Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АҲАММИЯТИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ЗАМИНАҲОИ ТАШАККУЛЁБИИ ОН

АҲАММИЯТИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ЗАМИНАҲОИ ТАШАККУЛЁБИИ ОН

24-09-2024, 09:49
Хабарро хонданд: 809 нафар
Назарҳо: 0
АҲАММИЯТИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ЗАМИНАҲОИ ТАШАККУЛЁБИИ ОН

Ватандӯстӣ принсипи олии ахлоқию сиёсӣ ва ҳисси баланди иҷтимоӣ буда, ба маънии муҳаббату садоқат ва меҳру пайванди мустаҳкам доштан нисбат ба Ватан ифода меёбад.
Ватандӯстӣ аз ду реша, яъне “Ватан” ва “дӯст” таркиб ёфта, дӯст доштани Ватанро дарбар мегирад. Инчунин, “ватандӯстӣ” муносибати ҳиссӣ нисбат ба Ватан буда, дар хидмат кардан ба Ватан ва муҳофизат намудани он аз ҳар гуна хатару таҳдидҳои ҷомеаи муосир ифода меёбад.
Ватандӯстӣ арзиши иҷтимоӣ ва ахлоқӣ ва қисми таркибии тарбияи иҷтимоию ахлоқии шахс мебошад. Ватандӯстӣ мафҳуми хеле фарох буда, онро шахсе метавонад дарк кунад, ки ақли комил ва дониши расо дошта бошад.
Ватан маконест, ки инсон дар он ҷо таваллуд мешавад, ба воя мерасад, бо обу нону намаки он ташаккул меёбад ва муҳимтар аз ҳама, дар оғӯши ҳамон як сарзамин обутоб ёфта, ба як шахсияти комил мубаддал мегардад.
Меҳру муҳаббат ва садоқату дилбастагӣ ба Ватан дар баробари ҷараёни ба воя расидани шахс инкишоф ёфта, ба як ватандӯсти асил табдил меёбад. Бо мурури замон ҳисси дилбастагӣ ба замин, хок ва забони худ бо дарки вазифаҳои шаҳрвандӣ дар назди ҷамъият мубаддал мегардад.
Саъю талоши афроди ҷомеа барои инкишоф додани ҳаёти
иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ватани худ, ҳифзи он аз таҳдидҳои берунӣ нишонаи барҷастаи ватандӯстӣ аст.
Ифтихор намудан аз таъриху фарҳанг, забон, расму ойин ва анъанаҳои неки аҷдодии халқи худ яке аз сифатҳои беҳтарини ватандӯстӣ мебошанд.
Ватандӯстӣ шуғл нест, маҳорат нест, балки ишқ аст, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаётии инсонро фаро гирифтааст. Ё ба таъбири маъруф, ватандӯстӣ аз гӯшаи имондорист. Ҳар касе, ки имону виҷдон дорад, ҳеҷ гоҳе ба ватанаш хиёнат намекунад.
Ватанро чун гавҳараки чашм бояд эҳтиром намуд ва ба қадраш бояд расид! Ҳар як ҷавон бояд ватандӯстии худро на танҳо бо сухан, балки бо кирдору гуфтору рафтори шоиста миёни ҷамъият исбот созад.
Саҳм гузоштан дар ободии ҳар як гӯшаи Ватан аз дӯстдориву муҳаббати барзиёд нисбат ба Ватани маҳбуби хеш гувоҳӣ медиҳад.
Эҳсоси ҳисси хештаншиносӣ довари ботинии инсон ва муҳимтарин ангезаи виҷдон мебошад. Дар баробари ин, барои инсон эҳсос намудани ҳисси хештаншиносӣ аз он нуқтаи назар боарзиш аст, ки бе дарки он арзишҳои ахлоқиро тасаввур карда наметавонад.
Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”. Ин гуфтаҳо далолат аз он мекунад, ки Ватан болотарин ва волотарин арзиши ҳаётӣ барои инсон маҳсуб меёбад. Ободии Ватан ободии хонадони ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
Ба ақидаи олимони машҳури рус А.Н.Виршиков ва М.Б.Кусмарсев ватандӯстӣ ҳаракати зидди ин ё он зуҳурот нест, балки ин ҳаракат баҳри он муқаддасотест, ки атрофи инсон ва ё умуман, ҷомеаро фаро гирифтааст. Ватандӯстӣ ҳолати руҳбаландӣ ва дилкушодагӣ нисбат ба Ватани хеш мебошад.
Табиист, ки Тоҷикистон кишвари ҷавонон буда, қишри мазкур меросбари ин марзу бум ба ҳисоб мераванд.
Андешидани тадбирҳои судманд, таҳкими заминаҳои меъёрию ҳуқуқии тарбияи ватандӯстӣ, фароҳамсозии шароити хуби иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангӣ баҳри таҳсилу илмомӯзӣ, касбомӯзӣ, тахассусмандиву ташаккули ҳисси баланди шаҳрвандиву ватандорӣ ва соҳибдавлативу фарҳангсолорӣ дар онҳо кафолати бақои давлат ва сарафрозии мардум мебошад.
Тарбияи ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ яке аз масъалаҳои умдаи ҷомеаи муосир маҳсуб ёфта, аз нигоҳи илми равоншиносию педагогика ташаккул додани он дар зеҳни ҷавонон ба манфиати имрӯзу ояндаи ҷомеа мебошад.
Дар шароити пуртазоди ҷомеаи муосир ва ба вуҷуд омадани давлатҳои миллӣ ватандӯстӣ қисми таркибии шуури ҷамъиятӣ, инъикоскунандаи инкишофи омилҳои умумимиллии он мегардад. Ватандӯстӣ дар ҳамаи давру замон яке аз хислатҳои неки инсоният ба шумор меравад. Ватандӯстӣ марҳилаҳои гуногуни таърихиро паси сар намудааст.
Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон рукни асосии сиёсати иҷтимоии
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд.
Ташаккули ҳисси хештаншиносию меҳанпарастӣ, пеш аз ҳама, донистану дарк намудани вазифаҳои худ дар назди меҳан, ҷомеа, арзишҳои ахлоқӣ, сарнавишт ва бахту зиндагӣ мебошад.
Эҳсоси ҳисси ватандӯстӣ ҷавҳари ахлоқие мебошад, ки ташаккули инсони комили ҷомеа ба он вобастагии амиқдорад.
Тарбияи ватандӯстӣ дар баробари дигар унсурҳои тарбия, аз ҷумла тарбияи миллӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ҳуқуқӣ, гуманистӣ, зебоипарастӣ, меҳнатӣ ва касбинтихобкунӣ, сиёсӣ, ҷисмонӣ, тафаккури интиқодӣ, таҳаммулпазирӣ, масъулиятшиносӣ ва ғайра дар ташаккули шахсияти инсон нақши бузург бозида, дар рушди тафаккури ахлоқию ҷисмонӣ ва гуманистию меҳанпарастии шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон нақши муассир дорад.
Тавре Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Фаромӯш набояд кард, ки танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад”.
Алоқаи муҳимми тарбияи ватандӯстӣ бо дигар унсурҳои тарбия, аз ҷумла тарбияи ахлоқию маънавӣ имрӯз миёни ҷомеа хеле ташвишовар мебошад. Зеро дар чунин ҷомеаи пуртазод зиндагӣ кардан аз худи инсон талаботҳои зиёдеро тақозо мекунад.
Таъсир гузоштан ба дунёи маънавии шахс маҳз тавассути ҳамин алоқамандии ду навъи тарбия ба вуҷуд меояд. Ин ду навъи тарбия ба дунёи маънавию ахлоқии инсон таъсиргузор буда, дар ҳамбастагӣ дар инсон фаҳмиши зебоӣ, фаъолияти нексириштӣ, ростқавлӣ, ҳалолкору луқмаи ҳалол хӯрдан, бо адлу инсоф, саховатманд ва амсоли инро ба вуҷуд меоранд.
Ҳамаи дигар унсурҳои тарбияи миллӣ дар худ ғояҳои ахлоқию маънавӣ доранд.
Ахлоқ унсурест, ки қисматҳои дигари тарбияро бо ҳам мепайвандад ва асоси фаъолияти шаҳрвандро ташкил медиҳад.
Илму фарҳанг дунёи маънавии инсонро ташаккул медиҳанд. Забон, адабиёт, таърих, манбаъҳои хаттӣ ва шифоҳӣ, осори арзишманди динӣ, ёдгориҳои таърих, асарҳои санъат, барномаҳои радио, телевизион, маводи компютер, шабакаи интернет, васоити ахбори омма дар тарбияи ахлоқию маънавии инсон нақши калидӣ мебозанд.
Истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан интернет имрӯз аз нигоҳи мусбӣ ба яке аз воситаҳои муҳимми инсонӣ табдил ёфта, пешрафту сабукии кори инсонро таъмин менамояд, аммо аз нигоҳи манфӣ низ дорои баъзе хусусиятҳои ногузир мебошад, ки метавонад ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон таҳдиди ҷиддӣ дошта бошад.
Пас имрӯз ҷавонони моро месазад, ки истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан интернетро омӯзанд ва онро барои манфиатҳои миллӣ истифода баранд. Зеро дар асри 21, ки асри илму технология ном гирифтааст, дастрасии ҷомеа нисбат ба нашрияву ҳафтаномаҳо ба интернет зиёд аст.
Бинобар ин, тарғибу ташвиқи дӯст доштани Ватан ва меҳру муҳаббат варзидан ба онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мо бояд ба яке аз вазифаҳои муҳимми худ қарор диҳем.
Яке аз сабабҳои асосии муттаҳидии тарбияи ватандӯстӣ бо дигар навъҳои тарбия ин ғизо гирифтани онҳо аз як сарчашма маҳсуб меёбад. Тарбияи ватандӯстӣ бо ахлоқу рафтору гуфтори ҳар як шахс алоқамандии зич дошта, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ асоси тарбияи ватандӯстӣ маҳсуб меёбад.
Агар мо ба як наврас илм наомӯзонем ӯ бесавод мемонад. Вақте ки бесавод мемонад, ӯ аз илми ахлоқу одоб ва дӯстдориву муҳаббат дур мемонад. Ин дуршавӣ наврасро ба роҳҳои баде роҳнамоӣ мекунад. Албатта, дар ҷомеа бо чунин шахсон рӯ ба рӯ шудан имконпазир аст. Шахсоне, ки на дониш доранд, на фарҳангу одоби сухан гуфтан, чӣ тавр мо аз чунин шахсон ватандӯст буданро тақозо мекунем.
Бинобар ин, таълиму тарбияи ҷавонон ин, пеш аз ҳама, заминагузорӣ ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳисобида мешавад.
Яъне бояд гуфт, ки маърифатнокии ҷомеа асоси пешравӣ ва рушди тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон мегардад. Зеро ки дар таркиби маърифат бештар ҷанбаи донишу малака, касб, маърифатнокии баланди миллат дар доираи илму фарҳанг ва сиёсату ҳуқуқ дар назар дошта мешавад.
Маърифат сифатҳои ахлоқӣ ва маънавии миллатро ташаккул медиҳад. Ҳангоми мустақилият шахсро зарур аст, ки мавқеи худро дар ҷамъият устувор гардонида, уҳдадориҳои худро дар назди давлату ҳукумат иҷро намояд.
Дар ин росто, риояи Конститутсия, қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намудан, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, супоридани андозу пардохтҳо ва ғайра сатҳи маърифат ва ахлоқи шаҳрвандро баланд намуда, мавқеи ҷамъиятии ӯро устувор нигоҳ медорад.
Ҳамасола зиёда аз ҳазорҳо кӯдак таваллуд мешавад, ҳазорҳо хонанда мактабро хатм мекунад ва зиёда аз ҳазорҳо донишҷӯ мактаби олиро хатм мекунанд ва ба роҳи мустақили ҳаёту фаъолият қадам мегузоранд.
Аммо бояд як чизро ба инобат гирем, ки мо киро ба ҳаёти мустақилона гусел намудем? Оё ӯ аз уҳдаи мустақилият мебарояд? Ба ин савол танҳо шахси тарбиятгар метавонад посух диҳад. Зеро масъули тарбияи як ҷавони нав ба синни мустақилият қадамниҳода, пеш аз ҳама, падару модар ва омӯзгор дониста мешавад.
Падарону модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ба хотири фардои дурахшон имрӯз бояд талош варзанд.
Талоши онҳо бояд ба тарбияи дурусти насли ҷавони миллат равона гардад. Зеро мо имрӯз бо тарбияи дурусте, ки ба фарзанд медиҳем, хиштҳои ҷомеаи ояндаи Тоҷикистонро бунёд карда истодаем.
Ин се гурӯҳро зарур аст, то кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки рукнҳои зерини тарбияи ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ - тарбияи некдилӣ, накӯкорӣ, садоқатмандӣ, тараҳум, дардошноӣ, устувории ахлоқӣ, алифбои маданияти ахлоқӣ, ҳамдардшавӣ, одатҳои ахлоқӣ, боилтифотӣ ва ғайраро дар ниҳоди насли наврас ташаккул диҳанд, то ин ки дар оянда онҳо номбардори Ватан бошанд, на ин ки доғе барои миллату давлат ва падару модар гарданд.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки ватандӯстӣ инъикосгари муҳаббат ба Ватани хеш, алоқамандӣ бо таърих, фарҳанг ва дастовардҳои он мебошад, ки бо ҷаззобият ва ҷудонопазирии такрорнашавандагӣ ва ивазнашавандагии худ асоси маънавӣ - ахлоқии шахсиятро ташкил медиҳад, мавқеи шаҳрвандии ӯ ва талабот ба хизмати фидокорона ва ҷоннисорона ба Ватанро ифода менамояд.

Шоҳзод РАҲИМЗОДА,
мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: