имрӯз аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро ғояи умумӣ ва вазифаҳои бузурге, ки ҳалли онҳо танҳо ба манфиати ҷомеа аст, муттаҳид менамояд”. Ҳамин андеша бояд дар зеҳни ҳар вакили мо ҷой дошта бошад.
Мардуми кишвар аз онҳо умедвориҳои калонро интизоранд. Итминон дорем, ки дар фаъолиятҳои минбаъдаашон, дар ҳама самту бахшҳои вакилии худ, ҳам самти қонунгузорӣ, ҳам самти намояндагӣ ва ҳам фаъолиятҳои байналмилаливу байнипарлумонӣ ҳадафмандона ва ҷиддию дилсӯзона амал менамоянд.
Мусоҳиб:
Абдураҳмон РАҲМОНОВ,
“ИСТИҚЛОЛ”