ДУШАНБЕ, 06.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистону Покистон тасмим гирифтаанд, ки дар зарфи се соли оянда табодули молу маҳсулотро то ба 500 миллион доллар расонанд. Ин матлаб дар ҷаласаи сеюми Шӯрои муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки дар доираи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир гардид, зикр шуд.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар назди соҳибкорон ва доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон доир ба вазъи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон сухан карда, таъкид намуд, ки Тоҷикистон хостори тақвияти равобити мутақобилан судманди иқтисодӣ бо Покистон мебошад.
Зикр гардид, ки баргузории ҷаласаи сеюми Шӯрои муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Покистон дар Душанбе ҷиҳати роҳандозии робитаҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ, ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои барои тарафайн судманд, густариши минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷониба ва гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Покистон нақши муассир хоҳад гузошт. Бояд тазаккурд дод, ки зарфи солҳои охир равобити иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвар беш аз пеш тақвият меёбанд.
Баргузории панҷ ҳамоиши доираҳои соҳибкорию тиҷоратии ҳар ду кишвар, инчунин ташкили чор намоишгоҳи молу маҳсулоти Покистон дар Тоҷикистон шаҳодати гуфтаҳост. Табодули мол байни Тоҷикистон ва Покистон дар зарфи панҷ моҳи соли равон беш аз 10 миллион долларро ташкил дода, аз Тоҷикистон ба Покистон асосан нахи пахта, алюминии аввалия, пӯст, меваи тару тоза, хусусан ангур, инчунин хушкмева ва дигар маҳсулот содирот мегардад. Шакар, маҳсулоти ширрӣ, меваҳои ситрусӣ, доруворӣ, матоъҳои пахтагин аз номгӯи молҳоест, ки аз Покистон ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд. Инчунин дар Тоҷикистон 14 корхонаи муштараки Тоҷикистону Покистон дар соҳаҳои гуногун фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.
DSC_0275+
DSC_0301+
DSC_0332+
DSC_2645 (копия)
DSC_2649
Дар ҷаласа Вазири тиҷорати Покистон Хуррам Дастгир Хан, ки бори нахуст ба Тоҷикистон ташриф овардааст, хостори ҳарчи бештари тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни Покистон ва Тоҷикистон гардид. Вазир афзуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ҳар ду кишвар бояд аз зарфиятҳо ва имконоти мавҷудаи ҳар ду давлат оқилона ва самаранок истифода намоем. Хуррам Дастгир Хан ҳамчунин хостори аз байн бурдани баъзе монеаҳои тарифию ғайритарифӣ гардида, таъкид кард, ки дар самти тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратӣ доираҳои соҳибкории Тоҷикистон имкон доранд аз бандарҳои обии Покистон, назири Гвадар ва Қарочӣ самаранок истифода намоянд, зеро бандарҳои Покистон дар мавриди ҳамлу нақли молу маҳсулот сатҳи хароҷоти хизматрасонияшон кам мебошанд.
Дар ҷаласаи сеюми муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, инчунин раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид, ки ҳамзамон раиси Шӯрои муштараки соҳибкорони «Тоҷикистон – Покистон» аст, президенти Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати Ҷумҳурии Исломии Покистон Туфайл Зубайр, раиси Шӯрои муштараки соҳибкорони «Покистон – Тоҷикистон» Муҳаммад Яъқуб Шайх доир ба тақвияти равобити иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон ибрози назар намуда, ба роҳ мондани парвозҳои мустақимро байни Душанбе-Исломобод, инчунин тақвияти ҳамкориро дар соҳаҳои саноат, энергетика, инфрасохтори энергетикию нақлиётӣ, туризм, маориф ва тандурустиро яке аз авлавиятҳои тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистону Покистон арзёбӣ намуданд.
Дар ҷаласаи сеюми муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва дигар имконияту иқтидорҳои иқтисодию тиҷоратии кишварамон муаррифӣ гардиданд.
Дар анҷоми ҷаласа вохӯрии дуҷонибаи (B2B) соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Покистон доир гардид.
Марзия САИДЗОДА