Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲАМОИШИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА, ТАҲТИ УНВОНИ «ОИЛА – САРОҒОЗИ САОДАТ»

ҲАМОИШИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА, ТАҲТИ УНВОНИ «ОИЛА – САРОҒОЗИ САОДАТ»

15-05-2024, 08:00
Хабарро хонданд: 482 нафар
Назарҳо: 0
ҲАМОИШИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА, ТАҲТИ УНВОНИ «ОИЛА – САРОҒОЗИ САОДАТ»“Рӯзи байналмилалии оила”, ки соли 1993 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб расида, дар тамоми ҷаҳон таҷлил мегардад, ҳамасола 15 май бо ибтикор ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо анъанаҳои неки миллӣ ва суннатҳои наҷиби оиладорӣ, истиқбол карда мешавад.

Вобаста ба ин санаи 14 майи соли равон, дар толори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сарварии раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул, Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, кормандони масъули Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раисони кумитаҳои иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва оилаҳои беҳтарин аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила, таҳти унвони «Оила – сароғози саодат», баргузор гардид.

Чорабиниро муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни ҳамоиш ва кулли аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро бахшида ба «Рӯзи байналмилалии оила» аз номи Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба «Рӯзи байналмилалии оила» муборакбод гуфта, суханронии пурмуҳтаво намуд. Аз ҷумла зимни баромади худ иброз дошт, ки “Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат алалхусус Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пойдории хонаводаҳо ва беҳбуди фазои маънавиву модии оилаҳо ва дар маҷмуъ зиндагии босаодати аҳли ҷомеа тамоми заминаҳо фароҳам оварда шуд. Дар ин замина Ҳукумати мамлакат ва ниҳоди қонунгузор дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ барои таҳкими заминаҳои ташаккули оилаҳо бо назардошти арзишҳои фарҳанги миллии пойдории оила, нақши он дар таълим ва тарбияи фарзандон як силсила барномаву стратегияҳо ва қонуну санадҳоро бо талаботи замони муосир таҳия ва қабул гардиданд, ки барои рушди оилаҳо ва мустаҳкамию пойдории онҳо мусоидат менамояд”.

Сипас муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромаданд. Зимни суханронӣ зикр гардид, ки яке аз заруратҳои таҳия ва қабули Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нақши калидии оила дар таъмини суботу ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату якдилӣ дар ҷомеа, пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротию террористӣ ва пешгирӣ аз таъсири манфии василаҳои иттилоотӣ ба тарбияи дурусти фарзандон мебошад”.

Дар рафти чорабинӣ инчунин Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуруллозода Фируза, раиси Ассосиатсияи шурои занони Вазорати корҳои дохилӣ Давлатшозода Азиза, мудири шуъбаи занон ва масъалаҳои гендерӣ Аминзода Манижабону ва дигарон оид ба мақом, манзалат ва ҷойгоҳи оила дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ андешаронӣ намуданд.

Сипас, ғолибони озмуни “Оилаҳои беҳтарин”, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 - солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, тибқи Низомномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар Кумитаи иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуда буд, бо сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш намоишномаи театрикунонидашудаи “Ашки хунини Модар“, ки аз ҷониби аҳли ҳунармандони Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов таҳия шудааст, манзури иштирокчиён гардонида шуд.

Чорабинӣ дар сатҳи баланди ифтихори ватандорӣ ва худшиносии миллӣ баргузор гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: