Ҷумъа, 21 феврал 2025
Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Маҷлиси ҳисоботии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" дар шаҳри Турсунзода баргузор шуд

Маҷлиси ҳисоботии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" дар шаҳри Турсунзода баргузор шуд

28-01-2025, 11:40
Хабарро хонданд: 272 нафар
Назарҳо: 0
Маҷлиси ҳисоботии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" дар шаҳри Турсунзода баргузор шуд
Маҷлиси ҳисоботии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" дар шаҳри Турсунзода бо иштироки раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" Оятулло Аҳмадзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода Нурулло Ҳабибуллозода, муовини директори муассисаи давлатии Колеҷи тиббии шаҳри Турсунзода, Мавзуна Иброҳимова ва устодону донишҷӯёни ин муассиса баргузор гардид. Нахуст Осим Атоев вобаста ба самти ҷавонон ва нақши онҳо дар амалисозии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ баромад кард.

Сипас раиси ТҶҶ "Созандагони Ватан", Аҳмадзода Оятулло оид ба самтҳои муҳими паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуд. Мавсуф зикр дошт, ки паёми навбатии Роҳбарияти олии кишвар ҳамчун дастур ва роҳнамо бояд дар кору фаъолияти ҳаррӯзаи мо мавриди амал қарор бигирад. Яке аз самтҳои муҳиме, ки дар паём таъкид шуд, ин ҷалб намудани ҷавонон ба илму ҳунаромузӣ ба ҳисоб меравад. Бо такя ба ин самт Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҷавонон бояд ҳамқадами замон бошанд ва аз омӯзиши илмҳои муосир бархурдор гарданд.

Як қатор масъалаҳои муҳими паёми Роҳбари давлат мавриди таҳлилу баррасии ҳозирин қарор гирифт. Дар охир ба якчанд ҷавонони фаъол сипоснома тақдим карда шуд.
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: