Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Тоҷикистон нахустин Намоишгоҳи универсалии онлайнӣ — «Made in Tajikistan 2020» доир мегардад

Дар Тоҷикистон нахустин Намоишгоҳи универсалии онлайнӣ — «Made in Tajikistan 2020» доир мегардад

25-11-2020, 14:44
Хабарро хонданд: 288 нафар
Назарҳо: 0
Дар Тоҷикистон нахустин Намоишгоҳи универсалии онлайнӣ — «Made in Tajikistan 2020» доир мегардадАз 26 ноябр то 17 декабри соли равон дар ҷумҳурӣ нахустин Намоишгоҳи универсалии онлайнии «Made in Tajikistan 2020» доир мегардад.

Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар намоишгоҳи мазкур 150 ширкат дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, сохтмон, нақлиёт, ҳунармандӣ хизматрасонӣ ва сайёҳӣ молу маҳсулот ва хизматрасониҳои худро муаррифӣ менамоянд.

Платформаи намоишӣ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии молиявии Агентии Германия оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ташкил гардида, мақсад аз он ба бозорҳои хориҷӣ баровардани маҳсулоти истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди иқтидори содиротӣ, дарёфти бозорҳои нав, тавсеаи ҳамкории ширкатҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ, инчунин ҷалби сармоя мебошад.

Иштироккунандагони намоишгоҳ маълумоти заруриро дар бораи ширкат, намунаҳои маҳсулоти виртуалӣ, видеоҳо ва ғайра бо забонҳои русӣ ва англисӣ пешниҳод менамоянд.

Дар платформаи намоишгоҳи мазкур дигар маълумоти муфид ва истинод барои ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла маълумот оид ба имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешаванд.

Хоҳишмандон барои боздид аз намоишгоҳи онлайнии «Made in Tajikistan» метавонанд ба суроғаи www.expotajikistan.tj ворид шаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: