Ҷумъа, 21 феврал 2025
Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт баргузор гардид

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт баргузор гардид

29-01-2025, 11:31
Хабарро хонданд: 264 нафар
Назарҳо: 0
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт баргузор гардид
Дар асоси талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бо иштироки аъзои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои натиҷагирӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт барои соли 2024 ва вазифагузориҳо барои фаъолияти минбаъда, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт барои нимсолаи якуми соли 2025, пешбарии номзадҳо ба маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Саидзода Мубориз, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар бораи фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт барои соли 2024 ва вазифагузориҳо барои фаъолияти минбаъда ҳисобот дода, иброз намуданд, ки соли 2024 барои ҳизбиёни ноҳияи Рашт соли бобарор буда, ҳамасола фаъолияти ҳизбиёни ноҳия дар асоси дастуру супоришҳои дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ироа гардида, оғоз мегардад.

Оид ба масъалаи якум ва дуюми рӯзномаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул гардида, масъалаи сеюм мавриди барраси қарор гирифта шуд.

Зикр гардид, ки тибқи моддаи 24 ва 25 –и қонуни конститутсионӣ дар бораи интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ пешбари намудани номзадҳо ба вакилӣ 50 рӯз пеш аз интихобот оғоз ёфта, 35 рӯз то интихобот ба охир мерасад.

Пешбарии номзадҳо ба Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрию ноҳиявӣ аз тарафи мақомоти дахлдори шаҳрию ноҳиявии ҳизбҳои сиёсӣ (конференсияҳо, пленумҳо) сурат мегирад.

Сипас номзадҳои арзандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт ба тартиби муайянгардида пешбарӣ гардиданд.

Бо ҷонибдории аъзои Кумитаи иҷроия номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт дастгирӣ ёфта, қарори дахлдор қабул карда шуд. Баъди баррасии ҳама масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлис буда, маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бо садо додани Суруди миллӣ ба охир расид.
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: