Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Номзадҳои арзандаи ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино пешбарӣ гардиданд

Номзадҳои арзандаи ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино пешбарӣ гардиданд

22-01-2025, 11:48
Хабарро хонданд: 364 нафар
Назарҳо: 0
Номзадҳои арзандаи ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино пешбарӣ гардидандНомзадҳои арзандаи ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино пешбарӣ гардиданд
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино, аъзои Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия баргузор гардид.

Дар маҷлис баррасии масъалаҳои гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявии ҳизб дар соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино барои нимсолаи якуми соли 2025, пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаҳои интихоботии ҳудуди ноҳияи Сино, пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино, тасдиқи қарорҳои маҷлиси умумии кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба қабули аъзо ба сафи ҳизб, тасдиқи қарорҳои маҷлиси муассисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Нахуст, мувофиқи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис гузориши Ҳабибзода Зоҳир, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар нимсолаи дуюми соли 2024 ва вазифагузориҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд.

Дар идома намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ба музокира баромада иброз намуд, ки даврае, ки гузашт, бо таҷлили санаҳои мубораки ҷашну чорабиниҳои муҳим, хусусан 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои аъзою ҷонибдорони ҳизб ва сокинони саодатманди ноҳияи Сино ҳамчун марҳилаи хотирмон арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаҳои интихоботии шаҳри Душанбе ва номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбарӣ гардиданд.

Дар идома вобаста ба тасдиқи қарорҳои маҷлиси умумии кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба қабули аъзо ба сафи ҳизб ва қарорҳои маҷлиси муассисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: