Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф2-03-2017, 13:37
Хабарро хонданд: 284 нафар
Назарҳо: 0
Дар ҳошияи Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф баргузор шуд.
Аз дидори наву фурсати муносиб барои суҳбати самимӣ изҳори хушнудӣ карда, ҷонибҳо вазъи кунуниву дурнамои муносибатҳои гуногунҷанба ва масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Покистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсӣ асоси таҳкими равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст дар ҳама арсаҳо ва соҳаҳо ба ҳисоб мераванд. Ҷонибҳо доир ба иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаи минтақавии сохтмони хатти барқи баланшиддати КАСА-1000, ҷалби имкониятҳои сармоягузории Покистон ба лоиҳаҳои гироэнергетикӣ, инфрасохторӣ, нақлиётӣ ва транзитии Тоҷикистон ва рушди тиҷорати байни Тоҷикистону Покистон бо истифода аз долони иқтисодии Чину Покистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд. Ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Покистон дар чаҳорчӯбаи созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, созмонҳои ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамкории исломӣ баҳои баланд дода шуд. Дар мулоқот ҳамзамон масоили ҳамкориҳои сохторҳои қудратӣ, ниҳодҳои мудофиавӣ ва хадамоти амниятии Тоҷикистону Покистон, иштироки фаъол дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва мусоидати бештар ба таъмини сулҳу амният дар кишвари Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.