Сешанбе, 01 апрел 2025
Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи «Gulfood»-и Дубай ба намоиш гузошта мешаванд

Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи «Gulfood»-и Дубай ба намоиш гузошта мешаванд

17-02-2025, 17:19
Хабарро хонданд: 533 нафар
Назарҳо: 0
Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи «Gulfood»-и Дубай ба намоиш гузошта мешавандДар намоишгоҳи бонуфузи «Gulfood», ки имрӯз дар Дубай оғоз гардид, корхонаҳои коркарди хушкмеваҳои Тоҷикистон- «Водии меваҳо», «Оро Исфара», «Исфара Фуд», «Меваи тиллоӣ», «Меваи заррин», «Висол» ва «Тути Помир» дар радифи 5500 корхона аз 130 кишвари дунё дар гӯшаи махсуси Тоҷикистон маҳсулоти худро ба намоиш мегузоранд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази тиҷорати байналмилалӣ иттилоъ медиҳад, ки намоишгоҳи «Gulfood» барои корхонаҳои коркарди хушкмеваи Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, то маҳсулот ва имконияти худро муаррифӣ ва тарғиб намоянд, ҳамкории эҳтимолии тиҷоратиро баррасӣ карда, бо раванд ва тамоюлоти нави бозор дар минтақа шинос шаванд.

Намоишгоҳи «Gulfood Dubai» ҳар сол баргузор шуда, яке аз намоишгоҳҳои бузургтарини тиҷоратӣ дар саноати хӯрокворӣ мебошад. Намоишгоҳи «Gulfood Dubai» иштирокдорон, коршиносони пешсафи соҳа ва харидоронро аз саросари ҷаҳон барои табодули идеяҳо, тавсеаи равобити тиҷоратӣ ва барқарор намудани ҳамкории стратегӣ гирди ҳам меорад. Бо ҳадафи пешбурд ва тарғиби лаззати беназири хушкмеваҳои Тоҷикистон гӯшаи ҷумҳурии мо мизбони меҳмонони сершуморе хоҳад буд, ки барои чашидани таъми табиӣ ва нодири маҳсулоти мо меоянд.

Намояндаи ширкати «Исфара Фуд» Мӯъминҷон Маҳмадҷонов мегӯяд, ки “иштирок дар ин намоишгоҳ имкони хубе аст, то мо бо харидорони бештар робитаи мустақим барқарор намуда, ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшем, бренди ширкатҳои худро ба бозорҳои берунӣ муаррифӣ намоем, бо тамоюлҳои наву талаботи бозор шинос шавем ва аз навгониҳо огоҳ гардем”.

Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои Тоҷикистон ҳамчунин дар мизҳои мудаввар, машварату ҳамоишҳои тиҷоратӣ иштирок карда, доир ба равандҳои нави соҳа маълумот мегиранд. Онҳо доир ба талаботи бозор ва муштариён маълумоти муфид пайдо менамоянд, ки ин барои рақобатпазирӣ дар бозор ва ҷустуҷӯи самтҳои нави рушд ёрӣ мерасонад.

Бо иштирок дар ин намоишгоҳ ширкатҳои Тоҷикистон на танҳо имконияти нави содироти маҳсулот пайдо мекунанд, балки барои шиносоӣ бо таъми нодири хушкмеваҳо ва меваҷоти гуногуни мамлакат меҳмононро ба Тоҷикистон даъват менамоянд. Ин чорабинӣ ҳамчун пул роҳи соҳибкорони тоҷикро ба саноати ҷаҳонии хӯрокворӣ наздиктар менамояд.

Намоишгоҳи бонуфузи «Gulfood» дар Дубай то 21 феврал идома меёбад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: