2022-05-17
Таҳти ин унвон бо иштироки намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш ва телевизион ва радио мизи мудаввар доир гардид, ки онро раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, доктори илмҳои сиёсӣ Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ва раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» Оятулло Аҳмадзода роҳбарӣ карданд.
Дар мизи мудаввар муҳимтарин масъалаҳои марбут ба фаъолияти созмон ва вазифаҳои он дар шароити муосир матраҳ гардиданд.
Аз ҷониби Қ.Миралиён, ки дар ин самт таҷрибаи ғанӣ дорад, масъалаҳои ба роҳ мондани таблиғи ғояҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, таҳаммулпазирӣ, аз худ кардани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, таҳкими ваҳдат ва суботи ҷомеа, ва сафарбар намудани нерӯи зеҳниву ташкилотчигии ҷавонон дар корҳои созандаи илмиву эҷодӣ ва роҳбарӣ дар доираи нишондодҳои барномавӣ баррасӣ гардид. ҲХДТ кӯшиш менамояд, ки ҷавононро ҳамчун нерӯи воқеии роҳбарикунанда муаррифӣ карда, саҳми назарраси онҳоро дар рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ таъмин намояд.
Баъд аз муҳокимаи масъалаҳои мавриди назар дар ҷамъбасти мизи мудаввар дастур дода шуд, ки кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо фаъолияти намояндагии Ташкилоти ҷамъияти ҷавонон “Созандагони Ватан”-ро зери назорати қатъӣ қарор дода, дар амалӣ гардидани ҳадафҳои оинномавии ташкилот мусоидат намоянд ва барои фаъолияти густурдаи он шароити хуби корӣ фароҳам оранд.
Хотиррасон мекунем, ки ҳанӯз соли 2011 дар Маҷлиси васеи КИМ ҲХДТ дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масъулияти онҳо барои устувор гардонидани мавқеъ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси иттиҳодияи алоҳидаи кор бо ҷавонон дар назди ҲХДТ бо номи “Созандагони Ватан” дастур дода буданд.
Дар тӯли беш аз 10 соли фаъолият ташкилот корҳои созгореро ба нафъи ҷомеа ва ҷавонон ба сомон расониданд. Дар давраҳои гуногун ба ҳайси раиси ташкилот Маъмурзода Адҳам – Раиси шаҳри Истаравшан, Шарифӣ Фирӯза – муовини Раиси вилояти Хатлон, Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардаанд. Ҳоло Аҳмадзода Оятулло Изатулло Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон”Созандагони Ватан” мебошад.
Дар охир, вобаста ба мавзуъ музокираи судманд сурат гирифт.