Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ

2-06-2023, 09:26
Хабарро хонданд: 313 нафар
Назарҳо: 0
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро пайваста таъкид ва роҳнамоӣ менамоянд, ки «Мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем, худогоҳиву худшиносии миллиро, ки асли он арҷгузорӣ ба Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он, дӯст доштани Ватан, модар, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мебошад, густариш бахшем, наслҳои наврас ва ҷавононро дар ҳамин руҳия тарбия намоем!»
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ин қарзи фарзандони бонангу номус аст. Ҷалби ҷавонон ба корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, барои устувор намудани рукнҳои давлатдорӣ, баҳри ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ва ҷиҳати таъмини амнияти миллӣ аз таҳдиду хатарҳои замони муосир мебошад. Бинобар ин, барои арҷ гузоштан ба муқаддасоти олӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар доираи қонунгузорӣ амал намудан мувофиқи мақсад мебошад.
Тарбияи ҳарбии ҷавонон маҷмуи тадбирҳое мебошанд, ки баҳри дар тафаккури онҳо ташаккул додани дарки масъулиятшиносии ҳимояи Ватан, омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз миллати худ ва Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, эҳтиром гузоштан ба таърихи меҳан ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ равона шудаанд.
Хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ масъулияти баландро тақозо менамояд. Аз мактаби мардонагӣ гузаштани ҷавонон ва ҳифзи марзу буми Ватанро таъмин намудан вазифаи ҳар як ҷавонмарди бонангу номус мебошад. Аммо, имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки баъзе аз ҷавонон онҳо вобаста ба масъалаи мазкур бетарафӣ зоҳир намуда, аз хизмат саркашӣ менамоянд.
Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлоли давлатӣ, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Инчунин, муносибатҳои иҷрои уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандон тибқи моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» таъмин карда мешавад.
Ватан ва ватандӯстӣ барои ҳар як шахс ва миллат хеле азиз буда, ин ду мафҳум мазмуни хеле амиқ доранд. Ватандӯстӣ муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва ба манфиати миллат содиқона хизмат кардан мебошад.
Заминаи ҳуқуқии истилоҳи “Ватан” аз Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» маншаъ гирифта, ҳангоми онро ба забон овардан ҳисси масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар вуҷуди ҷавонон шуъла мезанад ва онҳоро эҳсоси нангини ҷавонмардӣ фаро мегирад. Барои мисол, чунин ҳиссиёт ҳангоме ки ҷавонон дар чорабиниҳои варзишии байналмилалӣ ширкат карда, ҷойи намоёнро ишғол менамоянд, дар он сурат Парчами давлатӣ бардошта мешавад ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад чунин ҳиссиёт бедор мешавад. Аз ин рӯ, ватандорӣ ифтихори ҳар як тоҷикистонӣ буда, сарвати бебаҳо мебошад ва моро зарур аст, ки ба қадри тинҷиву оромӣ, суботу амнияти миллӣ бирасем.
Вақте ки мо калимаи Ватанро ба забон меорем, модари азизамон пеши назар меояд. Чунки модар моро ба дунёи ҳастӣ оварда, забони модарӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ ба мо омӯзонда, тарбия менамояд.
Модар барои ҳар инсон азизтарин шахс аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми Модар ҳаммаъно донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибватан арзишу манзалати хоса дорад. Агар тамоми неъмати дунё аз байн биравад, ба шарте, ки зан дар саҳнаи ҳаёт вуҷуд дошта бошад, зиндагӣ боз ҳам қобили таҳаммул аст. Зан барои башарият аз олитарин неъматҳои Офаридгор аст, ӯ шабу рӯз нигаҳбони ҳаёту созандаи шахсият аст.
Бинобар ин, Офаридгор ба зан зебоӣ, иффат, дилрабоӣ, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ, наслофарӣ, меҳру муҳаббат ва тарбиядиҳандагиро эҳдо кардааст ва ба ҳамин васила Пешвои миллат қайд менамоянд, ки: «Ҷомеае, ки ба Зан – Модар, ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба Модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».
Модари тоҷик аст, ки фарзандони фарзона ва бонангу номус, чеҳраҳои мондагор, қаҳрамонон, олимон, шоирон ва мардони далеру шуҷоъро ба дунё овардааст ва ҷавонони имрӯза бояд пайравони онҳо шаванд.
Вақте ки мо дар бораи худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ, зиракии сиёсӣ ва сохти маъмурию ҳудудии Ватан сухан мегӯем, пеш аз ҳама, ҳифзи Ватан пеши назар меояд, ки Пешвои миллат бамаврид қайд намудаанд: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон мактаби шуҷоату мардонагиро гузашта, муқаддастарин арзиши ҳаёт - дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд».
Хизмат ба халқу миллат вазифаи ҳар яки мо мебошад. Ҳар як ҷавоне, ки дар сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон зиндагӣ менамояд, хизмати Модар-Ватанро сарбаландона бояд адо намояд.
Хизмат ба Ватан шараф буда, он ҷавононро қавирода ва марди комил мегардонад, аз шомилшавӣ ба ҳар гуна гуна гурӯҳҳои экстремистию террористӣ пешгирӣ менамояд.
Мардонагӣ ва шуҷоатмандӣ нишони ҷавонмардӣ буда, ҷавононе, ки Ватан, забон ва модари худро дӯст медоранд ва эҳтиром менамоянд, уҳдадоранд, ки бо масъулияти баланди ватандӯстӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат намоянд.

Шодмон Ҷамолиддинзода- номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: