Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Марҳилаи пешбарии рӯйхати номзадҳо оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба анҷом расид

Марҳилаи пешбарии рӯйхати номзадҳо оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба анҷом расид

16-01-2025, 10:53
Хабарро хонданд: 251 нафар
Назарҳо: 0
Марҳилаи пешбарии рӯйхати номзадҳо оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба анҷом расидИмрӯз таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи Комиссияи марказӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Таъкид шуд, ки 16 январи соли 2025 марҳилаи пешбарии рўйхати номзадҳо ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва номзадҳо ба вакилӣ дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид. Вобаста ба ин дар ҷаласаи Комиссияи марказӣ масъалаи мутобиқати пешбарии рӯйхати номзадҳо аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Тартиби пешбарии рӯйхати номзадҳо ба талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ дониста шуда, бо қарори Комиссияи марказӣ рӯйхати номзадҳои пешбаринамудаи Ҳизби Аграрии Тоҷикистон дар ҳайати 13 номзад, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон дар ҳайати 13 номзад, Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар ҳайати 4 номзад, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати 6 номзад, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар ҳайати 6 номзад ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳайати 28 номзад тасдиқ карда шуд.

Бо мақсади огоҳонӣ ва шиносоӣ пайдо намудани интихобкунандагон бо нафарони мувофиқи рӯйхати номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ пешбаригардида ва дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот ба қайд гирифташуда бо қарори Комиссияи марказӣ шакли Плакати иттилоотии рӯйхати номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботӣ тасдиқ карда шуд.

Ҳамчунин бо қарорҳои дахлдори Комиссияи марказӣ барои таъмини шароити баробар барои ҳама номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ шакл ва ҳаҷми Плакати ягонаи ташвиқотии рӯйхати номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботӣ, инчунин тартиби истифодаи воситаҳои ахбори омма аз ҷониби онҳо дар ин раванд тасдиқ карда шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои дигари ташкилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ идома доранд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: