Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Зардолуи тоҷик ба Дубай рафт

Зардолуи тоҷик ба Дубай рафт

14-02-2018, 10:23
Хабарро хонданд: 198 нафар
Назарҳо: 0
Зардолуи тоҷик ба Дубай рафт

Маҳсулоти Тоҷикистон имсол бори аввал дар яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва боғдории ҷаҳон пешниҳод шуд. Ин намоишгоҳ, ки бо номи Намоишгоҳи Gulfood машҳур аст, 18 феврал дар Дубай оғоз ёфта, то 22 феврал идома меёбад.
Дилором Раҳматова, мушовир оид ба масъалаҳои иҷтимоии муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» ба хабарнигори «МХ»гуфт, ки маҳсулоти хушки деҳқонони Тоҷикистон дар намоишгоҳи Gulfood дар айвон (павилон) - и миллӣ ба намоиш гузошта мешавад.
Раҳматова зимни ин суҳбат, ки дар ҳошияи нишасти хабарии мақомоти ин муассиса сурат гирифт, афзуд, ки чор ширкати коркардкунандаи зардолу ва дигар меваҳои Тоҷикистон бо номҳои «Орои Исфара», «Зардолу», «Тоҷикпродукт» ва «Исфарафуд» ҳоло маҳсулоти худро онҷо ба намоиш гузоштаанд.
Тавре таъкид шуд, ин ширкатҳо асосан бо содироти меваҳои хушк ва тару тоза ба хориҷи мамлакат машғуланд.
Ба гуфтаи ӯ, мақсади асосии иштирок дар намоишгоҳи Gulfood диверсификатсияи бозори содиротӣ, омӯхтани талаботи ин бозор, ҷустуҷӯ ва пайдо кардани имконоти нав, барқарор намудани муносибатҳои шарикии дарозмуддат бо харидорони боэътимод ва ба роҳ мондани содироти маҳсулот ба кишварҳои Шарқи Наздик мебошад.

Тавре дар нишасти хабарӣ зикр гардид, Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» дар доираи «Лоиҳаи тиҷоратӣ кардани соҳаи кишоварзӣ», ки дар нимсолаи дуюми 2017 татбиқ шуд, корҳои омодагӣ - омӯзишии ширкаткунандагон дар мавзӯи «Иштироки самаранок ва бомуваффақият дар ярмаркаҳои савдои байналмиллалӣ» - ро баргузор карда буд.
Лоиҳи мазкур аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ шуда, дар ҳамкорӣ бо Палатаи саноатии савдои Тоҷикистон бо иштироки чор ширкати машғул ба коркарди мева ба иҷро расид.
Gulfood – аз намоишгоҳҳои калонтарин дар ҷаҳон ба ҳадафи бозорёбӣ ба маҳсулоти кишоварзӣ, омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта, шиносонидани ширкатҳои дорои таҷриба ва фаъолияти самаранок дар ин самт мебошад. Дар зиёда аз 5000 айвони намоишии он маҳсулоти кишоварзӣ аз 150 кишвари ҷаҳон ба шумули ҷомеаи кишварҳои мустақили ҳамсуд ба намоиш гузошта мешаванд. Тоҷикистон бори нахуст дар чунин намоишгоҳ бо намунае аз маҳсулоти худ иштирок дорад.
Дар нишасти хабарии мақомоти Муассисаи давлатии РССК, муовини директори он Ҳусейн Каримов дар мавриди дигар паҳлуҳои фаъолияти ин муассиса гузориш дод.

Солеҳ Юсуфов

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: