Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » НАҚШИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ ДАР ТАШАККУЛИ МАЛАКАИ ҶАВОНОН

НАҚШИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ ДАР ТАШАККУЛИ МАЛАКАИ ҶАВОНОН

Сегодня, 09:00
Хабарро хонданд: 12 нафар
Назарҳо: 0
НАҚШИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ ДАР ТАШАККУЛИ МАЛАКАИ ҶАВОНОН

Ҷавонон неруи созандаи ҷомеа, муҳаррики пешрафти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳар як давлат ба шумор мераванд.
Ин қишри ҷомеа рамзи оянда ва рушди устувор буда, бо қобилияти инноватсионӣ, ташаббускорӣ ва эҷодии худ метавонад тамоми соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла иқтисоду фарҳанг ва илмро такмил ва барномарезӣ намояд. Донишмандӣ ва донишандӯзии ҷавонон барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҷомеа бисёр муҳим аст.
Ҳар намунаи фаъолияти ҷавонон, ки мо имрӯзҳо мебинем, ба рушду пешрафт ва инкишофи ҷомеа таъсири беандоза дорад.
Ҷавонон ҳамчун неруи бузург бо вуҷуди кӯшишҳои пайваста, ки барои беҳбудии оянда нигаронида шудааст, бояд масъулияти хешро низ дарк намоянд.
Ин неруи бузург натанҳо ҳамчун иштирокчии фаъол дар ҷомеа, балки ҳамчун роҳбарони оянда низ метавонанд нақши бориз дошта бошанд. Аз ин рӯ, онҳо бояд барои ояндаи худ андешанд ва бо кӯшишу дониши худ ба созандагии ҷомеа мусоидат намоянд.
Таҳсил ва донишазхудкунӣ барои гирифтани малакаи касбӣ барои онҳо хеле муҳим аст. Зеро омӯхтан ва дарки имкониятҳои навини таҳсил ба рушди шахсият ва қобилияти касбии онҳо кумак мерасонад. Бояд гуфт, ки дар асри рақамӣ ҷавонон бештар ба омӯзиш ва аз худ кардани технологияҳои муосир таваҷҷуҳ доранд. Ин имконият медиҳад, ки онҳо дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳбарон ва соҳибкорони муваффақ табдил ёбанд. Ҷавонон метавоннад ба оянда ва беҳбудии ҳар як миллат таъсири мусбат расонанд. Бо ин мақсад мо бояд онҳоро тарбият намоем, ки як роҳи ҷалби инсонпарварӣ ва донишандӯзӣ ин фаъолияти волонтёрии онҳост.
Волонтёрӣ фаъолияти озодонаи ҳар як шахс буда, падидаи муҳим дар рушди ҷомеаи муосир ба шумор меравад. Волонтёр касест, ки бо хоҳиши худ ва муҳаббат ба инсонҳо кумак мерасонад ва дар беҳтар кардани муҳити атроф саҳм мегузорад.
Мақсади асосии фаъолияти волонтёрон ин аст, ки ба дигарон дасти ёрӣ дароз намоянд. Ин метавонад кумак ба ашхоси ниёзманд, иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, ҳифзи муҳити зист, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва бисёр самтҳои дигарро дар бар гирад.
Фаъолияти волонтёрӣ натанҳо барои ҷомеа, балки барои худи волонтёр низ манфиатбахш аст. Онҳо таҷрибаи нав мегиранд, малакаҳои муошират ва роҳбариро меомӯзанд. Барои ҷавонон волонтёрӣ як роҳи муҳимест барои омӯхтани зиндагӣ ва шиносоӣ бо талаботи замон.
Дар кишвари мо чандин созмонҳо ва гурӯҳҳои волонтёрӣ фаъолият мекунанд, ки дар рӯзҳои бисёр ҳам зарурӣ ба ҷомеа кумак мерасонанд. Яъне волонтёрӣ ин нишонаи инсондӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва меҳрубонӣ нисбат ба дигарон ва муҳити атроф аст.
Дар кишвари мо низ чандин созмонҳои волонтёрӣ фаъолият менамоянд, ки яке аз онҳо Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар назди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин ташкилоти ҷамъиятӣ соли 2011 таъсис дода шуда, дорои Оинномаи махсуси фаъолият мебошад, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сандҳои меъёрию ҳуқуқии дохилӣ ва байналмилалӣ такя менамояд.
Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” намояндагии худро дар ҳар шаҳру ноҳияҳо дар назди кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ таъсис додааст. Аз ҷумла, дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода намояндагии худро дорад ва бо ҷалби 88 нафар волонтёр фаъолият мекунад.
Намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода пайваста ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба чорабиниҳо ва маъракаҳои ободонию кабудизоркунӣ тадбирҳои гуногунро роҳандозӣ менамояд.
Мақсад аз ҷалби ҷавонон ба фаъолияти волонтёрӣ ин баланд бардоштани малака ва ташвиқи онҳо ба инсондӯстӣ мебошад.
Ҳангоме ки онҳо ба ин ё он чорабинӣ ё амали хайр, аз ҷумла ёрӣ расонидан ба ниёзмандон ҷалб мегарданд, ҳам фаъолу соҳибтаҷриба мешаванд ва ҳам фирефтаи доми ин ё он гурӯҳҳои ифротгаро намегарданд. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз масъалаҳои бисёр нигаронкунанда дар ҷомеаи кунунӣ гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба шумор меравад.
Имрӯз мо мушоҳида мекунем, ки бархе аз ҷавонон аз надоштани дониши кофӣ, хусусан дониши кофии динӣ фирефтаи доми ин бадхоҳони миллат мегарданд.
Дар шароити кунунӣ барои ҳар яки мо, хусусан ҷавонон тамоми шароит муҳайё мебошад.
Муассисаҳои таълимии замонавӣ, китобхонаҳои бошукуҳ, озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва оромиву ободӣ моро водор мекунад, ки бештар кӯшиш намоем, то Ватанамонро аз ин ҳам зеботару ободтар намоем. Зеро маҳз ҳадафи асосии гурӯҳҳои ифротӣ дар он аст, ки ҷавононро мағзшӯйӣ намуда, ба воситае онҳоро хоини Ватан ва гумроҳ намоянд.
Ин гурӯҳҳои ифротӣ тавассути маблағҳои калони пулӣ ва сомонаҳои интернетӣ ҷавононро фирефта намуда, бар зидди миллаташон истифода мебаранд. Онҳо пушти пардаи ислом фаъолият менамоянд, аммо худ аз шариат заррае огаҳӣ надоранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр карда буданд: “Террорист хона, дин, мазҳаб ва Ватан надорад”.
Воқеан ҳам, агар онҳо аз шариат бохабар мебуданд, ҳеҷ гоҳ даст ба ин амалҳо намезаданд. Хонаеро вайрон, модареро бефарзанд, кӯдакеро ятим намекарданд. Ба ин гурӯҳҳо нафароне шомил мешаванд, ки гумроҳ ё фирефта гардидаанд.
Ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба гурӯҳҳои терорристию экстремистӣ, майл намудан ба истифодаи маводҳои нашъаовар ва пеш аз ҳама, тарбия намудани онҳо дар руҳияи ватанпарстию хештаншиносӣ Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2025 ҷиҳати ҷалби ҷавонон як қатор чорабиниҳоро ташкил ва баргузор намуд.
Бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, тарзи ҳаёти солим, завқи зебоипарастӣ ва фарҳанги шаҳрнишинӣ бо ҷалби 80 нафар донишҷӯдухтарон (волонтёрон)-и коллеҷҳои қаламрави шаҳри Турсунзода аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Либоси миллии ман- ифтихори ман” баргузор гардид.
Ҷиҳати арҷгузорӣ ба дастовардҳои миллӣ, тарбияи ватандӯстию ватанпарастии ҷавонон, амалӣ намудани ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи ҳизб, эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ Фестивали ҷавонон таҳти унвони “Тоҷикистон-кишвари сайёҳӣ” бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он аз тамоми минтақаҳои кишвар бо роҳбарии муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода ва раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Оятулло Аҳмадзода 80 нафар аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.
Меҳмонон аз Осорхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ва ҶДММ “Сардор-2008” дидан намуда, бо фаъолияти корхона шинос шуданд. Сипас, бо мақсади арҷ гузоштан ба хизматҳои шоёни устод Мирзо Турсунзода дар назди муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон гулчанбар гузошта, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр гаштугузор намуданд.
Барои бардоштани таассуроти нек аз шаҳри Турсунзода ва пойдор мондани дӯстии ҷавонон дар Боғи фарҳангу фароғатии “Баҳори Истиқлол”-и шаҳр “Шоми дӯстӣ” баргузор гардид, ки дар он ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр ҳунарнамоӣ карданд.
Ҳамчунин, ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ волонтёрон ҳар сол дар арафаи таҷлили Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ аз қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр дидан намуда, бо шароит ва буду боши сарбозон шинос мегарданд. Яъне бо ҷалби ин неру ба чорабиниҳо ва тақвият бахшидани малакаю дониши онҳо мо метавонем садди роҳи хатокорӣ ва гумроҳшавии ҷавонон шавем. Зеро ки ҷавонон манбаи умеди миллат ва меҳвари пойдории давлат мебошанд.

Осим АТОЕВ,
роҳбари намояндагии Ташкилоти
ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Турсунзода



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: