Сешанбе, 01 апрел 2025
Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тақвияти муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид

Тақвияти муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид

24-02-2025, 08:30
Хабарро хонданд: 406 нафар
Назарҳо: 0
Тақвияти муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардидҲолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар самти содирот ва дарёфти роҳҳои тавсеаи муносибатҳои тиҷоратӣ дар мулоқоти Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода ва Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии содирот хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки соли 2024 гардиши савдои хориҷӣ байни ҷонибҳо 58 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2023 10,1 фоиз зиёд мебошад.

Инчунин дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи зиёд намудани номгӯйи маҳсулоти содиротии ватанӣ ба бозорҳои Покистон, таъсиси маркази муштараки логистикии содиротӣ дар ҷумҳурӣ ва баромадан ба логистикаи баҳрӣ тавассути бандарҳои Карочӣ, Гвадар ва Қосимии Ҷумҳурии Исломии Покистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тарафҳо барои ҳамкорӣ изҳори омодагии худро баён намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: