Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ЛИБОСИ МИЛЛӢ - ОСОРИ ТАМАДДУНИ ҶАҲОН

ЛИБОСИ МИЛЛӢ - ОСОРИ ТАМАДДУНИ ҶАҲОН

16-11-2024, 13:27
Хабарро хонданд: 405 нафар
Назарҳо: 0
           ЛИБОСИ МИЛЛӢ - ОСОРИ ТАМАДДУНИ ҶАҲОН
ИҚДОМИ ҲИЗБИИ “ШАҲРИ МАН - ХОНАИ МАН”

ДУШАНБЕ[thumb=left]http://hamsafon.tj/uploads/posts/2024-
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати бунёдкорона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо ҷалби аъзои ҳизб ва аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, сокинону истиқоматкунандагон дар ҳудуди кӯчаҳои Бинокорон 20-и ноҳияи Шоҳмансур, минтақаи 14-31-и ноҳияи Сино, маҳаллаи "Гулистон"-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ шанбегӣ баргузор намуда, гирду атрофи биноҳои истиқоматӣ, майдончаи варзишии кӯдакона ва ҷӯйборҳои гирду атрофро аз ҳаргуна партовҳо тоза карданд. Ёдовар мешавем, ки иқдомҳои ҳизбиёни пойтахт пайравӣ ба ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба шаҳри гулрез табдил додани шаҳри Душанбе буда, таҳти шиори “Шаҳри ман - хонаи ман” то ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идома меёбанд. Бояд қайд намуд, ки ҳизбиёни пойтахт тозакории дастаҷамъонаро омили назофату покизагӣ дониста, ба вазъи санитарию гигиенӣ ва экологии муҳити зист, инчунин, ба маърифати экологии сокинон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд.
САҲМИ ҲИЗБИЁН ДАР ТОЗАГИИ ШАҲР


БОХТАР[thumb=left]http://hamsafon.tj/uploads/posts/2024-11/1732004575_465128598_564173486551052_9191496105827503040_n.jpg[/thumb]
Дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади истиқболи шоиста аз санаҳои муҳимми таърихии 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар охири ҳафта аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани марказҳои шаҳру ноҳия ва маҳаллаву деҳот аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор!” гузаронида мешавад. Ин навбат аксияи ҳизбӣ дар назди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон доир гардида, дар он кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб фаъолона иштирок карда, дар тозаву озода намудани роҳҳои пиёдагар ва ҷӯйборҳои обгузар аз хазонрезаҳо ва алафҳои хушкидаву партовҳо саҳми хешро гузоштанд.

ЛИБОСИ МИЛЛӢ - ОСОРИ ТАМАДДУНИ ҶАҲОН            ЛИБОСИ МИЛЛӢ - ОСОРИ ТАМАДДУНИ ҶАҲОН
КӮЛОБ
Дар шаҳри бостонии Кӯлоб Фестивали вилоятӣ таҳти унвони “Либоси миллӣ- осори тамаддуни ҷаҳон” баргузор гардид.
Дар Фестивал муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қумринисо Гулмуродзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Фариза Абдуллозода, узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҲХДТ, раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ва дигар фаъолон иштирок карданд.
Муовини раиси вилояти Хатлон зимни суханронӣ зикр намуд, ки Фестивали вилоятӣ таҳти унвони “Либоси миллӣ-осори тамаддуни ҷаҳон” дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид доир гардида истодааст.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳадаф аз баргузории Фестивал ва озмуну ҳамоишҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, пешгирӣ аз фарҳанги бегона ва тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ мебошад.
Бояд ёдовар шуд, ки дар даври вилоятии Фестивал беш аз 700 нафар занону бонувон аз назди мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ то назди Қалъаи шаҳри Кӯлоб бо либосҳои миллӣ раҳпаймоӣ карданд. Ҳамчунин, ҳайати меҳмонону иштирокдорон аз намоиши дастовардҳо ва ҳунарҳои мардумии ҳунармандони чирадаст, аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Кӯлоб дидан карда, ба ҳунару маҳорати онҳо баҳои баланд дода шуд. Дар фарҷоми Фестивали вилоятӣ як қатор фаъолон бо сипосномаҳо ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуда, барномаи рангини фарҳангӣ хотири иштирокдоронро болида гардонд.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: