
Имрӯзҳо бо омадани баҳори нозанин ва муждаи Наврӯзи байналмилалӣ чун анъана дар идораву муассисаҳои ноҳияҳои пойтахт шанбегиҳои умумӣ доир мегарданд. Дар ноҳияи Фирдавсӣ низ аз ин анъана пайгирӣ намуда, кормандони муассисаву идораҳо дар ободиву тозагии муҳит саҳми хешро гузоштанд. Дар ташкилоти ибтидоии «Нафту газ»- и КВД «Нафту газ» тамоми кормандон бо ҷидду ҷаҳди тамом дар тозагиву ободии саҳни муассиса ва гирду атрофи он, рангу бори панҷараҳои муассиса, нармкунии бехи дарахтон, ниҳолшинонӣ, ба тартиб даровардани беруни бино ва тоза намудани ҷӯйборҳо саҳм гирифтанд. Саидҷон Саидраҳмонов, директори КВД «Нафту газ» иброз дошт, ки шанбегӣ дар арафаи баҳор ва ҷашни байналмилаии Наврӯз беҳтарин анъанаи тоҷикон буда, ҳикмати бузургеро дар худ дорост. Тозагии хонаву гирду атроф инсонҳоро аз нопокию бадиҳо дур намуда, ба сӯи умеду орзуҳои нек ва мақсадҳои наҷиб ҳидоят месозад. Ҳамеша тозагӣ, ободкорӣ, эҳсонкорӣ қосиди рушду субот аст. Аз ин рӯ, барои кормандони муассисаи мо шанбегӣ як маъракаи муҳим ва наҷиб маҳсуб меёбад. Имрӯз дар саҳни ҳавлии муассиса беш аз 40 ниҳоли мевадиҳанда ва ороиширо кормандон бо орзую омол шинонданд. Дар шанбегиҳои дигар низ, ки то ҷашни Наврӯз идома меёбанд, ният дорем, таъмиру тармими дохилу беруни биноро низ анҷом диҳем,-гуфт С. Саидраҳмонов.
С. Зуҳра