Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВАТАНДӮСТӢ ВА ВАҲДАТ ЗАМИНАИ ПЕШРАФТИ ДАВЛАТИ МИЛЛИСТ

ВАТАНДӮСТӢ ВА ВАҲДАТ ЗАМИНАИ ПЕШРАФТИ ДАВЛАТИ МИЛЛИСТ

23-06-2023, 10:00
Хабарро хонданд: 315 нафар
Назарҳо: 0
ВАТАНДӮСТӢ ВА ВАҲДАТ ЗАМИНАИ ПЕШРАФТИ ДАВЛАТИ МИЛЛИСТ

Яке аз шаклҳои таърихан ногузири давлатдорӣ - давлати миллӣ мебошад. Аммо давлати миллӣ дар шакли муосири худ, албатта, он сохтори идоракунии сиёсие нест, ки дар он танҳо як қавм ҳукмфармо бошад. Дуруст аст, ки чандин асрҳо қабл ҳамин тавр ҳам буд, вале имрӯз ҷаҳон мураккабтар шудааст. Миллат мафҳуми миллатгароӣ набуда, ваҳдати шаҳрвандиро ифода мекунад. Дар давлати миллӣ шаҳрвандон ба гурӯҳҳои гуногуни этникӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ тааллуқ доранд, на танҳо забони мухталиф, балки пайрави динҳои гуногун ҳастанд. Онҳоро эътироф намудани на танҳо дину расму оини этникӣ, балки волоияти қонун, дар тафсири сарнавишти таърихӣ ва умумияти фарҳангии худ, дар дидгоҳи ояндаи умумии худ якдил будан муттаҳид месозад.
Замоне расидааст, ки таҳдид доранд, ба давлати демократӣ, миллӣ, забону фарҳанг, миллат ва умуман, ба шахсият ҳувайдо мебошад. Замони муосир натанҳо бо рушди ҳамҷонибаи муносибатҳою ҳамкориҳои байналмилалӣ ва равандҳои ҷаҳонишавӣ, балки, мутаассифона, бо авҷгирии задухӯрдҳо, муқовимат, тезутундшавии муносибатҳо ва зиддиятҳои манфиатҳо фарқ мекунад. Ҳамзамон, бо бархӯрдҳои мушкилҳалшавандаи тамаддунӣ, боз тамоюлҳои муосири ҷаҳонишавӣ бештар хусусияти таҳмил намудани ғарбикунонии тафаккуру фарҳанги давлатҳои шарқӣ ба назар мерасад, ки нигоҳдории истиқлолияту анъанаҳои давлатҳои ҷудогонаро дар вазъияти геополитикӣ мушкил менамояд. Бархӯрди тамаддуние, ки дар ҷаҳон ҷаҳонишавӣ мавҷуд аст, алоқаманд бо манфиатҳои геополитикӣ роҳҳои ҳалли худро дорад. Дар чунин вазъият барои кишварҳои ҷудогона масъалаи нигоҳ доштани на танҳо Истиқлоли давлатӣ, балки ҳастии миллату фарҳанг ҳамчун масъалаи тақдирсоз ба миён меояд. Зеро ҳодисаҳои солҳои охирро мушоҳида намуда, бисёр олимону сиёсатмадорон сари ҳастии инсоният ва якпорчагии давлатҳо андеша менамоянд. Давлатҳои абарқудрат барои ҳимояи манфиатҳои худ стратегияҳои гуногунро истифода мебаранд ва дар ин «муколамаҳо» давлатҳои хурд, новобаста аз хоҳишашон, ворид мешаванд ва баъзан дар муайян намудани иродаи худ комилан озод буда наметавонанд. Барои ин ба давлатҳои хурд омилҳои зиёд лозим мешаванд, ки истиқлолу манфиатҳои худро ҳимоя намоянд. Яке аз чунин омилҳо ин захираҳои табиӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ мебошад, аммо, баъзан ин дороӣ диққати давлатҳои дигарро ба худ ҷалб намуда, сабаби дахолати онҳо ба кори давлатҳои соҳиби сарвати табиӣ мешаванд. Сиёсати байналмилалии муосир раванди яктарафаро интихоб намудааст, ҳақиқат дар дасти тавоно мешавад ва бо ин ва ё он баҳона хоҳиши иштирок намудан дар муайян кардани сиёсати дохилӣ мегардад. Дар чунин равандҳои бозиҳои геополитикӣ танҳо давлате, ки дар он суботу якдигарфаҳмӣ ва ҳисси ватандӯстӣ мавҷуд мебошад, истиқлоли худро ҳифз карда метавонад. Дар ҳолати дигар, ба як майдони ҳарбу зарби манфиатҳои дигарон табдил меёбад. Мутаассифона, равандҳои муосир мафҳуму моҳияти ватандӯстиро хеле танг намудаанд, ҳарчанд имрӯз ҳам он дигар нашудааст. Ватандӯстӣ, пеш аз ҳама, мафҳуми сиёсӣ, миллӣ, давлатӣ аст, падидаи шахсӣ набуда, балки кори мураккаб, ҳамарӯза, пурмазмун ва якҷоя - баҳри ояндаи ҳар як шахс ва ояндаи давлату миллат мебошад. Ватандӯстӣ поя, такягоҳи ҷомеа ва давлат буда, рушди он ба манфиати ҳар як инсони солимфикр, шаҳрванд ва ватандӯст - дар як шахс ва дар миқёси як кишвар мебошад. Тарбияи ватандӯстӣ дар замони муосир ҳамчун меҳвари муоширати тамоми воситаҳои маҷозӣ, сомонаҳо ва тарбияи ахлоқӣ бояд гардад. Дар баробари ин, вазъи кунунии иртибототи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ҳам дар ҷаҳон ва ҳам дар кишварҳо ва минтақаҳои алоҳида бо як хосияти ниҳодӣ фарқ менамояд. Мафҳуми ватандӯстӣ дар анъанаҳои гуногуни фарҳангӣ ва соҳаҳои гуногуни донишҳои башардӯстона тафсири нобаробар мегирад. Як давои умумие барои дар ҷомеаи муосир ҷой гирифтани ватандӯстии шаҳрвандӣ гуфтан мумкин аст, ки ҳам мураккаб ва ҳам сода аст. Ин даво ваҳдат мебошад. Ваҳдати миллӣ ва кӯшишҳои тарғибу ташвиқи он хеле зарур буда, тақозои замон мебошад.
Мо худ шоҳид будем, ки дар ибтидои солҳои 90-ум давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба хавфи пошхӯрии миллӣ ва барпо намудани давлати динӣ дучор омад. Дар ин ҷо эҳсоси ватандӯстӣ, ки ҷавҳари ғояи миллӣ аст, ба тоҷикон имкон дод, ки миллатро аз харобшавӣ ҳифз намуда, ба ин васила, яке аз рисолати ғояи миллӣ - ҳифзи миллатро аз таҳдидҳо амалӣ созад. Аз ин сабаб, дар замони муосир ғояи миллии тоҷикон дар шакли олии назариявӣ ва методологӣ, яъне дар мафкураи миллӣ бо номи «Ваҳдати миллӣ» таҷассум ёфт. Дигар омили тарбияи ватандӯстӣ ин тарбияи ҳисси эҳтиром ба амали қонунҳо мебошад, ки асоси ҳамагуна парокандагӣ ин кор накардани меъёрҳои қонун мебошад. Мисоли равшани ин ҳама намуди ҷанг аст, ки сабаби нобудии давлат ва парокандагии миллат мегардад. Гуфтан бамаврид аст, ки мо набояд дарси фоҷеабори ибтидои солҳои 90-уми Тоҷикистонро фаромӯш намоем ва ҳамасола бори дигар дар бораи пайдошавии омилҳои барангезандаи ин ҷанг ва натиҷаҳои харобовари он ёдрас намуда, ҳушёрии худро нигоҳ дорем.
Албатта, ҳар як миллат анъанаҳои хоси фарҳангию давлатдории худро дорад. Дар таърихи давлатдорӣ фарқияти табиии хоси қавму миллатҳо, манфиатҳои онҳо табиатан мавҷуданд ва ин фарқиятҳо сабаби тарҳрезии сиёсати дохиливу беруна мегарданд. Мавҷуд будани ихтилоф дар табиати одамон сабаби ташаккули тафаккури гуногун ва боиси пайдоиши анъанаҳои гуногун мегардад. Ҳар миллат қонун ва санадҳои меъёрии давлатии худро мутобиқи менталитет ва хусусияти хоси худ таҳия менамояд. Татбиқи механикии қонун ва санадҳои меъёрие, ки барои халқҳои дигар номатлубанд, ба оқибатҳои нохуш мерасонад. Дар замони муосир, бо истифода аз натиҷаҳои бадастомадаи илмҳои ҷомеашиносӣ, ҳар як давлат бояд як модели давлатдории худро интихоб намояд. Албатта, ин ба бозингарони абарқудрати минтақаҳои сиёсӣ маъқул намешавад, лекин ин ягона роҳе барои нигоҳ доштани миллату давлат мебошад. Танҳо бо дастгирии тамоми аъзои ҷомеа, ватандӯстӣ ва баланд будани сатҳи худшиносии миллӣ, ин ва ё он давлат суботу якпорчагии худро нигоҳ дошта метавонад. Шарт нест, ки ватандӯсту ватанпарвар будани худро танҳо дар муҳорибаи ҷангӣ нишон диҳем, беҳтару хубтар аст ватандӯстии мо барои нигоҳ доштани сулҳу субот равона шавад. Ҳамчун ғояи беҳамто, асосӣ ва фаромиллӣ, ин эҳтиром ва ҳифзи таърих, анъана ва расму оинҳо - ғояи миллии мо дар он асос ёфтааст. Он хотираи дастаҷамъии таърихӣ буда, аз миллионҳо саргузаштҳои мардуми одӣ ва хонаводаҳои онҳо иборат аст. Ватандӯстӣ барои ҳар як инсон ва ҷомеаи мо дар ҳаёти ҳаррӯза, дар ҷаҳоне, ки хатару чолишҳои зиёд вуҷуд дорад, ки дар байни онҳо майли ҷаҳонии беқадр шудан ва аз байн бурдани сарҳадҳо, миллатҳо, фарҳангҳо ва анъанаҳои мавҷуда вуҷуд дорад, барои ҳар як инсон ва ҷомеаи мо як давои боэътимоди фардӣ ва миллӣ мебошад, равшан намоён аст. Ҷавононро бояд чунин тарбия намоем, ки ватандӯстиро ҳамчун пайванди мустаҳками байни наслҳо, интиқоли таҷрибаи ҳаётӣ, кори муштарак дар дарси ҳаёт, кумак ва ибрати зинда дар ташаккули шахсият ва ба манфиати ҳар як шаҳрванд дарк намоянд, ки ватандӯстӣ имкони беназири мост ва на танҳо шаҳрванд, балки қисми пурраи раванди ягонаи ҳазорсолаи таърихӣ, як қисми ниҳоди муосири ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистон бошем. Барои чунин ниҳод гаштани падидаи ватандӯстӣ донишу маърифат заминаи асосӣ мебошад. Файласуфи намоёни олмонӣ Иманнуил Кант нисбат ба маориф мегӯяд: «Маориф роҳи раҳоӣ аз ҳолати ноболиғии худ аст, ки ӯ бо айби худаш аст. Ноболиғӣ ин нотавонии ақли худро бидуни роҳнамоии каси дигар истифода бурдан аст. Sapere aude! "Ҷуръат кунед, ки ақли худро истифода баред!" Барҳақ, ки илму дониш қувваи бузург мебошанд.
Сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон ин баланд бардоштани сатҳу сифати донишу маърифати ҷавонон мебошад. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ роҳбарияти давлат дар симои насли наврас такягоҳи боэътимод, неруи созандаи давлати соҳибистиқлоламон, бинокорони ояндаи давлату миллатамонро дида, ба неру ва иқтидори ҷавонони ояндадор боварӣ зоҳир менамояд. Ба шарофати ин, иштироки фаъолонаи ҷавонон ҳамчун неруи созанда дар чорабиниҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ бештар эҳсос мешавад. Ин далел аз он аст, ки насли нави истиқлолият дорои неруи фавқулода, истеъдод ва қобилияти баланди ташкилотчигӣ мебошад. Мо боварӣ дорем, ки ҷавонони имрӯзи мо сатҳи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, тафаккуру ахлоқи худро ҳамчун ватандӯстони ҳақиқӣ такомул медиҳанд. Воқеан ҳам, ба шарофати истиқлол ва сулҳ дар Тоҷикистон барои таҳсилу фаъолияти ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст
Аҳамияти илму дониш рӯз то рӯз меафзояд ва ин моҳияти рушду нумуи халқу миллатҳо гардидааст, зеро тавоноии давлату миллатро сатҳи донишу маърифат муайян мекунад. Миллате, ки ба илму дониш, фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, ояндадор, тавоно ва мутамаддин аст. Тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва дараҷаи некуаҳволии халқ, пеш аз ҳама, ба сатҳи дониш ва маҳорати касбии ҳар як аъзои ҷомеа вобаста аст. Хусусан, вақте ки илм ва техника бо суръати тез тараққӣ карда, ҳар рӯз уфуқҳои нави рушди техникӣ ва технологӣ кушода мешаванд.
Ҳукумати кишвар баҳри дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони ватандӯст дар давоми 32 соли истиқлолият тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овардааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли наврасро ояндаи давлату миллат. неруи пешбарандаи ҷомеа ва манбаи стратегии давлат медонанд. Президенти кишвар дар Паёми худ аҳамияти аввалиндараҷаи ҳалли масъалаҳои марбут ба зиндагӣ ва фаъолияти ҷавононро таъкид кардааст. Дар шароите, ки вазъият дар ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯз то рӯз печидатар мегардад, таҳдиду хатарҳои нав ба амнияти давлатҳо ва сокинони сайёра қувват мегирад, ҷавонон бояд ҳушёру фаъол бошанд, ҳамеша барои ҳифзи сулҳу оромӣ омода бошанд, устувории сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, манфиатҳои давлату миллати хешро авлотар гузоранд. Барои ин дарки ватандӯстӣ ҳамчун арзишу падидаи ба ҳар як инсон наздик, пайванди инсон ба оилаву манзили хеш, давлат ва фарҳангу анъанаҳои миллӣ, забон, инсон баҳри инҳо ба ҳама кору пайкор омода мебошанд.
Дарки ватандӯстӣ, ҳамчун падидаи иҷтимоӣ, бо табиати мураккаби онтологӣ, аз як тараф, алоқамандӣ бо эҳсосот, ки бо таҷрибаи олии инсон ба воситаи меҳру муҳаббат ба Ватан ва дар натиҷа ташаккули заминаи маънавию ахлоқии хаёти ботинии ӯ ва аз тарафи дигар, бо моҳияти фаъоли ватандӯстӣ, майлу хоҳиши инсон будан ва худро ҳамчун муҳофизи арзишҳое ҳис намудааст, ки ҳиссиёти ватандӯстиро бармеангезонад. Ҳамаи ин ҷиҳати падидаи ватандӯстӣ барои ташаккул ва инкишофи шахсият дар марҳилаи ҳозира ниҳоят муҳим аст, ки асоси инкишофи давлат ва соҳаи муҳимтарини он - маориф ва илмро низ ташкил менамоянд. Дуруст аст, ки дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ арзишҳо гуногун мешаванд: динӣ, дунявӣ, демокративу миллӣ, аммо барои нигоҳ доштани якпорчагии Ватан суботи ҷомеа, ватандӯстӣ ва ваҳдат омилу арзиши ягона мебошанд.
Ҳамин тавр, дар шароити ҳозира ҳам дар мазмуни падидаи Ватан ва ҳам дар муносибат ба он бисёр унсур тағйир меёбад. Дар мавриди Тоҷикистон пас аз истиқлоли давлатӣ гуфтан мумкин аст, ки дар як муддати кутоҳ Ватан аз ҷиҳати мазмун ончунон ба куллӣ тағйир ёфт ва пас аз ба ваҳдат расидан давлате пайдо шуд, ки моҳиятан дунявӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, миллӣ ва фарҳангӣ рушд намуд.
Он маънои зиндагӣ ва зиндагии бомазмун ба номи Ватан, хешу табор ва дӯстон, бунёду анъанаҳои мо мебошад. Ватандӯстӣ як аслиҳаи ҳатмӣ, абадӣ ва тавонотарин зарба ва дифоъ аз ҳама гуна зарбаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, бӯҳронҳо ва фалокатҳо мебошад.
Бинобар ин, барои ташаккул ва рушди раванди тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, яъне таъмини ҳуқуқии фаъолият дар ин самт, ки ба такмили заминаи ҳуқуқӣ ва муайян намудани вазъи иҷтимоию ҳуқуқии тарбияи ватандӯстӣ қонуни махсус зарурат дорад ва бо назардошти он, ки аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд ва бо мақсади ба роҳ мондани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” қабул шуд, ки асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии раванди тарбияи шаҳрвандон ва муайян кардани нақш, ҷой, масъала, вазифаҳои ҳар як мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамчун унсури таркибии системаи ягонаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро ба танзим медарорад. Мавриди зикр аст, ки қонуни мазкур натанҳо барои ҷоннок намудани ҳисси ватандӯстӣ дар байни ҷавонон, балки ба ҷалби тамоми шаҳрвандон ба корҳои тарбиявии ватандӯстӣ дар байни шаҳрвандон равона шудааст.
Албатта, вақте сухан дар бораи ватандӯстӣ ва ваҳдат ҳамчун унсури асосии устувории давлату миллат меравад, як мақола нокифоя мебошад, аммо хулосаи муҳим дар он аст, ки барои суботу пешрафти миллату давлат ватандӯстиву ваҳдат пояи муҳим мебошад ва заминаи онро маорифу илм ва маърифати шаҳрвандон ташкил менамояд.
Ҳар як шаҳрванд бояд ба Ватан софдилона хизмат кунад, мафҳумҳои ватандӯстӣ ва бетарафӣ ҳеҷ гоҳ бо ҳам алоқаманд буда наметавонанд. Худшиносии миллӣ, муносибати арзишманд ба шахсият, ҷомеа, давлат, ба ғояву арзишҳо ва эҳёву рушди онҳо, шинос намудани насли наврас бо низоми арзишҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ки инъикоскунандаи ғанӣ ва асолати таъриху фарҳанги ватанӣ, ташаккули арзишҳо ва самтҳои баланди маънавию ахлоқию фарҳангӣ ҳастанд, зарурати рушди минбаъдаи онҳоро босубот бояд ташаккул дод.

Содиқӣ Насиба Нуруллозода,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, узви фраксияи ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: