ДАР НИҲОДИ ҶАВОНОН ТАРБИЯ НАМУДАНИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТӢ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ!2-05-2024, 12:00
Хабарро хонданд: 863 нафар
Назарҳо: 0
“Зиёиён дар ҳама давру замон ҳомиёни парчами миллат, ворисони таъриху фарҳанги аҷдодӣ, пешбарандагони маърифату худшиносӣ, пуштибонони нангу номус ва ҳувияти миллӣ, мунодиёни асили эҳсоси муқаддаси Ватану ватандорӣ, эҷодгарони воқеии шеъру каломи зебои тоҷикӣ ва офарандагони волотарин дастовардҳои маънавии халқи хеш буданд, ҳастанд ва хоҳанд буд. Ин рисолати бузурги онҳо дар оғози асри нав, дар шароити талотумҳои шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ даҳчанд афзуда, аз ҳар фарди бедордилу соҳибмаърифат зиракии сиёсӣ, суботи маънавӣ, дурбинию дурандешӣ ва қабл аз ҳама, садоқати миллию ватандӯстиро тақозо менамояд”. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дар шароити ниҳоят ҳассос ва пешгӯинашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ниҳоди шаҳрвандон, алалхусус насли ҷавону наврас тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, талқини гиромидошти арзишҳои миллӣ яке аз омилҳои таҳким ва тақвият бахшидани истиқлолияти миллӣ маҳсуб меёбад. Бо дарки ин масъалаи рӯзмарра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардид. Қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин намудани танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватанандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд”. Дар баробари дигар мафҳумҳои дар қонуни болозикр овардашуда, мафҳумҳои Ватан, ватандӯстӣ, тарбия, тарбияи ватандӯстӣ, тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ, тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ, тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстӣ дар он ифода меёбанд, ки Тоҷикистон даргоҳи умеду орзу, сарзамини амалӣ намудани ормонҳо, муҳаббат ба Ватан, ҳифзи он, хидмати содиқона намудан, иштироки инсон дар пешрафти ҷомеа, ташаккул додани дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, дар зеҳни шаҳрвандон бедор намудани зарурати хизмати фидокоронаю беғаразона, риояи қонун, доштани ахлоқи ҳамида, эҳтиром ба таърихи меҳан, хизмати ҳарбӣ, пос доштани хотироти гузаштагон, ки дар ҳифзи Ватан ҷон нисор намудаанд ва дигар омилҳои ба ин муттаҳидкунанда ва талқинкунанда мебошанд. Агар ба сарчашмаҳои таърихӣ ва илман асосноки суханрониҳо ва маърӯзаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, алалхусус ҳангоми мулоқоту вохӯриҳояшон бо насли ҷавони кишвар назар андӯзем, мазмун, муҳтаво ва рисолати аслии онро ғояҳои ватандӯстӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, огоҳӣ пайдо намудан аз таърихи ниёгон, тақвияти зиракии сиёсӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, садоқат ба Ватан ва ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони воҳид ҳамчун давлати навини соҳибистиқлоли Тоҷикистон ташкил менамояд. Ҳанӯз 29 сол муқаддам, дар марҳилаи навини давлатдорию давлатсозӣ дар таърихи 7-уми апрели соли 1995 зимни суханронии хеш дар иҷлосияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки зарурияти масъалаи ватандустӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Ҳалли вазифаҳои мураккаби таъмини истиқлолияти воқеии давлат имрӯз аз бисёр ҷиҳат ба эҳсоси ватандӯстии умумимиллӣ, муттаҳидии тамоми қувваҳои ҷамъият вобаста аст”. Бо дарназардошти ин андеша, метавон зикр намуд, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» бо фароҳам овардани шароити мусоиди меъёрию ҳуқуқӣ хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад. Боиси қаноатмандӣ аст, ки чунин заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва барои амалӣ намудани он шароит фароҳам оварда шудааст. Агар аз нигоҳи арзишҳои миллӣ бо дарназардошти хусусиятҳои таърихӣ, ҳуқуқию фарҳангӣ ва ғайра назар афканем, дар меҳвари қонунҳои қабулшуда ва амалкунанда тақвияти худшиносиии миллӣ ва мустаҳкам намудани тарбияи ватандӯстӣ ҷойгоҳи муҳимро касб намудааст. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки аз замони соҳибистиқлолии кишвар тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва эҳтироми инсон дар санадҳои қонунгузорӣ мавқеи муҳим дорад. Бо такя бар асоси ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва мақомоти қонунгузори кишвар моро зарур аст, ки дар доираи санадҳои қабулгардида таъмини амалии онро дар доираи ваколатҳои худ бо дарназардошти эҳсоси гарми ватандӯстӣ самаранок ба роҳ монда, дар кадом сатҳ ва чӣ гуна амалӣ гардидани он дар назди виҷдони хеш ҳисоботдиҳанда бошем, зеро тарбия ва ба камол расонидани насли худогоҳу хештаншинос таъхирро намепазирад. Дар ҷомеа раванди татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» талаботи замони муосир буда, асосҳои илмию назариявӣ ва методиро дарбар мегирад ва бояд миёни аҳли ҷомеа ташаккул ва татбиқ карда шавад. Дар ин замина фаъолияти байнисоҳавӣ дар сатҳи ҷавобгӯйи талаботи замон густариш дода шавад. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» барои мо имконият медиҳад, ки эҳсоси ватандӯстиро миёни аҳли ҷомеа талқин намоем, моҳият, мафҳум ва рисолати онро барои насли ҷавон ба таври шоиста таблиғу ташвиқ намоем. Агар ба таърихи ташаккули ҳаёти инсонӣ назар афканем, баръало эҳсос карда мешавад, ки арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ дар мадди назари мутафаккирону донишмандон қарор доштааст. Дар ҷомеаи мутамаддин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи эъмори ҷомеаи соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона собитқадамона пеш меравад ва самаранок амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» яке аз муҳимтарин ва муосиртарин фишангҳои ҳаракатдиҳандаи ҷомеа мебошад, ки қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст. Мо, насли замони соҳибистиқлол ҳеҷ гоҳ ба худ иҷозат намедиҳем, ки ватансаро набошем. Муҳаббат, заҳмат, шабзиндадорӣ, андешаҳои ватандӯстона, эҳсоси гарми ватанпарастӣ ва таъкидҳои хастанопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо сарчашмаи илҳом ва пайравӣ намудан дар ин роҳи босаодат аст. Мо бошуурона ба дарки ҳамаи заҳматҳои Роҳбари давлат мерасем ва онро қадр менамоем. Дар раванди тарбияи ватандӯстии ҷомеа, алалхусус миёни наврасону ҷавонон ҳамаи субъектҳои тарбия бояд талош варзанд, бетараф набошанд ва барои татбиқи амалии он дар назди виҷдон ва қонун ҳисоботдиҳанда бошанд. Зеро, дар шароити муосир тамоми имкониятҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои татбиқи он муҳайё карда шудааст. Аз ҷониби мо бошад, танҳо ташаббус, хоҳиш, масъулият, қобилияти хуби ташкилотчигӣ ва дилсузӣ ба ояндагон зарур аст. Дар шароити имрӯза яке аз василаҳое, ки устувории миллатро тақвият мебахшад ва андешаҳои солимро бо ҳам меорад, ин тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аст. Дар тафаккури шаҳрвандон, алалхусус насли ҷавони огоҳ ташаккул додани поси ватандорӣ, ҳифзи тамомияти арзии мамлакат, яккпорчагии Тоҷикистони тозаистиқлол ва ҳимояи марзу буми Ватан яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа мебошад. Бартарии қонуни мазкур дар он зоҳир мегардад, ки ҳамчун субъекти тарбияи ватандӯстӣ коллективҳои меҳнатӣ, эҷодӣ, илмӣ, ҳарбӣ, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, иттиҳодияҳои ҷамъятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма, оила, шаҳрвандон ва ғайра дар доираи имкониятҳои худ вазифаҳои тарбияи ватандӯстиро амалӣ менамоянд. Мусаллам аст, ки бо гузашти 32 сол аз замони соҳибистиқлолии мамлакат 406 санадҳои қонунгузорӣ қабул шудааст, ки аз ин шумора 45 қонун ба таври умумӣ масъалаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро ба танзим медарорад. Бо гузашти вақт ва марҳила ба марҳила мураккаб, печида ва пешгӯинашванда гардидани авзои ҷомеаи ҷаҳон, ба ҳар роҳу восита вусъат гирифтани таҳдидҳо дар заминаи бархӯрди манфиатҳо, ҳифзи арзишҳо ва пойдории Истиқлоли давлатӣ, амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳаётӣ маҳсуб меёбад. Қобили зикр аст, ки яке аз муассиртарин воситаҳои ташаккули тарбияи ватандӯстӣ ин баланд бардоштани ҳисси шаҳрвандӣ мебошад. Ҳақиқати бебаҳс мебошад, ки эҳсоси ватандорӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва фаъолияти самараноки касбии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имконият фароҳам овард, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»ро пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ мубраммият ва аҳамияти он дар шароити муосир баҳои баланди ҳуқуқӣ гирифта, санаи 24-уми декабри соли 2022 қабул гардид. Бо гузашти қариб ду сол аз қабули қонуни мазкур афзалияти ҳуқуқии он дарк карда шудааст, ки дар баробари дидгоҳи хоси ҳуқуқӣ ҷанбаҳои иҷтимоӣ, идеологӣ ва ахлоқиро низ фарогир мебошад. Гузашта аз ин, эҷод шудани қонуни мазкур нишонаи он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи таҳияи қонунҳоро бо назардошти тақвияти рушду пешравии ҷомеа доро мебошад. Ҷойи таъкиди хос аст, ки ҳанӯз соли 2007 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул гардиданд, ки ин ду руйдоди муҳимми ҳуқуқӣ зимни таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ба назар гирифта шудааст, ки ин омилҳо ба рушди устувори низоми қонунгузории миллӣ мусоидат намуда, дар қонуни мазкур масъалаҳои ватандӯстии шаҳрвандон ба таври мушаххас ифода ёфтааст. Итминони комил дорем, ки амалигардонии меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» омили ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром гузоштан ба рукнҳои давлатдории миллӣ, гиромидошти таъриху фарҳанг, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва таҳкими ваҳдату ҳамдилӣ миёни ҷомеа хоҳад гашт. Садриддин ШИРИНБЕКОВ,
мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.