Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи нусхаи такрории ёдгории «Тахти сангин» ар Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Ифтитоҳи нусхаи такрории ёдгории «Тахти сангин» ар Осорхонаи миллии Тоҷикистон

17-05-2023, 10:29
Хабарро хонданд: 492 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи нусхаи такрории ёдгории «Тахти сангин»  ар Осорхонаи миллии ТоҷикистонДар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нусхаи такрорӣ (имитатсия)-и ёдгории «Тахти сангин», ки дар сатҳи баланд омода гардидааст, ифтитоҳ шуд. Дар ин хусус сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ додаст.

Зикр шуд, ки дар маросими ифтитоҳи он намояндагони масъули Дастгоҳи иҷроияи Прзиденти мамлакат, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва меҳмонон иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки «Тахти Сангин» ёдгории арзишманде аст, ки ба давраҳои Ҳахоманишиҳо, Мақдуниҳо ва Кушониён (асрҳои V то мелод ва II мелодӣ) тааллуқ дошта, бозёфтҳои нодири он бо номи «Хазинаи Амударё» то ба имрӯз мавриди омӯзишу таҳқиқи олимони ҷаҳон қарор дорад.

Ёдгории мазкур дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои ворид гардидан ба Феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардида, моҳи ноябри соли 2021 номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид карда шуд.


Дар робита ба ин, дар экспозитсияи Осорхонаи миллӣ имитатсияи ёдгории «Тахти Сангин» бо фарогирии як давраи муҳими таърихи халқи тоҷик омода гардид.

Қабл аз ифтитоҳи намоиш бо иштироки ҳунармандони касбии мамлакат саҳначаи театрӣ, ки таҷассумгари як саҳифаи таърихи ин ёдгорӣ мебошад, ба намоиш гузошта шуд.

Ифтитоҳи имитатсияи ёдгории «Тахти Сангин» дар Осорхонаи миллӣ заминаи мусоид барои шинос шудани қишрҳои гуногуни ҷомеа бо таърихи қадимӣ буда, имкон медиҳад, ки меҳмонону сайёҳони хориҷӣ аз саҳми тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ бештар воқиф гарданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: