Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Узбекистониҳое, ки дар мадрасаҳои хориҷ таҳсил доранд, иҷборан баргардонида мешаванд

Узбекистониҳое, ки дар мадрасаҳои хориҷ таҳсил доранд, иҷборан баргардонида мешаванд

21-06-2021, 09:24
Хабарро хонданд: 138 нафар
Назарҳо: 0
Узбекистониҳое, ки дар мадрасаҳои хориҷ таҳсил доранд, иҷборан баргардонида мешавандМақомоти Узбекистон дар моҳҳои охир ҳудуди 1,5 ҳазор донишҷӯи узбекистонии мадрасаҳои диниро аз Миср ба Узбекистон баргардонидаанд.

Мақомоти Узбекистон сабаби баргардонии донишҷӯёнро шарҳ намедиҳанд.

Намояндаи сафорати Узбекистон дар Миср дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки донишгоҳи Ал-Азҳари Миср аз ин ба баъд донишҷӯён аз Узбекистонро танҳо дар асоси тавсияи Кумитаи кор бо дини девони вазирони Узбекистон мепазирад.

Сафорати Узбекистон дар Миср бо нашри изҳороте дар сомонааш навишт, ки "бисёре аз шаҳрвандон" дар "муассисаҳо ва марказҳо"-и шубҳанок таълим мегиранд.

Як манбаъ ба бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар дод, дар Туркия низ ҳадди ақал се мадраса мавҷуд аст, ки донишҷӯён аз Узбекистон таҳсил мекарданд. Мақомоти Туркия чанде пеш ин мадрасаҳоро бастанд.

Ба ҷуз ин, мақомоти Узбекистон дар панҷ моҳи аввали соли 2021 ҳудуди 1800 наврасро аз марзи Узбекистон баргардонидаанд, ки тасмими сафар ба Миср ва таҳсили диниро доштанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: