Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маҳсулоти тавлидотии «Made in Tajikistan» ба бозорҳои Чин роҳ меёбад

Маҳсулоти тавлидотии «Made in Tajikistan» ба бозорҳои Чин роҳ меёбад

1-10-2019, 17:43
Хабарро хонданд: 209 нафар
Назарҳо: 0
Маҳсулоти тавлидотии «Made in Tajikistan» ба бозорҳои Чин роҳ меёбадДар Пекин Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2019», ки 29 апрел ифтитоҳ шудааст, 7 октябр ба анҷом мерасад. Шиори павилони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Боғдорӣ дар рушди деҳот» мебошад.

То моҳи сентябр аз гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2019», ки дар Пекин идома дорад, 3 миллиону 200 ҳазор нафар боздид намудаанд. Дар хабаре, ки аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» расидааст, гуфта мешавад, ки рӯзҳои корӣ то 25 ҳазор ва рӯзҳои истироҳат то 45 ҳазор меҳмон аз гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Боғдорӣ дар рушди деҳот» ном дорад, дидан мекунанд.

Мусаллам аст, ки Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2019» моҳи апрел таҳти унвони «Боғдорӣ дар рушди деҳот» ифтитоҳ гардида, то 7 октябр идома меёбад.

Мавриди зикр аст, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «ЭКСПО -2019» маҳсулоти истеҳсоли ширкатҳои хусусии Тоҷикистон, назири «Интермед», «Абрикос ва компани», «Оро», «Исфара», «Баракати Исфара», «Исфарафуд», «Меваи Қанд», «Экофрути Исфара», «Аввалин», «Амирӣ», «Ширин», «Сиёма», «Оби Зулол», «Зода», «Субҳи Ватан», «Комбинати хӯроквории Бохтар», «Рухом», «Асрори Санг» ба намоиш гузошта шудаанд. Маҳсулоте, ки ширкатҳои мамлакат истеҳсол намуда, дар намоишгоҳ гузоштаанд, меҳмононро на танҳо бо хусусиятҳои хоси миллӣ, балки бо таъми баланд ва сифати тозаи экологӣ ҷалб менамоянд.Маҳсулоти тавлидотии «Made in Tajikistan» ба бозорҳои Чин роҳ меёбад

директори генералии «Абрикос и компани»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Пӯлод Ашӯров мегӯяд, ки «дар «ЭКСПО-2019» дар Пекин мо имконият пайдо намудем, ки маҳсулоти худро дар сатҳи ҷаҳонӣ намоиш диҳем. Бо назардошти талаботи зиёд ба маҳсулотамон мақомоти Чин ба мо иҷозат доданд як ширкати савдо ва истеҳсолӣ кушоем, ки он барои рушди содироти меваи хушк аз Тоҷикистон ба Чин хеле муҳим аст. Дар Чин на ба ҳама хориҷиён иҷозати истеҳсол ва фурӯши озуқаворӣ дода мешавад, чунки ин иҷозати махсуси мақомотро талаб мекунад».

Директори ширкати «Рухом» Муфарраҳ Муҳаббатов гуфт, ки «бо шарофати иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «ЭКСПО-2019» дар Пекин мо мушоҳида кардем, ки маҳсулоти ҳунармандии истеҳсоли Тоҷикистон дар Чин талаботи зиёд доранд. Аз ин рӯ, ширкати мо тасмим гирифтааст намояндагии тиҷоратии ширкати худро дар Чин боз намояд».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: