Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф

3-03-2017, 13:44
Хабарро хонданд: 298 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз ШарифДар ҳошияи Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф баргузор шуд.

Аз дидори наву фурсати муносиб барои суҳбати самимӣ изҳори хушнудӣ карда, ҷонибҳо вазъи кунуниву дурнамои муносибатҳои гуногунҷанба ва масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Покистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсӣ асоси таҳкими равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст дар ҳама арсаҳо ва соҳаҳо ба ҳисоб мераванд.

Ҷонибҳо доир ба иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаи минтақавии сохтмони хатти барқи баланшиддати КАСА-1000, ҷалби имкониятҳои сармоягузории Покистон ба лоиҳаҳои гироэнергетикӣ, инфрасохторӣ, нақлиётӣ ва транзитии Тоҷикистон ва рушди тиҷорати байни Тоҷикистону Покистон бо истифода аз долони иқтисодии Чину Покистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Покистон дар чаҳорчӯбаи созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, созмонҳои ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамкории исломӣ баҳои баланд дода шуд.

Дар мулоқот ҳамзамон масоили ҳамкориҳои сохторҳои қудратӣ, ниҳодҳои мудофиавӣ ва хадамоти амниятии Тоҷикистону Покистон, иштироки фаъол дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва мусоидати бештар ба таъмини сулҳу амният дар кишвари Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: