Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳҳои кории муштараки давлатҳои аъзои тарҳи «CASA-1000» баргузор гардид

Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳҳои кории муштараки давлатҳои аъзои тарҳи «CASA-1000» баргузор гардид

14-05-2025, 15:46
Хабарро хонданд: 286 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳҳои кории муштараки давлатҳои аъзои тарҳи «CASA-1000» баргузор гардид13 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории муштараки давлатҳои аъзои Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» ва шарикони рушд баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни ифтитоҳи ҷаласа муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода доир ба аҳамияти стратегии лоиҳаи «CASA-1000» барои давлатҳои иштирокчӣ сухан гуфт.

Таъкид гардид, ки ин тарҳи муҳими минтақавӣ на танҳо ба рушди низоми энергетикии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мусоидат менамояд, балки заминаи муҳими ҳамкории иқтисодию сиёсӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Зимни ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи Шурои байниҳукуматии лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000», ки 15 май дар Душанбе баргузор мешавад, баррасӣ гардиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: