Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи бофандагии Истанбул

Иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи бофандагии Истанбул

5-02-2016, 05:00
Хабарро хонданд: 361 нафар
Назарҳо: 0
Иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи бофандагии Истанбул
Панҷ корхонаи ресандагӣ – “Ваҳдат Текстил”, “Олим Текстайл”, “Ресандаи Тоҷикистон РБТ”, “Тента-Кӯлоб” ва “ХИМА Текстил” аз 4 то 6 феврали соли ҷорӣ дар Намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷии Истанбул аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд.

Намоишгоҳи нассоҷии Истанбул бо садҳо ширкаткунанда ва ҳазорҳо боздидкунанда яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои соҳавӣ дар минтақа ба ҳисоб рафта ва корхонаҳои Тоҷикистон бори панҷум аст, ки дар он иштирок мекунанд. Сафари ҳайъати Тоҷикистон ба Туркия бо мусоидати Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар доираи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон сурат мегирад.

Намоишгоҳи имсола мизбони беш аз 40 ҳазор боздидкунанда аз тақрибан 70 кишвари ҷаҳон аст. Дар он ҳудуди 200 ширкат аз кишварҳои гуногун маҳсулоти худро, ба мисли нахи пахта, ришта, таҷҳизоти бофандагӣ ва дӯзандагиро ба тамошо гузоштанд. Мавлуда Киромова, муовини сардори раёсати саноати сабук ва пиллапарварии вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, ки ҳайъати кишварро дар намоишгоҳ ҳамроҳӣ мекунад, гуфт: «Намоишгоҳи Истанбул, ки дар он маҳсулоти босифат ва аз нигоҳи экологӣ безарар ба намоиш гузошта мешавад, макони хубе барои ошноӣ бо шароити нав фаъолият мебошад. Намоишгоҳ ба ширкатҳои Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, то бо истеҳсолкунандагони пештози маҳслуоти нассоҷӣ аз Туркия ва кишварҳои дигар вохӯранд, номи тиҷоратӣ (брэнд)- и худро дар бозори минтақавӣ тақвият диҳанд, бо ширкатҳои истеҳсолӣ, воридкунанда, тоҷирон ва созмонҳои ғайриҳукуматии соҳа робита барқарор намоянд, бо талаботу интизориҳои бозор ва равандҳои ҷорӣ дар он шинос шаванд.»

Илҳомҷон Мирзоев, роҳбари ширкати “Ваҳдат Текстил”, ва аз иштирокчиёни намоишгоҳ бар ин назар аст, ки он имкони хубе барои барқарории робитаи мустақим бозорҳои минтақа, дарёфти иттилооти бештар доир ба таҷҳизоти замонавӣ хоҳад буд.

Ҷиҳати рушди тавоноии корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар самти беҳтар кардани маҳсулот ва бозорёбӣ, МТБ ба ширкатҳо дар омодагӣ барои иштирок дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ мусоидат менамояд. Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷуҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазир ббудани соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад.
©С. Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: