Сешанбе, 01 апрел 2025
Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд утоқҳо барои дарси забон ва адабиёти тоҷик кушода шуданд

Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд утоқҳо барои дарси забон ва адабиёти тоҷик кушода шуданд

17-02-2025, 17:22
Хабарро хонданд: 552 нафар
Назарҳо: 0
Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд утоқҳо барои дарси забон ва адабиёти тоҷик кушода шудандДар доираи ҳамкории илмию фарҳангии Тоҷикистон ва Узбекистон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов ду утоқ барои дарси забон ва адабиёти тоҷик ифтитоҳ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Минбаъд донишҷӯён метавонанд аз ин утоқҳои дарсӣ, ки дорои китобҳои илмию бадеии бо забони тоҷикӣ аст, истифода намоянд. Ҳамзамон донишҷӯён имкон доранд дар ин утоқҳо тавассути филмҳои ҳуҷҷатию таърихӣ бо тамаддун, фарҳанг, ёдгориҳои таърихӣ, либоси миллӣ ва ашёи рӯзгордории тоҷикон шинос шаванд.

Дар ороиш ва муҷаҳҳазгардонии утоқҳо мутахассисони Осорхонаи миллии Тоҷикистон саҳм гузошта, аз фонди ёрирасони муассиса 27 ашёи таърихӣ, аз қабили китобҳои қадимии дастнавису чопи сангӣ, намунаҳои ҳунари хушнависӣ, мисгарӣ, кулолгарӣ, гулдӯзӣ ва зарфҳои армуғонӣ ба ин даргоҳ ба тариқи бебозгашт тақдим карда шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: