Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

3-02-2023, 11:46
Хабарро хонданд: 226 нафар
Назарҳо: 0
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар соли 2022 баргузор гардид.
Дар маҷлис мудири шуъбаи кор бо занон ва масъалаҳои гендерии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Наргис Муқимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Гадоев, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, Шурои собиқадорони ҳизб, вакилону кормандони масъули ҳизбӣ, аъзои Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Дар ибтидо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб доир ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2022 маълумот дод.
Зикр шуд, ки ҳамасола обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ ” ва “Ҳамрози халқ” яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз ҳамин нашрияҳо инъикосгари асосии фаъолияти амалӣ ва корҳои таблиғотиву идеалогии ҳизб ва сохторҳои он мебошанд. Зикр гардид, ки ҳар сол дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва бо дастгирии аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроия, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони ҳизбӣ, соҳибкорон ва фаъолон бо масъулияти баланди ташкилӣ ва ташшаббускорӣ иҷрои нақшаи обуна таъмин карда мешавад.
Дар зимн, оид ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Мудири шуъбаи кор бо занон ва масъалаҳои гендерии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Муқимова Наргис вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ҳалли мушкилоти занон, риояи баробарии гендерӣ, баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа, ҷалби бештари занон ба сафи ҲХДТ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо суханронӣ намуданд.
Дар охир ба якчанд аъзои нави ҳизб, ки бо ариза ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб барои шомил гардидан ба сафи ҲХДТ ариза навишта буданд, дар вазъияти тантанавӣ билетҳои ҳизбӣ супорида шуданд.
Барои дарки баланди масъулият дар амалӣ гардонидани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми босазо гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як қатор фаъолони ҳизбӣ бо сипосномаҳои Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.












Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: