Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » НОМЗАДҲО БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСҲОИ МАҲАЛЛИИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ ПЕШБАРӢ ГАРДИДААНД

НОМЗАДҲО БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСҲОИ МАҲАЛЛИИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ ПЕШБАРӢ ГАРДИДААНД

10-01-2020, 09:17
Хабарро хонданд: 177 нафар
Назарҳо: 0
НОМЗАДҲО БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСҲОИ МАҲАЛЛИИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ ПЕШБАРӢ ГАРДИДААНДКонфренсияи XXII Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд кори худро субҳи имрӯз дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷиикистон дар шаҳри Хуҷанд идома дод.
Дар кори Конфренсия намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фаррух Зоҳидов, намояндаи комиссияи шаҳрии интихобот Тӯфа Мамадҷонова ширкат варзиданд.
Маликисломӣ Наим Мунаввар раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Конфренсияи навбатиро оғоз бахшида баён дошт, ки тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» мо имрӯз имкон дорем, ки номзадҳои худро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд пешбарӣ намоем. тибқи муқарарроти қонуни мазкурҳизбҳои сиёсӣ 50 рӯз пеш аз интихобот метавонанд номзадҳои худро ба вакилии маҷлисҳои маҳаллӣ пешбарӣ намоянд. Номбурда дар идомаи суханроинаш аз дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди пешбарии вакилон аз ҳисоби занону ҷавонони фаъол ёдовар шуда, зикр дошт, ки бо назардошти дониш, малака, маҳорати ташкилочигӣ ва мавқеъ доштан дар ҷомеа 7 нафар номзадон ба вакилии маҷлиси вакилони халқи вилоят ва 40 нафар ба вакилии маҷлиси вакилони халқи шаҳр пешниҳод карда мешаванд.
Аз ҷониби раисикунандаи Конфренсия номзадҳо ба вакилии маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд пешниҳод ва муаррифӣ гардиданд.
Номзадҳои пешниҳодгардида аз тарафи вакилони конфренсия якдилона пазируфта шудаанд ва доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Бо садо додани суруди миллӣ Конфренсияи XXII ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба кори худ анҷом бахшид
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: