Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲАЁТИ ҲИЗБ

ҲАЁТИ ҲИЗБ

24-09-2025, 16:31
Хабарро хонданд: 663 нафар
Назарҳо: 0
ЁВОН
НАҚШИ ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
ҲАЁТИ ҲИЗБ
Таҳти чунин унвон дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 17-уми июли соли 2025, ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон санаи 19-уми сентябри соли 2025, дар Кохи фарҳанги ноҳия конференсияи сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода, мудири шуъбаи таҳлилӣ-иттиллоотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳло Ҳасанзода, муовини раиси ноҳияи Ёвон Саёҳат Абдуллозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Меҳроҷи Абдулҳаким намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ширкат варзиданд.
Конфронсро муовини раиси ноҳия Саёҳат Абдуллозода ифтитоҳ намуда, меҳмононро хуш омадед гуфт. Дар идома муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода ва намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳло Ҳасанзода суҳбати хубу хотирмон намуда, ҷашни муқаддаси Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳозирин муборакбод намуданд.
Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода зимни баромади хеш масъалаҳои нақши занон дар рушди давлатдорӣ, тарбияи насли наврас, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатиро мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид намуд, ба моҳияти соҳибистиқлолӣ, арзиши олӣ доштани Истиқлоли давлатӣ ва талошҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик дар роҳи расидан ба ин неъмати бебаҳо, дастоварҳои миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии хеш, эҳё гардидани урфу одат, анъанаҳо ва рукнҳои хоси миллӣ дар ин замон инчунин, бунёди давлати миллии тоҷикон таҳти Роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуд.
Қайд гардид, ки маҳз Истиқлоли давлатӣ ба мо, миллати тоҷик имкон дод, то забони давлатӣ, таъриху фарҳанги куҳан ва урфу одатҳои хоси миллии хешро эҳё бисозем ва ҳамчун муқаддасоти миллӣ пос дорем.
Дар фарҷоми конференсия як қатор фаъолбонувону ҳунармандони ноҳия бо сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон сарфароз гардонида шуданд.
Дар қисмати фарҳангии конференсия ҳунарманд Зиёвиддини Нурзод баромад намуда, хотири модарону бонувонро шод гардонид.
СУҒД
МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТ
ҲАЁТИ ҲИЗБ
19 сентябри соли 2025 дар толори хурди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Маҷлиси Кумитаи иҷроияи вилоятӣ бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода, кормандони масъули кумиҷроияи вилоятӣ ва раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳриву ноҳиявии ҳизб баргузор гардид.
Ҷаҳонгир Салимзода дар суханронии ифтитоҳии худ таъкид кард, ки дар 8 моҳи сипаригардида фаъолияти ҲХДТ дар вилояти Суғд дар самти татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб, иҷрои нақшаи чорабиниҳо ва таҳкими нуфузу мавқеи ҳизб дар байни оммаи мардум тавсеа ёфтааст.
Раиси кумиҷроияи вилоятӣ дар идомаи суханронӣ масъалаҳои муҳимми корҳои дохилиҳизбӣ, баланд бардоштани масъулияти ташкилотҳои ибтидоӣ, ҷалби бештари фаъолон ба корҳои тарғиботӣ ва ташкили обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ "Минбари халқ" ва "Сухани халқ"-ро аз самтҳои муҳимми фаъолият унвон кард.
Ҷараёни маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ барои соли 2025 зери назорати доимӣ қарор дорад ва масъулин муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати вусъат додани фазои иттилоотӣ ва таҳкими робита бо мардум корҳои таблиғотиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.
Вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо сокинон бо усули "Маҳал ба маҳал" ва "Деҳа ба деҳа", Ҷаҳонгир Салимзода ҷиҳати вусъати онҳо тавсияҳои мушаххас дод.
Яке аз масъалаҳои муҳимми дигари мавриди баррасӣ раванди сохтмони бинои нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд буд. Бунёди чунин иншооти муҳимми сиёсиву иҷтимоӣ нишонаи рушди зерсохтори ҳизбӣ ва тақвияти заминаи моддиву техникии барои фаъолияти самараноки ҳизб дар вилоят арзёбӣ гардид. Ба масъулин супоришҳои қатъӣ дода шуд, ки дар самти сохтмони иншоот тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар охири маҷлис вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, таҳлили фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ва нақшаи корӣ дастуру супоришҳо дода шуд.
Маҷлис дар самти таҳкими фаъолияти ҲХДТ дар вилояти Суғд, ҷалби бештари мардум ба корҳои ҳизбӣ ва тақвияти заминаи моддии он қадами муҳим арзёбӣ гардид.
ФИРДАВСӢЭҲЁИ СУННАТҲОИ МИЛЛӢ ВА ТАБЛИҒИ ФАРҲАНГИ АҶДОДӢ
ҲАЁТИ ҲИЗБ
Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷиҳати густариш бахшидани рушду равнақи фарҳанги миллӣ, таблиғу ташвиқи расму русум, урфу анъана, арзишҳои миллӣ, талқини либоси миллӣ миёни занону бонувон, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва эҳёи суннатҳои неки ниёгон ҳамоиши фаъолзанони ноҳия баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе Фазилатпочои Маҳмадюсуф, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилрабо Маҳмашарифзода ва дигар бунувону фаъолонзанон аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Нахуст иштирокчиёни ҳамоиш аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аксу мусавварҳои инъикоскунандаи расму русум, урфу анъана, либоси миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар дидан намуданд.
Дар ин раванд, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ Ҷурабек Муродзода ҳамоиши фаъолзанони ноҳияи Фирдавсиро таҳти унвони “Нақши занон дар эҳёи суннатҳои миллӣ ва таблиғи фарҳанги аҷдодӣ” ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки боиси қаноатмандӣ ва зикри хос аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози марҳилаҳои аввали даврони соҳибистиқлолии кишвар ба масъалаҳои баланд бардоштани мақому манзалати занон ва нуфузу эътибори онҳо мароқи бештар зоҳир карда, раванди татбиқи ин ҷараён имрӯзҳо дар шаклу сурати густарда идома дорад.
Ҳамчунин бо дарназардошти мақому мартабаи занон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардошти мақоми занон дар ҷомеа» ба тасвиб расонида шудааст, ки татбиқи самарабахши ин санади зарурӣ, мавқеъ ва ҷойгоҳи занону бонувони моро дар ҷомеа боз ҳам баландтару устувортар намуд.
Гуфта шуд, ки имрӯзҳо бо заҳматҳои фидокорона ва нангу номуси ватандорӣ занону модарони мо дар соҳаҳои гуногуни кишвар баробари мардон кору фаъолият босамар доранд.
Дар баробари ин, ҷиҳати ҳифзи фарҳанги миллӣ занону духтаронро зарур аст, ки барои пос доштани либоси миллӣ ва ба насли оянда мерос гузоштани он саҳм гузоранд.
Модарону бонувони тоҷикон тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард. Зеро тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳое мебошанд, ки бо доштани таъриху фарҳанг ва маданияти пурғановат қобили эътирофи ҷаҳониён гардидаанд.
Дар фарҷом як қатор устодону омӯзгорон ва ҷавонони фаъол бо ифтихорномаю сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ сарфароз гардонида шуданд.

РӮШОН
РӮ БА РӮ БО САРБОЗОН

Дар Қисми Низомии 0444-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон, санаи 20-уми сентябр, чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бахшида ба муносибати 34-солагии Истиқлоли Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.
Дар ин ҷашни бошукӯҳ, ки дар фазои ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои милливу давлатӣ доир гардид, намояндагони мақомоти маҳаллӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои таълимӣ ширкат варзиданд. Аз ҷумла, раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" Оятулло Аҳмадзода, муовини раиси ноҳияи Рӯшон Лайло Чоршанбезода, раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон Холиса Саидхонзода, фармондеҳи қисми ҳарбии мазкур Суҳроб Раҳимзода, афсарону сарбозон, хонандагони синфҳои болоии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 ва тарбиягирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳия дар ин чорабинӣ иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар идома, намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва фармондеҳони қисми низомӣ бо суханҳои табрикотӣ ба ҳозирин муроҷиат намуданд. Иштирокчиён дар суханрониҳои худ Истиқлолро бузургтарин дастоварди таърихӣ барои миллати тоҷик арзёбӣ намуда, аз саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи сулҳу субот ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ёдовар шуданд.
Суҳроб Раҳимзода, фармондеҳи қисми ҳарбӣ, дар суханронии худ ба ҷавонмардони сарҳадбон, барои хизмати содиқона ба Ватан арзи сипос намуда, таъкид намуд, ки ҳифзи марзу буми кишвар қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавон мебошад. Ӯ, ҳамзамон изҳори итминон намуд, ки сарбозони тоҷик, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ҳамеша омодаи дифоъ аз Истиқлоли кишвар мебошанд.
Қисми фарҳангии чорабинӣ бо барномаи рангини консертӣ идома ёфт, ки дар он ҳунармандони маҳаллӣ ва сарбозон бо суруду, рақсҳо ва шеърҳои ватандӯстона ба ифтихори Истиқлолият ҳунарнамоӣ карданд. Хонандагони муассисаҳои таълимӣ низ бо қироати шеърҳо дар васфи Ватан ва Истиқлол, шукӯҳи чорабиниро афзуданд.
Чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ дар ин қисми ҳарбӣ, таҷассуми эҳтироми амиқи мардум ба Истиқлоли давлатӣ ва рамзи ваҳдату ҳамбастагии миллат дар роҳи бунёди Тоҷикистони обод ва пешрафта арзёбӣ гардид. Ин гуна чорабиниҳо дар тарбияи насли ҷавони ватандӯст ва таҳкими ҳисси миллии онҳо нақши муҳим дошта, барои ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

БОХТАР
СОАТИ СИЁСӢ ДОИР ШУД

Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соати сиёсӣ баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Амиралӣ Ташрифзода зимни ифтитоҳи чорабинӣ ҳадафи соати сиёсиро шарҳ дода, ба аҳаммияти он дар равшан намудани сиёсати давлатии ҷавонон таъкид намуд.
Дар ин чорабинӣ Амирҷон Нуралиев, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, дар мавзуи “Ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва механизми амалисозии он” маърӯза намуд. Мавсуф дар баромади худ таърихи ташаккули сиёсати давлатии ҷавононро аз замони соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ёдовар шуда, ба нақши ҷавонон дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар баҳои сазовор дод. Ӯ гуфт, ки ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа буда, такягоҳи устувор дар роҳи ҳифзи манофеи миллӣ, амнияти давлатӣ ва таҳкими пояҳои давлатдори маҳсуб меёбанд.
Зимни чорабинӣ, таъкид гардид, ки ҳифзи зиракии сиёсӣ, таъмини бақои забони модарӣ, фарҳанг ва асолати миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, мубориза бо бегонапарастӣ ва унсурҳои фарҳанги ғайр вазифаи муқаддаси ҷавонони кишвар аст.
Дар фарҷоми чорабинӣ, байни кормандони кумита ва маърӯзачӣ мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб сурат гирифт.
Ин чорабинӣ дар самти таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи насли ватандӯст ва хештаншинос қадами муҳим арзёбӣ мешавад.

ХУҶАНД
ПАЙВАНДИ НАСЛҲО ДАР ЛИБОСИ МИЛЛӢ

Бо мақсади татбиқи талаботи фарҳанги либоспӯшӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи либоси миллӣ дар байни аҳолӣ ва пешгирии бегонапарастӣ дар байни занон, санаи 18-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд гурӯҳи корӣ бо иштироки мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Азиза Мирзохӯҷаева, сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттиолоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зеварой Бобоева, мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Дилрабо Қурбонова, мудирони бахшҳо ва сармутахассисони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд инчунин, намояндаи ШВКД дар шаҳри Хуҷанд капитани милитсия Хуршедахон Раҳмонова ва занони фаъоли маҳаллаҳои шаҳр корҳои фаҳмондадиҳиро дар ҷойҳои серодам роҳандозӣ намуданд.
Гурӯҳи корӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳанги либоспӯшӣ ва нигоҳдории арзишҳои миллӣ ба маркази савдои “Ҳоҷи Абдулазиз” ва бозори “Панҷшанбе” ташриф оварда, бо занони сатрпӯш ва савдогарони мағозаҳо суҳбатҳои судманд анҷом доданд.
Таъкид гардид, ки либоси миллӣ ҷузъи муҳимми фарҳанги мо буда, ҳифз ва тарғиби он яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат дар бахши фарҳанг ва худшиносии миллӣ маҳсуб меёбад.
Ҳадаф аз ташкил ва баргузории чунин вохӯриву мулоқотҳо ҷиҳати баланд бардоштани маърифати либоспӯшии бонувон, пешгирии таъсири фарҳанги бегона ва ҳифзи ҳувияти миллӣ дар байни ҷомеа мебошад.
“ВАФОДОР” – ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

Тибқи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар кори маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода, Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва кормандони хадамот иштирок намуданд.
Аҳтам Абдуллозода зимни сухани ифтитоҳӣ масъалаҳои баррасишавандаи рӯзномаи маҷлисро ба иштирокчиён шинос намуд. Мавсуф иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ва таҳти сарварии хирадмандонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ҳадафҳои барномавии хеш ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба сӯйи арзишмандтарин хостаҳои миллӣ зери шиори «Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон!», аз ҷумла рушду таҳаввули иқтисодиёт, татбиқи чор ҳадафи тақдирсози стратегии давлат – истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонӣ, ки ниҳояти он расидан ба зиндагии шоиста мебошад, раҳнамоӣ мекунад.
Дар идома мувофиқи баррасии масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мавқеи сиёсии худро муайян намуда, барои пайвастан Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ариза пешниҳод карда буданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.
Сипас, тибқи баррасии масъалаи дуюм рӯзнома бо ҷонибдории аъзои ҳизб дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи "Вафодор" таъсис дода шуд.
Вобаста ба масъалаи сеюми рӯзнома тибқи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо пешниҳод ва дастгирии аъзои ҳизб Аҳтам Абдуллозода ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Вафодор” интихоб карда шуд.
Ҳамзамон, мувофиқи масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис Динора Ҷабборзода муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Вафодор” интихоб гардид.
Убайдулло Қурбонзода дар идомаи маҷлис қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби мардумӣ буда, дар асоси ормонҳои халқи шарифи кишварамон таъсис ёфтааст. Мардуми шарифи кишвар низ тамоми ибтикорот, барномаҳо ва иқдомҳои ин ҳизби созандаро ҳамешаву пайваста тарафдориву дастгирӣ менамоянд, зеро фаъолияти ҳизб комилан ба беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии аҳолӣ, таъмину сулҳу субот ва пешрафти иқтисодии кишвар равона гардидааст.

Таҳияи И. ТОҲИРОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: