Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ

29-11-2021, 10:21
Хабарро хонданд: 78 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ
27.11.2021 23:00, Туркманистон

27 ноябр дар шаҳри Ашхобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ мулоқот карданд.

Дар вохурӣ ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон, ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба густариши пайвастаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо кишвари дӯсти Покистон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд.

Ҷонибҳо оид ба рушду густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши бештари додугирифт ва интиқоли молу маҳсулот изҳори ҳавасмандӣ карда, барои расидан ба ин ҳадаф таквияти фаъолияти Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро зарур шумурданд.

Пешниҳод гардид, ки баргузории ҷаласаҳои Шӯрои муштараки соҳибкорони ду кишвар, ҳамчунин гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ, масъалаҳои энергетика ва зерсохтор таҳти пайгирии доимии ҳукуматҳои ду кишвар қарор гирад.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи саноат, энергетика, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва нақлиёт, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Татбиқи лоиҳаи “САSA-1000” дар самти рушди ҳамкории энергетикӣ ва ташаккули долонҳои транзитиву нақлиётӣ аз Тоҷикистон то бандарҳои баҳрии Покистон-Карочӣ ва Гвадар ҷиҳати тавсеа бахшидани муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт, ҳамчун омилҳои муҳими таҳкими робитаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд арзёбӣ гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо барои таъмини амният дар минтақа оид ба муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои глобалӣ - терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ табодули андеша карданд. Вобаста ба ҳалли қазияи Афғонистон таъкид гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз роҳандозии ҳама гуна тарҳҳо, ки барои эҳёи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини амнияти Афғонистон заруранд, истиқбол мекунад.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:
Маводи дигар вобаста ба робитаҳо дар сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: